Путин ҷумҳуриҳои Луганск ва Донетскро ба расмият шинохт
Шоми рӯзи 21-уми феврал Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ду ҷумҳурии ҷудоихоҳи Луганск ва Донетск дар шарқи Украинаро ба расмият шинохт. Акс: ИнтернетАкс аз “РИА Новости” Пас аз ба арсмият шинохтани ин ду ҷумҳурии ҷудоихоҳ аз Украина Путин бо онҳо тавофуқоти ҳамкорӣ дар соҳаи иқтисодӣ ва низомиро ба имзо расонд. Дар пайи ин амалкарди Путин Ғарб […]
AZDA.TV· Ба дигарон фирист
Шоми рӯзи 21-уми феврал Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ду ҷумҳурии ҷудоихоҳи Луганск ва Донетск дар шарқи Украинаро ба расмият шинохт.
Акс: ИнтернетАкс аз “РИА Новости”
Пас аз ба арсмият шинохтани ин ду ҷумҳурии ҷудоихоҳ аз Украина Путин бо онҳо тавофуқоти ҳамкорӣ дар соҳаи иқтисодӣ ва низомиро ба имзо расонд. Дар пайи ин амалкарди Путин Ғарб ва Амрико фавран вокуниш нишон дода, аз ҷорӣ намудани таҳримҳои иқтисодии бузург алайи Русия хабар доданд.
Гуфта мешавад, Раисҷумҳури Русия пеш аз имзои санади ба расмият шинохтани ин ду ҷумҳурии ҷудоихоҳ бо сарони баъзе аз кишварҳои аврупоӣ, аз ҷумла садри аъзами Олмон Олаф Шолтс ва Раисҷумҳури Фаронса Эмануэл Макрон телефонӣ суҳбат карда, аз ин иқдомаш онҳоро огоҳ кардааст.
Дар пайи ин иқдоми Русия Президенти Украина Владимир Зеленски ин онро ҳамла ба тамомияти арзии худ хонд ва ҷамъе аз давлатҳои Аврупо ва кишварҳои узви НАТО низ ҳамбастагии худро бо Укроин эълом карданд.
Тоҷикистон ва дигар кишварҳои узви Иттиҳоди кишварҳои муштаракулманофеъ, ки собиқ кишварҳои Шӯравӣ ва алъон ҳам зери чатри Русия қарор доранд, ҳар чанд Укроинро шарики худ медонанд, вале то кунун дар бораи ин иқдоми Русия расман вокуниш накардаанд.
The technical storage or access is necessary for the legitimate purpose of storing preferences that are not requested by the subscriber or user.
Омор
Захира ё дастрасии техникӣ барои мақсади қонунии фаъол кардани хидмати мушаххас, ки корбар ошкоро дархост кардааст, ё танҳо барои интиқоли иттилоот тавассути шабакаи иртиботи электронӣ ҳатмист.The technical storage or access that is used exclusively for anonymous statistical purposes. Without a subpoena, voluntary compliance on the part of your Internet Service Provider, or additional records from a third party, information stored or retrieved for this purpose alone cannot usually be used to identify you.