-1.1 C
Dushanbe

Раҳмон бо ҳавопаймои 93-миллионааш ба Ню-Йорк рафт

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти худкомаи Тоҷикистон рӯзи 22-уми сентябр ба шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сафар кард.

Тавре дафтари матбуоти Президент хабар медиҳад, сафари Эмомалӣ бо ҳадафи иштирок дар Иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид сурат гирифтааст. 

Раисҷумҳурро дар Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе шахсони расмӣ, аз ҷумла писараш, Рустами Эмомалӣ, ки ҳоло раиси парлумони кишвар аст, гусел карданд. Аммо духтараш Озода Раҳмон, ки раҳбарии Дастгоҳи иҷроияи Президентро бар дӯш дорад, дар гусели падараш иштирок надошат. 

Рамҳонро дар ин сафар муовини Сарвазири Тоҷикистон, вазири корҳои хориҷӣ, ёвари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар умури робитаҳои хориҷӣ, вазирони тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва молия ҳамроҳӣ кардаанд.

Лозим ба ёдоварист, ки сафарҳои як соли ахири Эмомалӣ Раҳмон бо ҳавопаймои наве, ки аз давлати Мексика бо нархи 93 миллион доллар харидорӣ кардааст, сурат мегиранд.

Як шахси огоҳ аз вазъи мақомдорон гуфт, ки сафар кардани мансабдорони тоҷик бо ҳавопаймои хусусии раисҷумҳур фурстест, то аз шароити ҳавопаймои дараҷаи як ва олитарин, ки танҳо хоси шахсиятҳои машҳури дунёст, аз наздик ошно мешаванд. Зеро аксари онҳо дар деҳаҳҳои дурдасти кишвар бузург шуда ва зиёд сафарҳои хориҷӣ надоштаанд. Ва ин кор боис мешавад, ки умре худро мадюни “лутф”-и Эмомалӣ бидонанд ва худ шукргӯй бошанду фарҳанги “шукргузорӣ”-ро ҳамеша ба дигарон ташвиқ кунанд. 

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Трампу Путин бо ҳам дидор мекунанд

Интизор меравад Доналд Трамп президенти тозаинтихоби Амрико бо Влидимер Путин раисҷуҳури Русия мулоқот кунад.

Ҳукми зиндони сангин ба рӯзноманигор пас аз додхоҳӣ аз Рустами Эмомалӣ

Додгоҳи шаҳри Кӯлоб рӯзноманигор ва сардабири ҳафтаномаи “Пайк” Аҳмади Иброҳимро пас аз як рӯзи расонаӣ шудани номаи додхоҳиаш аз Рустами Эмомалӣ ба даҳ соли зиндон маҳкум кард.

Сафари Пизишкиён ба Тоҷикистон

Раисҷумҳури нави Эрон Масъуд Пизишкиён бори якум бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд.

Оташсӯзӣ дар Лос-Андҷелес ҳазорҳо манзили гаронбаҳоро нобуд кард

Бино ба гузориши расонаҳои амрикоӣ, оташсӯзии шадид дар шаҳри Лос-Анҷелес ҳазорҳо манзили гаронбаҳоро сӯзонда нобуд кард.