12.9 C
Dushanbe

Путин ва Зеленски буҳрони Украинаро баррасӣ карданд

Акс аз: (112.ua)

Президенти Русия ва Украина дар як гуфтугӯи телефонӣ роҳҳои бартарафсозии бӯҳрон дар шарқи Украинаро мавриди баррасӣ қарор додаанд.

Путин ва Зеленский бар зарурати баланд бардоштану тақвият додани раванди музокирот дар чаҳорчӯби “Гурӯҳи тамоси созишномаи Минск” таъкид кардаанд. Ба кори ҷаласаи гурӯҳ, ки 22 июл доир шуд, баҳои мусбат дода шуда ва қарор бар ин шудааст,ки аз нимашаби имрӯз 27 июл оташбас шурӯъ мешавад.

Ҷонибҳо аз оташбаси миёни нирӯҳои давлатии Украина ва ҷудоиталабони зери ҳимояти Русия пуштибонӣ кардаанд. Зеленский озод кардани шаҳрвандони Украинаро дар шарқи ин кишвар, Қрим ва Русия дар миён гузоштааст. Путин гуфтааст, тасмими Украина барои баргузории интихоботҳои минтақавӣ дар соли 2020 бо “Созишномаи Минск” мухолифат дорад.

“Агар иқдоми оташбас ҳимоят ёбад, роҳро барои татбиқи бандҳои дигари “Созишномаи Минск” ҳамвор хоҳад кард”, – гуфтааст дафтари раиси ҷумҳури Украина.

Ин созишномаро бо ҳадафи ҳаллу фасли муноқиша дар шарқи Украина имзо карда буданд. Президенти Русия махсус таъкид кардааст, ки иҷрои шартҳои созишномаи Минск ҳатмӣ аст ва он алтернатива надорад. Президенти Украина ва Русия дар мавриди коронавирус ҳам суҳбат кардаанд.

Бар пояи охирин маълумоти расида байни артиш ва нерӯҳои мусаллаҳи Украина ва ниманизомиёни мавриди ҳимояти Русия дар шарқи Украина, ки солҳо даргирӣ ҷараён дошт, оташбаси комил барқарор шудааст.

Оташбас аз соати 00:00 ба вақти маҳалӣ, чанд соат пас аз гуфтугӯи Владимир Зеленский ва Владимир Путин, президентҳои Украина ва Русия дар мавриди кашмакаш ва даргирӣ дар шарқи Украина ба ҳолати иҷро даромад.

Зеленский ва Путин ҳар ду ҳимояти худро аз амалӣ шудани оташбаси комил эълом карданд. Созиши ибтидоӣ барои иҷрои оташбас, ҳафтаи пеш дар ҷараёни музокироти ду кишвар ва низ Созмони Амният ва ҳамкории Аврупо ба даст омада буд. Владимир Зеленский ҳамзамон дар гуфтугӯ бо ҳамтои руси худ хостори бардошта шудани қадамҳои баъдӣ барои озодии асирони украинӣ дар минтақаҳои шарқии ин кишвар, нимҷазираи Қрим ва Русия шудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Аз гуфтушунидҳои сатҳи баланди Амрикову Чин чӣ ҳосил мешавад?

Раисҷумҳури ИМА Доналд Трамп рӯзи 13-уми май бо як ҳайати бузурги сиёсӣ ва иқтисодӣ ба Чин сафар кард.

Думаи давлатӣ маҳдудиятҳои нав барои муҳоҷирон тасвиб кард

Думаи давлатии Русия рӯзи 13-уми май ду лоиҳаи қонунро дар қироати аввал қабул кард, ки қоидаҳои муҳоҷиратиро дар ин кишвар сахттар мекунанд.

Мақомоти Тоҷикистон пардохтҳо миёни ҳамёнҳои электрониро таҳти назорат мегирад

Мақомоти Тоҷикистон тибқи як лоиҳаи озмоишӣ барои ошкор кардани соҳибкорони инфиродие, ки худро сабти ном накардаанд, назорати интиқолҳои маблағ байни ҳамёнҳои электрониро оғоз мекунад.

Шикояти муҳоҷирони афғон: “Моро аз Тоҷикистон мисли як ҳайвон ронданд”

Маъмурони КДАМ-и Тоҷикистон чанде аз муҳоҷирони афғонистониро, ки дар шаҳри Хуҷанд кору зиндагӣ мекарданд, ихроҷ карданд.