Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) аз кишварҳо хост дар соҳаи истихроҷи маъдани Тоҷикистон сармоягузорӣ кунанд.
Ҷаласа 1-уми сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Тянҷини Чин бо иштироки беш аз 20 раҳбари ҷаҳон, аз ҷумла Владимир Путин, Раҷаб Таййиб Эрдуғон, Масъуд Пизишкиён ва дигарон баргузор шуда, роҳбарони кишварҳо рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ, масоили амният ва таҳкими институтсионалии созмонро баррасӣ карданд.
Дар суханронии худ Эмомалӣ Раҳмон аз рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва истифодаи самараноки иқтидори гидроэнергетикии Тоҷикистон гуфта, имкониятҳои ҷалби сармоя ба соҳаи саноат, таъсиси корхонаҳои муосири коркарди маъданҳо ва рушди бахши агросаноатиро муаррифӣ кардаву иштирокдорони ҳамоишро ба ҳамкории фаъол дар соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла сайёҳии экологӣ, куҳнавардӣ ва табобатӣ дар Тоҷикистон даъват кардааст.
Раҳмонов мисли ҳамеша аз амнияти минтақавӣ гуфта, ҳамкории кишварҳои аъзои Созмонро дар муборизаи муштарак бо терроризм, экстремизм, сепаратизм, радикализм, таҳдидҳои киберӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар намуди ҷинояткории фаромиллӣ зарур донистаааст.
Инчунин ӯ аз роҳбарони кишварҳои узви СҲШ барои дастгирӣ аз таъсиси Маркази зиддимухаддиротиии Созмон дар Душанбе изҳори сипос намудааст.
Дар суханрояш Эмомалӣ ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти ҳалли мушкилоти марбут ба оби ошомиданӣ ва ҳифзи пиряхҳоро низ фаромӯш накардааст.
Дар охири ҷаласа беш аз 15 санади нави ҳамкорӣ, аз ҷумла “Эъломияи Тянҷин” ва “Стратегияи рушди СҲШ то соли 2035” қабул гардидааст.
Гуфта мешавад, Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, ки Чину Русия онро ҷойгузини НАТО медонанд, як созмони минтақавӣ буда, соли 2001 таъсис ёфтааст ва Русия, Чин, Ҳинд, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Покистон, Эрон, Узбекистон ва Белорус аъзои аслии ин созмон мебошанд.
Мулоқоти сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои Шанхай ҳамасола як бор доир мешавад ва ба гуфтаи коршиносон, ин созмон тадриҷан рӯзномаи худро аз масъалаҳои амният ба иқтисод ва инфрасохтор васеъ карда истодааст, аммо ихтилофи манфиатҳои кишварҳои узв маълум нест кори онҳоро то куҷо хоҳад расонд.