Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин бо сафари давлатӣ барои иштирок дар нишастҳои “Русия — Осиёи Марказӣ” ва Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ ба Душанбе омад.
Шоми 8-уми октябри соли ҷорӣ, дар фурудгоҳи Душанбе Путинро раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешвоз гирифт. Пас аз маросими пешвози расмӣ ва боҳашамат, президентҳо ба пояи ҳайкали Исмоили Сомонӣ дар майдони Дӯстӣ гулчанбар гузошта, сипас мулоқоти ғайрирасмияшон, ки дар аксҳо дида мешавад дасти ҳамро гирифта роҳ мераванд дар боғи ботаникии «Ирам» баргузор гардид.
Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон китоберо бо номи “Тоҷикон” тақдим намуд, ки ҳамагӣ 25 нусхаи он дар ҷаҳон вуҷуд дорад. Илова бар ин, роҳбари Русия ба Раҳмон расми рассоми маъруф Макс Бирштейн бо номи “Таджикские друзья” тақдим кард.
Рӯзи 9-уми октбяр дар “Қасри миллат” музокироти сатҳи олии миёни Тоҷикистону Русия оғоз ёфта, Эмомалӣ Раҳмон аз густариши робитаҳои ду кишвар дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ, амниятӣ ва дар арсаи минтақавию байналмилалӣ изҳори қаноат намудааст.
Ҳамзамон Раҳмон гуфтааст, ки “Русия барои Тоҷикистон яке аз шарикони асосии сиёсию иқтисодӣ мебошад”. Путин низ борҳо ин идддаоро кардааст.
Худи Путин гуфтааст, рӯ ба рӯ бо Раҳмон мавзуҳои ҳассосро баррасӣ кардаанд. Аммо маълум нест, ки манзури Путин аз “мавзуҳои ҳассос” чӣ буда метавонад.
Инчунин маълум нест Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои русаш вазъи муҳоҷирони тоҷикро, ки хеле бад арзёбӣ мешавад ва фиристодани иҷбории онҳоро ба ҷанги зидди Украина баррасӣ кардааст ё на.
Гуфта мешавад, пас аз мулоқоти раҳбарони кишварҳо музокироти васеи сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Русия баргузор гардида, дар натиҷа ҷонибҳо 15 санади ҳамкорӣ, аз ҷумла дар саҳаҳои тиб, иқтисод, амният ва ғайраро ба имзо расондаанд.
Яке аз ин созишномаҳо миёни Тоҷикистон ва Русия ин аст, ки муҳоҷирони кории тоҷик қабл аз муҳоҷират дар ватанашон метавонанд аз “муоинаи тиббӣ” гузаранд. Пештар ташхис дар ҳудуди Русия анҷом мешуд ва даҳҳо муҳоҷирро бо баҳонаи гирифтор будан ба бемориҳои сироятӣ аз ин кишвар ихроҷ мекарданд. Ҳоло маълум нест, ки ин созиши нав то куҷо ба муҳоҷирон дар ин самт сабукӣ меорад.
Инчунин ҷонибҳо бидуни додани ҷузъиёте гуфтаанд, ки созишномаи соли 2019 дар бораи “ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Тоҷикистон барои корҳои муваққатӣ дар Русия”-ро тағйир додаанд.
Пас аз маросими имзои санадҳо, Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин нишасти матбуотии муштарак баргузор намуда, натиҷаҳои мулоқоту музокиротро қаноатбахш арзёбӣ кардаанд.
Эмомалӣ Раҳмон сатҳи баланди ҳамдигарфаҳмиро байни ду кишвар таъкид намуда, аҳамияти тавофуқоти бадастомадаро дар самтҳои гуногуни ҳамкорӣ, аз ҷумла иқтисодиву тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва дифоъиву амниятӣ зикр кардааст. Ӯ дар бораи нақшаҳои таъсиси боғи индустриалӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои коркарди ашёи хом, рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ иттилоъ дод ва аз кумаки Русия дар рушди соҳаи маориф, аз ҷумла сохтмони мактабҳо ва театри русии ба номи В. Маяковский дар шаҳри Душанбе изҳори сипос намуд.
Президентҳо ҳамкории муассири ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои амниятиро дар мубориза бо терроризм ва экстремизм қайд карда, наздикии мавқеъҳои ду давлатро дар масъалаҳои байналмилалӣ таъкид намудаанд.
Дар ҳоле аз Владимир Путин ботантана дар Тоҷикистон пешвоз гирифта мешавад, ки созмонҳои ҷаҳонӣ ба мисли HRW, World Liberty Congress ва ғайра аз Тоҷикистон хоста буданд, ки ба фармони боздошти Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ амал кунад ва ба Путин иҷозати вуруд надиҳад ва агар вориди Душанбе шуд, ӯро боздошт кунад.
Бояд гуфт дар баробари Владимир Путин барои иштирок дар ҳамоиши Иттиҳоди Давлатҳои Мутсақил ва нишасти сарони “Осиёи Марказӣ ва Русия”, ки дар он масъалаҳои амният, ҳамкории энергетикӣ ва ҳамкории фарҳангию гуманитарӣ баррасӣ мешаванд, раҳбарони кишварҳои узви ИДМ ба Тоҷикистон хоҳанд омад.
Эмомалӣ Раҳмон бо чанде аз онҳо, аз ҷумла Шавкат Мирзиёв, Содир Ҷабборов, Сардор Бердимуҳаммедов ва Қосим-Жомарт Тоқаев мулоқот кардааст.
Ба хотири ин нишастҳо дар Душанбе рафту омади шаҳрвандон маҳдуд шуда, баъзе роҳҳо, масҷидҳо ва бозорҳо аз 9-уми октябр то 12 баста хоҳанд шуд.