Рӯзи баргузории Иди Қурбон дар Тоҷикистон маълум шуд

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар ҷаласаи ахираш рӯзи баргузории Иди Қурбонро эълон кард.

Рӯзи 11-уми июни соли ҷорӣ Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии худро баргузор кард. Гуфта мешавад, дар ҷаласа бораи муайян кардани рӯзи баргузории Иди Қурбон дар саросари кишвар қарор қабул шуд.

Раиси Шӯрои уламои Марказӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода гуфта, ки “мувофиқи далелҳои илмӣ ва дар асоси хулосаи Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи Иди саиди Қурбон дар кишвар ба рӯзи якшанбе 16-уми июн рост меояд.“

Бар асоси ин, Шӯрои уламои кишвар қарор қабул карда, ки таҷлили Иди Қурбонро дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ рӯзи якшанбеи 16-уми июн соли 2024 ва баргузории намози идро соати 06:00-и субҳ эълон кард.

Раиси Шӯрои уламои кишвар Саидмукаррам Абдуқодирзода аз аъзои Шӯро ва имомхатибон талаб карда, ки дар мавъизаҳояшон аз сулҳу ваҳдату оромӣ бигӯянд ва аз мардум бихоҳанд, ки “дар дастгирии ятимону пиронсолон ва табақаи ниёзманди ҷомеа, рушду шукуфоии кишвари азиз саҳми худро гузоранд.”

Корбарони шабакаҳои иҷтимоии тоҷикӣ мегӯянд, Абдуқодирзода бо ин гуфтаҳояш хатибонро водор карда, то дар минбарҳои масоҷид ба ҷои шукргузорӣ аз неъматҳои Худованд, ба шахси Эмомалӣ Раҳмон шукргузорӣ кунанд ва ӯро мадҳу сано бигӯянд ва ӯро дар зеҳни насли ҷавон ҳамчун шахси “наҷотбахш” ва беҳамто муаррифӣ кунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Хадамоти муҳоҷират аз ҷамъоварии пул барои кумакҳо ҳушдор дод

Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, бархе афрод ва бунёдҳои қалбакӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо нашри аксу наворҳои сохта аз мардум пул ҷамъ мекунанд.

Демократҳо дар интихоботи миёндавраии ИМА пешсаф шуданд

Ҳизби демократи Амрико бо пирӯзии аксарият бар ҷумҳурихоҳони ин кишвар дар ҳарду палатаи Конгресс ғолиб омаданд.

Вазорати мудофиа: Беш аз 97 дарсади нақшаи даъвати тирамоҳӣ иҷро шуд

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон рӯзи 2-юми ноябр хабар дод, ки дар моҳи аввали даъвати тирамоҳӣ беш аз 97 дарсади нақшаи даъвати сарбозон ба артиш иҷро шудааст.

Тоҷикистон 100 миллион доллар аз САСР қарз гирифт

Тоҷикистон бахши аввали қарзи 200-миллиондолларии Сандуқи авруосиёии суботу рушд (САСР)-ро дарёфт кард.