24.9 C
Dushanbe

“Рӯзи ҳиҷоб” – Фарохони ҳимоят аз ҳуқуқи занон дар Тоҷикистон

Дар пайи шиддат гирифтани фишорҳо дар Тоҷикистон болои занҳои ҳиҷобпӯш, гурӯҳе аз мардум рӯзи ҷумъаро “Рӯзи ҳиҷоб” эълон карданд.

Ҷамъи бузурге аз фаъолони динӣ ва маданӣ дар ин иқдоми худ аз мардону занони тоҷик хостанд, ки рӯзи ҷумъа, 30-уми майи соли 2024 барои эътироз ба фишорҳои ҳукумати Тоҷикистон болои занони ҳиҷобпӯш даст ба гирдиҳамоии хиёбонӣ бизананд ва аз ҳукумат бихоҳанд қавонини сахтгирона нисбати ҳиҷобу ришро бекор кунад.

Аз ҷумла, коршиноси масоили динӣ Муҳамад Ансорӣ рӯзи душанбе дар суҳбат ба Azda TV гуфт: “Ин иқдом, як иқдоми комилан маданӣ ва ҳуқуқӣ аст. Ба ин маънӣ, ки ҳар инсон ҳақ дорад чӣ бупӯшад ва чӣ исме бар худ бигузорад.” Ансорӣ таъкид мекунад, ки ин иқдом, ки аз ҷониби ҷамъе аз фаъолони маданӣ ва динӣ роҳандозӣ шудааст, “Ҳечгуна ҳадафи сиёсӣ, ҳадафҳои ҳизбӣ дар пушти парда вуҷуд надорад ва мардуми Тоҷикистон ҳастанд, ки ихтиёр доранд, ки чӣ гуна бипӯшанд.” Ба гуфтаи вай, ин иқдом сирф ҳуқуқӣ ва маданӣ буда, даъват ба ошӯбу эҷоди ҳараҷу мараҷ дар Тоҷикистон нест.

Ҳадаф фақат ин аст, ки ҳар фарди тоҷик ин ҳаққи мадании худро бидонад ва ҳар тавре ки дӯст дорад, либос бипӯшад ва ҳукумат ҳақ надорад тарзи либоспӯшии касе мудохила кунад.“, мегӯяд Ансорӣ.

Ин фарохони ҳимоят аз ҳуқуқи инсонии занон дар Тоҷикистонро аксари ҷавонони тоҷик ба хубӣ истиқбол карданд. Вале аксар бар ин назаранд, ки мардуми тоҷик ба кӯчаҳо намебароянд, зеро дар гузашта ҳар иқдоме барои эътирозҳо аз ҷониби ҳукумати кишвар ба шиддат саркӯб шудааст, аз ҷумла эътирозҳои осоиштаи мардуми Бадахшон дар соли 2022, ки нерӯҳои қудратӣ онро ба шиддат саркӯб карданд.

Дар ҳамин ҳол шоми дирӯз дар шабкаҳои иҷтимоӣ наворе нашр шуд, ки се нафар дар даст силоҳи навъи “туфагча” мақомдоронро таҳдид ба куштан мекунанд. Онҳо дар хитоб ба мақомот мегӯянд, “Мо мардуми тоҷик то ин вақт ба ҳама зулми шумо хомӯш истодем. Ва имрӯз вақте шумо бар зидди ҳиҷоб қонун баровардед, мо хомӯш намеистем. Посухи моро мунтазир бошед.”

Вале то ҳанӯз мақомоти кишвар барои ин навор вокунише накардаанд.

Ба гуфтаи бархе таҳлилгарон, ҳукумати Тоҷикистон даъват аз мардум барои баромадан ба хиёбонҳо ва таҳдид ба куштани мақомдоронро даъват ба хушунат талаққӣ карда, ҳатман онро бо хушунат посух хоҳад гуфт.

Аммо ба назари иддаи дигар, мавзеъгирии мақомдорони тоҷик дар баробари арзишҳои исломӣ, аз ҷумла иҷборан гирифтани ҳиҷоби занону тарошидани риши мардон вазъиятро то рафт бадтар хоҳад кард. Зеро, ба гуфтаи онҳо, мардуми тоҷик аксаран мусалмон ҳастанд ва ин маҳдудиятҳо хашми мардумро нисбат ба ҳукумат бештар хоҳад кард, ки дар натиҷа зуҳури гурӯҳҳои ифротӣ ва тундгаро аз эҳтимол дур нест.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Корҳои фаҳмондадиҳӣ барои бартараф намудани ифлосии Душанбе

Масъулони шаҳри Душанбе мехоҳанд бо гузарондани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни мардум мушкилии партовҳои пойтахтро бартараф кунанд.

Даргузашти Муҳаммадалии Файзмуҳаммад дар зиндон

Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, зиндонии сиёсӣ ва узви Раёсати олии ҲНИТ дар умри 65-солагӣ дар зиндон даргузашт.

Наздики ним миллард қарзи “ТАЛКО” аз барқ

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар ҳузури хабарнигорон номи қарздорон аз барқро эълон кард.

Норасоии омӯзгор мушкили ҳалнашавандаи Вазорати маорифи Тоҷикистон

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон имрӯз, 26-уми июл зимни нишасти матбуотии ниҳодаш аз мушкили норасоии омӯзгорон дар мактабҳои миёна шикоят кард.