10.9 C
Dushanbe

Раҳмон дар Ню-Йорк бо киҳо мулоқот кард?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон дар ҳошияи иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии СММ дар Ню-Йорк бо як президент ва чанд раҳбари созмонҳои байналмилалӣ мулоқот кард.

Аз ҷумла, ӯ бо Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон рӯзи 24-уми сентябр суҳбат карда, “аз рушду тавсеаи равобити дӯстиву бародарӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд бо Эрон” гуфтааст.

Ҷонибҳо дар ин мулоқот ба густариши муносибатҳо дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, тақвияти равобити илмию омӯзишӣ ва таълимии ду кишвар ва рушди ҳамкории фарҳангӣ таъкид карда, аз барномаи дарозмуддати ҳамкории иқтисодиву тиҷоратии ду кишвар то соли 2030 гуфтаанд.

Зимни ин мулоқот Эмомалӣ Раҳмон Масъуд Пизишкиёнро ба Тоҷикистон даъват кардааст, аммо маълум нест раисҷумҳури Эрон ба даъвати ҳамтои тоҷикаш чӣ посух додааст.

Ҳамзамон Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш ҳам мулоқот карда, ҷонибҳо вазъи мураккаб ва зудтағйирёбандаи ҷаҳон, паёмадҳои буҳронҳои иқтисодиву молиявӣ, камбизоатӣ ва ноамнии озуқаворӣ, инчунин мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои амниятиро баррасӣ кардаанд. 

Эмомалӣ Раҳмон мисли ҳамеша аз тағйирёбии иқлим, норасоии оби ошомиданӣ ва обшавии пиряхҳо гуфта, аз масоили омодагӣ ба Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар соли 2025 ва Конфронси навбатии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои об дар соли 2028, ки ҳарду дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳанд шуд, бо Гутеррриш гуфтугӯ кардааст.

Илова бар ин, Раҳмон бо директори иҷроияи Бонки ҷаҳонӣ Анна Бйерде мулоқот карда, ба Бонки ҷаҳонӣ барои дастгирӣ, бахусус дар маблағгузории сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” изҳори сипос кардааст. Инчунин дар ин суҳбат аз ҷалби сармояи иловагӣ барои барои татбиқи тарҳҳои рушди иқтисоди миллӣ ва таъмини ҳадафҳои иҷтимоии кишвар, ҳамкорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, саноат, дастрасӣ ба “энергияи сабз” ва рушди “иқтисоди сабз” гуфта шудааст.

Бояд гуфт, дар 31 соли охир бо дастгирии молиявии Бонк дар Тоҷикистон 116 лоиҳа дар соҳаҳои иҷтимоӣ, нақлиёт, энергетика ва кишоварзӣ ба маблағи умумии 2,9 миллиард доллар татбиқ шудааст.

Ҳамчунин Раҳмон бо Дабири кулли Созмони ҷаҳонии обуҳавосанҷӣ Селесте Сауло ва муовини Дабири кулли СММ Владимир Воронков мулоқот анҷом додааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Радиои Озодӣ соҳибони Net Solutions-ро дар Тоҷикистон ошкор кард

Санадҳои ёфтаи Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ нишон медиҳанд, ки...

Омили террори генерали рус аз муҳоҷирони Осиёи Марказӣ будааст

Мақомоти Русия аз боздошти як шаҳрванди узбекистонӣ хабар доданд, ки дар террори генерли 54-солаи рус гумонбар мешавад.

Набераи раисҷумҳури Тоҷикистон дар 9-солагӣ аз Дубай хона харид. Бо кадом маблағ?

Набераи 9-солаи Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи соҳилибаҳрии Дубай як хонаи сеҳуҷрагӣ харидааст, ки арзиши он 1,3 миллион доллар аст.

Фишор болои пайвандони узви фаъоли “Гурӯҳи 24”

Эмомалӣ Раҳмон бо гузашти беш аз як моҳ аз ирсоли Лоиҳаи Қонуни ҶТ "Дар бораи афв" ба Дастгоҳи риёсати ҷумҳрӣ ҳанӯз онро имзо накардааст.