-1.1 C
Dushanbe

Рӯзи баргузории Иди Қурбон дар Тоҷикистон маълум шуд

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар ҷаласаи ахираш рӯзи баргузории Иди Қурбонро эълон кард.

Рӯзи 11-уми июни соли ҷорӣ Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии худро баргузор кард. Гуфта мешавад, дар ҷаласа бораи муайян кардани рӯзи баргузории Иди Қурбон дар саросари кишвар қарор қабул шуд.

Раиси Шӯрои уламои Марказӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода гуфта, ки “мувофиқи далелҳои илмӣ ва дар асоси хулосаи Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи Иди саиди Қурбон дар кишвар ба рӯзи якшанбе 16-уми июн рост меояд.

Бар асоси ин, Шӯрои уламои кишвар қарор қабул карда, ки таҷлили Иди Қурбонро дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ рӯзи якшанбеи 16-уми июн соли 2024 ва баргузории намози идро соати 06:00-и субҳ эълон кард.

Раиси Шӯрои уламои кишвар Саидмукаррам Абдуқодирзода аз аъзои Шӯро ва имомхатибон талаб карда, ки дар мавъизаҳояшон аз сулҳу ваҳдату оромӣ бигӯянд ва аз мардум бихоҳанд, ки “дар дастгирии ятимону пиронсолон ва табақаи ниёзманди ҷомеа, рушду шукуфоии кишвари азиз саҳми худро гузоранд.”

Корбарони шабакаҳои иҷтимоии тоҷикӣ мегӯянд, Абдуқодирзода бо ин гуфтаҳояш хатибонро водор карда, то дар минбарҳои масоҷид ба ҷои шукргузорӣ аз неъматҳои Худованд, ба шахси Эмомалӣ Раҳмон шукргузорӣ кунанд ва ӯро мадҳу сано бигӯянд ва ӯро дар зеҳни насли ҷавон ҳамчун шахси “наҷотбахш” ва беҳамто муаррифӣ кунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Трампу Путин бо ҳам дидор мекунанд

Интизор меравад Доналд Трамп президенти тозаинтихоби Амрико бо Влидимер Путин раисҷуҳури Русия мулоқот кунад.

Ҳукми зиндони сангин ба рӯзноманигор пас аз додхоҳӣ аз Рустами Эмомалӣ

Додгоҳи шаҳри Кӯлоб рӯзноманигор ва сардабири ҳафтаномаи “Пайк” Аҳмади Иброҳимро пас аз як рӯзи расонаӣ шудани номаи додхоҳиаш аз Рустами Эмомалӣ ба даҳ соли зиндон маҳкум кард.

Сафари Пизишкиён ба Тоҷикистон

Раисҷумҳури нави Эрон Масъуд Пизишкиён бори якум бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд.

Оташсӯзӣ дар Лос-Андҷелес ҳазорҳо манзили гаронбаҳоро нобуд кард

Бино ба гузориши расонаҳои амрикоӣ, оташсӯзии шадид дар шаҳри Лос-Анҷелес ҳазорҳо манзили гаронбаҳоро сӯзонда нобуд кард.