24.9 C
Dushanbe

Ҳамдардии Президенти Қирғизистон ба мардумаш

Президенти Қирғизистон таъкид карда, ки “қотеъона аз манофеи миллӣ ҳимоят мекунем ва як сантиметр заминҳои аз ниёгон меросмондаро ба касе намедиҳем.

Имрӯз, 17-уми сентябри соли 2022 Содир Ҷабборов, Президенти Қирғизистон гуфтааст, “мутаассифона, дар даргириҳои мусаллаҳони дирӯз афроди зиёде ҷони худро аз даст доданд, бародарону хоҳарони азиз, ҳар як фарди кушташуда, писар ва духтари ҳамаи қирғизистониҳо мебошад.”

Вай гуфтааст, ки мехостам, “ба мардуми Қирғизистон барои гузариш аз ин вазъияти душвор шуҷоат ва далерӣ орзу кунам ва марзбонони кишвар барои далерӣ ва шуҷоаташон дар рафъи ҳамлаҳои душманона изҳори миннатдорӣ намоям.

Ин изҳори ҳамдардӣ ва таърифу тамҷид кардани Президенти Қирғизистон аз мардум ва марзбонони кишвараш дар ҳоле садо медиҳад, ки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мисли гузашта хомӯш аст ва расман ҳеч изҳороте дар бораи ҳодисаҳои ахири марзӣ, афроди кушташуда, захмиҳо ва мардуми зарардида ироа накардааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Корҳои фаҳмондадиҳӣ барои бартараф намудани ифлосии Душанбе

Масъулони шаҳри Душанбе мехоҳанд бо гузарондани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни мардум мушкилии партовҳои пойтахтро бартараф кунанд.

Даргузашти Муҳаммадалии Файзмуҳаммад дар зиндон

Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, зиндонии сиёсӣ ва узви Раёсати олии ҲНИТ дар умри 65-солагӣ дар зиндон даргузашт.

Наздики ним миллард қарзи “ТАЛКО” аз барқ

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар ҳузури хабарнигорон номи қарздорон аз барқро эълон кард.

Норасоии омӯзгор мушкили ҳалнашавандаи Вазорати маорифи Тоҷикистон

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон имрӯз, 26-уми июл зимни нишасти матбуотии ниҳодаш аз мушкили норасоии омӯзгорон дар мактабҳои миёна шикоят кард.