-4.1 C
Dushanbe

Прокуратураи генералии Тоҷикистон вуҷуди зиндониёни сиёсӣ дар ин кишварро тасдиқ кард

Муовини якуми прокурори генералии Тоҷикистон Ҳикматуллозода Абдуғаффор

Прокуратураи генрералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муроҷиатномаи наздикони зиндониёни сиёсӣ посух дода, боздоштҳои наздиконашонро беасос хонд.

Мақомоти қудратии Тоҷикистон ҳамеша вуҷуди “зиндониёни сиёсӣ”-ро дар ин кишвар рад мекарданд. Аммо дар нусхаи посухи прокуратураи генералӣ зери имзои муовини якуми он Ҳикматуллозода А. зимнан вуҷуди зиндониёни сиёсиро тасдиқ кардааст.

Муроҷиатнома аз ҷониби як гурӯҳ наздикони зиндониёни сиёсӣ дар таърихи (29.06.2020) ба уновнии президенти кишвар, Эмомалӣ Раҳмон ва прокурори генералӣ, Юсуф Раҳмон ва ваколатдор оиди ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, Умед Бобозода ирсол гардида буд. Дар муроҷиатнома аз поймол шудани ҳуқуқу озодиҳои хонаводаҳои зиндониёни сиёсӣ, ғайриқонунӣ таъқибу фишори онҳо, маҷбуран ба навор гирифтану зидди наздиконашон суханронӣ кардан, боздошти Асрориддин Розиқов – писари Зубайдуллоҳи Розиқ, инчунин боздошту бозпурсии наздикони Ҷаннатуллоҳи Комил – узви фаъоли ҲНИТ ба ин ниҳодҳои қудратии кишвар шикоят бурда шудааст.

Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин муроҷиатнома рӯзи 30.07.2020 посух дода, боздоштҳоро беасос хондааст ва иброз дошта, ки дар баробари дурбин суханронии наздикони зиндониёни сиёсӣ маҷбурӣ набуда, онҳо ба ихтиёри худ ин корро кардаанд. Аммо прокуратураи генералӣ дастгир шудани Асрориддин Розиқовро аз ҷониби КДАМ тасдиқ намуда гуфтааст, ки нисбати ӯ бо моддаи 307 нишонаи 3 қисми 2 КҶТ парванда боз шуда тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Чизе, ки наздикони зиндониёни сиёсии дар хориҷбуда пайваста рад мекунанд ва сухан гуфтани наздиконашонро дар баробари дурбин маҷбурӣ меҳисобанд ва мегӯянд, ки онҳо зери фишору таҳдиди сахт ба носазо гуфтани роҳбарияти ҲНИТ ва падару бародарони худ розӣ шудаанд. Дар акси ҳол ғайри мантиқист, ки бародару хоҳар ва ё хеши наздики як инсон бастагони худро ихтиёран дар баробари дурбин тавҳину носазо бигӯяд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Дар масири Душанбе–Чаноқ наздики 30 тарма фаромадааст

Дар натиҷаи бориши барфи зиёд ва фаромадани тармаҳои пай дар пай роҳи Душанбе–Чаноқ муваққатан баста шуд.

Тағйироти кадрӣ ва сохторӣ дар ПМТ

Паймони Миллии Тоҷикистон бо нашри иттилоияе аз тағйироти кадрӣ ва сохторӣ дар дохили ин эътилоф хабар додааст.

Шиканҷагаронро ба ҷавобгарӣ мекашанд?

Додситонии шаҳри Душанбе пас аз марги мармузи Мақсудҷон Саидов, бар зидди ду корманди милисаи пойтахт парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Пулиси Душанбе аз муноқишаи эҳтимолии ноболиғон пешгирӣ кард

Пулиси шаҳри Душанбе аз сар задани муноқишаи эҳтимолии як гурӯҳ ноболиғон пешгирӣ кардааст.