13.9 C
Dushanbe

Путин меравад? Гирдиҳамойҳои густарда дар шаҳрҳои Русия

Дар Маскав ва дигар шаҳрҳои Русия рӯзи шанбе 23 январ ба тарафдории мухолифи Кремлин, Алексей Навалний гирдиҳамоиҳо бо иштироки даҳҳо ҳазор нафар баргузор шуд.

Чунин гирдиҳамоиҳо бо иштироки ҳазорон нафар дар шаҳрҳои Русия, ки ба нишони ҷонибдорӣ аз Алексей Навалний ва эътироз ба ҳукумати Русия ба хиёбонҳо баромаданд, ки дар чанд даҳҳаи ахир дар Русия бесобиқа будааст.

Рӯзи шанбе чунин ҳамоишҳо дар даҳҳо шаҳрҳо, аз ҷумла Сибир ва Шарқи Дури Русия, Иркутск ва Новосибирск баргузор шуданд. Дар умум гирдиҳамоиҳо бештар аз 90 шаҳрҳои Русияро фаро гирифт.

Тавре расонаҳо аз Маскав хабар медиҳанд, дар саросари кишвар аз ҷониби кормандони мақомоти интизомӣ беш аз 3,5 ҳазор нафар, аз ҷумла ҳамсари Алексей Навалний, хонум ​​Юлия ва котиби матбуотии ӯ Кира Ярмыш боздошт шуданд. Дар Владивосток эътирозгарон бо пулис даргир шуда бар зидди онҳо барф партофтаанд.

Ҷонибдорони Навалний аз сокинон дар Русия даъват карданд, ки дар гирдиҳамоиҳо ба тарафдории пешвои мухолифон, ки ба 30 рӯзи ҳабс маҳкум шудааст, ширкат варзанд.

Алексей Навалниро рӯзи 17 январ дар фурудгоҳи Шереметевои Маскав пас аз бозгашташ аз Берлин боздошт карданд. Навалний  дар онҷо пас аз олудашавӣ бо заҳри навъи “Новичок” табобат мегирифт.

Худи Алексей Навалний, пештар аз мардуми Русия талаб кард, ки ба нишони эътироз аз ҳукми ҳабси ӯ ба хиёбонҳо бароянд. Ӯ дар ин изҳороташ, ки 18-уми январ дар YouTube нашр шуд, гуфт, “натарсед, ба хиёбонҳо бароед. Барои ман не, барои худатон ва ояндаи худ берун бароед.”

Адади иштирокдорон дар гирдиҳамоии шаҳри Маскавро мақомоти шаҳр 4000 нафар мегӯянд, дар ҳоле, ки расонаҳои мустақил ба ин омор бовар надоранд ва хабаргузории Reuters теъдоди онҳоро 40 ҳазор нафар гуфта аст.

Пулис ба далели монеъ шудан ба ҳаракат дар роҳҳо рӯзи 23 январ барои гирдиҳамоӣ дар Санкт-Петербург ва Владивосток парвандаҳои ҷиноӣ боз кард. Пулиси Маскав низ пас аз ин гирдиҳамоӣ барои иштирокдорон бастани роҳҳо ва роҳравҳо парвандаи ҷиноӣ боз кард.

Пештар Кумитаи тафтишот дар бораи кушодани чанд парванда, аз ҷумла дар бораи истифодаи зӯроварӣ нисбат ба шахсони мансабдори давлатӣ, авбошӣ ва вайрон кардани меъёрҳои санитарию эпидемиологӣ гузориш дода буд. Ба гуфтаи раҳбари созмони ҳуқуқи башарӣ “Агора” Павел Чиков, шумораи парвандаҳои ҷиноӣ дар кишвар пас аз тазоҳуроти рӯзи шанбе аллакай ба нуздаҳ адад расидааст.

Боздошти ин мухолифи 44 солаи русро ҷомеъаи ҷаҳонӣ маҳкум кард ва бисёре аз раҳбарони ғарбиву аврупоӣ аз Русия талаб карданд, ки Навалний билофосила озод шавад.

Дар Варшава барои дастгирии Навалний дар назди бинои сафорати Русия коргардони маъруфи рус Иван Вырыпаев, ки дар Полша зиндагӣ мекунад, навиштаҷоти “Русия – аз озодии Навалний натарсед”-ро бардошт.

Дар ҳамин ҳол дар мусоҳиба бо “Financial Times” президенти Лаҳистон Анҷей Дуда аз Иттиҳоди Аврупо даъват карда, ки таҳримот алайҳи Русияро дар робита ба боздошти Алексей Навалний шадидтар кунад.

Анҷей Дуда: “Ҷуз ин  василаи сулҳомез барои фишор овардан ба давлате, ки меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалиро вайрон мекунад, вуҷуд надорад. Авлавият гузоштан ба қонунҳои байналмилалӣ муҳим аст. То он даме, ки қонунҳои байналмилалӣ эҳтиром карда мешаванд, ҷанг ҳам вуҷуд нахоҳад дошт”

Радиои Лаҳистон навишта, ки вокуниш ба боздошти Алексей Навалний яке аз мавзӯъҳои асосии нишасти вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо дар рӯзи душанбеи 25 январ хоҳад буд.

Алексей Навалний як рӯз пас аз тамдиди муҳлати боздошташ маълумотеро дар бораи дороиҳои мармузи Владимир Путин ифшо кард. Наворе, ки Навалний дар бораи қароргоҳ ки ба иддаои ӯ маъруф ба “Қасри Путин” аст, ва дар наздикиҳои минтақаи Геленҷик дар Баҳри Сиёҳ қарор дорад, вокуниши бесобиқаро дар байни корбарони русзабон дар шабакаҳои иҷтимоъӣ ба бор овард.

Он навор танҳо дар ютюб бештар аз 86 миллион бор дар 6 рӯз дида шудааст. Навалний дар он навор иддаъо кард, ки ин қаср барои раисҷумҳур Путин омода шудааст ҳадди ақал 100 миллиард рубл (як миллиарду 345 миллион доллар) арзиш дорад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оғози сафари Раҳмонов ба Италия

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 22-уми апрел ба Италия ва Ватикан сафар кард.

Тоҷикистону Британия муҳоҷирати корӣ ва парвозҳои мустақимро баррасӣ каданд

Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Дэвид Кэмерон 22-уми апрели соли ҷорӣ дар Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Замон ва макони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо маълум шуд

Сомонаи расмии Ҳукумати Италия бо нашри хабари кӯтоҳе аз мулоқоти сарвазири Итолиё бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рум иттилоъ додааст.

Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ беш аз $7млн барқ фурӯхт

Тоҷикистон дар давоми се моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 7,2 миллион доллар ба кишварҳои ҳамсоя барқ фурӯхтааст.