Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тағйирот ё ҷойивазкунии имрӯзаи мақомдоронро аз барканории ду қудояш шуруъ кард.
Тибқи қарори нави Эмомалӣ аз 23-уми январи соли ҷорӣ, Бег Сабур бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва ба ин мақом Исфандиёри Саъдуллои 35-сола, ки 10 соли охир муовини аввали раиси “Телерадиоком” буд, таъйин гардидааст.
Бег Сабур, ки бо баёнияҳои баҳсбарангезаш борҳо дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст, қудои раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон буда, 14 сол боз раҳбарии ин ниҳодро бар уҳда дошт.
Мунтақидони ӯ мегӯянд, ки маҳз баъд аз раиси Хадамоти алоқа шудани Бег Сабур ин соҳа дар кишвар аз рушд бозмонд. Ва тарзи идораи ӯ боис гашт, ки Тоҷикистон дар радабандиҳои ҷаҳонӣ дар робита ба сифати интернет ва нархи он дар байни кишварҳои дунё дар поёнтарин зинаҳо қарор бигирад, чун дар фикри беҳбуди ин ниҳод набуд ва дар дафтари корияш бештар ба фурӯши хонаву тиҷорат машғул буд.
Дар баробари интиқоди сокинон, Эмомалӣ Раҳмон моҳи декабри соли 2022, зимни ироаи паёмаш ба парулмони кишвар аз суръати пасти интенрент дар Тоҷикистон ва нархи гарони он интиқод карда, ба қудояш Бег Сабур дастур дода буд, ки ин мушкилӣ бартараф карда шавад. Аммо то ҳол мушкили сифати алоқа дар кишвар ҳалли худро наёфтааст.
Инчунин ҳодисаҳое низ буданд, ки пас аз интиқод ё мусоҳиба бо ӯ, аз ҷумла раиси собиқи Кулоб Баҳром Иноятзода барои 12 сол ва рӯзномангори шинохта Далери Имомалӣ барои 10 сол равонаи зиндон гардиданд.
Дар ҳамин ҳол Эмомалӣ Раҳмон бо фармоне қудои дигараш Юсуф Раҳмонро аз вазифаи Додситони кулли Тоҷикистон озод намуда, Воҳидзода Ҳабибулло Сайдуллоро ба ин мақом таъйин кардааст. Номзадии ҳарду барои тасдиқ ба Маҷлиси миллии кишвар фиристода шудааст.
Ҳабибулло Воҳидзода аз январи соли 2024 дар мақоми муовини додситони кул ва ҳамзамон додситони ҳарбӣ кор мекард ва пеш аз он раиси Ожонси мубориза бо қочоқи маводи мухаддир буд. Ӯ аз соли 2011 то 2015 низ муовини додситони кул буд, аммо да аввали соли 2015, баъд аз интиқод сахти Раҳмонов дар ҷаласаи Шӯрои амният аз мақом барканор ва чанде баъд боз ба ҳайси додситони вилояти Суғд (солҳои 2015-2020) ба кор шуруъ кард.
Дар замони раҳбарии даҳсолаи Юсуф Раҳмон (2015-2025) бо пешниҳоди Додситонии кулли кишвар, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар кишвар мамнуъ ва террористӣ эълон шуда, ин ниҳод нисбати даҳҳо мухолифу дигарандешон ва рӯзноманигорон бо иттиҳомоти сохта парвандаҳои ҷиноятӣ боз кард, ки дертар онҳо бо қарори додгоҳҳо барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон гардиданд. Ҳамзамон Юсуф Раҳмон дар чанд ҷаласаи созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ҳайати Тоҷикистонро роҳбарӣ карда, поймол шудани ҳуқуқи инсонро дар кишвар ҳамеша рад кардааст.
Агарчи Эмомалӣ Раҳмон қудояш Бег Сабурро ба нафақа равон кардааст, аммо маълум нест, ки қудои дигараш Юсуф Раҳмон дар ҳукумат чӣ вазифаи нав мегирад.