Раҳмон ба Итолиё меравад?

Вазорати корҳои хориҷӣ ва ҳамкории байналмилалии Итолиё дар якҷоягӣ бо Оҷонсии савдои ин кишвар (ICE) дар бораи Тоҷикистон нишаст баргузор мекунанд.

Интизор меравад, ин нишаст 24-уми апрели соли ҷорӣ дар қароргоҳи Оҷонсии ICE дар шаҳри Рим баргузор шавад.

Бино ба навиштаи баргузоркунандагон, ҳадафи ин нишаст ба ассотсиатсияҳои тиҷоратӣ ва ширкатҳои итолиёвӣ намоиш додани имкониятҳои бозори иқтисодии Тоҷикистон, мавқеи стратегии ҷуғрофӣ, вуҷуди захираҳои табиӣ ва нақши марказии энергетикии Тоҷикистон дар минтақа, мебошад.

Гуфта мешавад, ин нишаст бо як ҷаласаи институтсионалӣ оғоз шуда, баъдан намояндагони вазоратҳои дахлдори Тоҷикистон аз ҳамкориҳои тиҷоративу саноатӣ ва имконоти сармоягузории ду кишвар хоҳанд гуфт. Аз ҷониби Итолиё суханронии намояндагон ICE, CDP, SACE, SIMEST ва ширкатҳои итолиёвие, ки аллакай дар Тоҷикистон ҳузур доранд, дар назар аст.

Дар ин нишаст ба бахшҳои саноати маъдан, нассоҷӣ, чарм ва хӯрокворӣ, энергетика ва кишоварзӣ таваҷҷуҳи хоса дода мешавад.

Ҳамчунин дар охири ин нишаст имкон дорад вохӯриҳо дар шакли “B2G” бо намояндагони муассисаҳои Тоҷикистон ва ҳамчунин мулоқотҳо дар шакли “BtoB” бо ширкатҳои алоҳидаи тоҷик, сурат гирад.

Мақомоти Итолиё дар ҳоле дар бораи бозори Тоҷикистон нишаст баргузор мекунанд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ мухолифин аз сафари наздики Эмомалӣ Раҳмон ба Итолиё гуфта истодаанд.

Ба гуфтаи мухолифин кормандони КДАМ ва ВКД-и Тоҷикистон ба хонаи пайвандонашон рафта, болои онҳо фишор оварда истодаанд, то наздиконашон дар эътирозҳое, ки нисбати сафари Раҳмонов ба Урупо ташкил мешавад, ширкат накунанд ва худи кормандони интизомии кишвар гуфта истодаанд, ки раисҷумҳур ба наздикӣ ба Итолиё сафар дорад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Қирғизистон 170 хонаи аз Тоҷикистон гирифтаашро ба сокинон тақсим мекунад

Қирғизистон 170 хонаеро, ки аз Тоҷикистон гирифта буд, ба сокинонаш тақсим мекунанд.

Ҳукми абади ду нафар барои қатли Маннон Содиқов

Додгоҳи вилояти Суғд ду сокини шаҳри Исфараро бо иттиҳоми қатли узви пешини ҲНИТ ба ҳабси умрбод маҳкум кард.

Ҳамла ба полойишгоҳи бузурги Русия дар пасманзари камбуди сӯзишворӣ дар Тоҷикистон

Бузургтарин полойишгоҳҳои Русия дар шаҳри Киришии вилояти Ленинград мавриди ҳамлаи паҳподӣ қарор гирифта, дар он оташсӯзӣ рух дод.

Дар Самара пардохтҳои муҳоҷирон зиёд мешавад: акнун барои фарзандон ҳам маблағ месупоранд

Думаи вилояти Самараи Русия тағйиротеро қабул кардааст, ки аз соли 2027 афзоиши пардохтҳои муҳоҷирон ва пардохти иловагӣ барои фарзандони ҳамроҳашонро пешбинӣ мекунад.