19.9 C
Dushanbe

Раҳмонов боз дар бораи ҷазо ва маҳдудиятҳо гуфт

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз ҷазо барои истифодаи “ғайриқонунии нерӯи барқ” ва “напардохтани пули он” гуфт.

Имрӯз, 25-уми апрел дар Қасри миллат Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини чанде аз сохторҳои давлатӣ ва роҳбарони лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар соҳаи энергетика машварати корӣ баргузор намудааст.

Дар ин ҷаласа Раҳмонов бо вуҷуди шикояти сокинон аз камбуди барқ дар кишвар иддао кардааст, ки масъалаи таъмин намудани аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ бо нерӯи барқ аз афзалиятҳои аввалиндараҷаи Ҳукумат маҳсуб ёфта, дар ин самт Ҳукумати кишвар “тадбирҳо”-и зиёдеро амалӣ намуда истодааст.

Ӯ мисол оварда, ки дар даврони истиқлолият 36 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 89 миллиард сомонӣ амалӣ шудаанд, ки барои зиёд кардани иқтидори истеҳсоли нерӯи барқ, мустаҳкам сохтани инфрасохтори низоми энергетикӣ, сарфаҷӯйӣ ва истифодаи самараноки нерӯи барқ равона шудаанд.

Раҳмонов мисли ҳамеша даврони то истиқлолро бо имрӯз муқоиса намуда, гуфтааст, ки иқтидори истеҳсолии барқ аз 17 миллиард кВт/соат дар соли 1991 ба 22,4 миллиард кВт/соат дар соли 2024 расонида шудааст.

Айни замон дар кишвар 20 лоиҳаи давлатии соҳаи энергетика ба маблағи 1,65 миллиард доллар амалӣ мешавад, ки 36% ҳамаи сармоягузориҳои давлатиро ташкил медиҳанд. Яъне, қисми асосии маблағҳои ҷалбшаванда маҳз ба соҳаи энергетика равона карда шудааст. Инчунин танҳо дар соли 2024 11 созишномаи нав ба маблағи 9,6 миллиард сомонӣ ба имзо расиданд.

Ба гуфтаи мунтақидони Ҳукумат, агар ин оморҳои овардаи Раҳмоновро ба назар бигирем бояд камбуди барқ кайҳо дар кишвар бартараф мешуд ва сокинон дар фасли сармо аз набуди он азият намекашиданд. Аммо худи сокинони кишвар бар ин боваранд, ки дар Тоҷикистон ба ҳадди кофӣ барқ истеҳсол мешавад, вале мақомдорон онро ба кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Афғонистону Узбекистон ва Қирғизистон бо нархҳои арзонтар мефурӯшанд.

Дар идомаи ҷаласаи имрӯза Раҳмонов аз талафоти нерӯи барқ ва истифодаи ғайриқонунии он дар кишвар боз изҳори нигаронӣ намуда, “ба зарурати назорати қатъӣ бар истифодаи самараноки нерӯи барқ, сарфаҷӯйӣ, коҳиши талафот ва иҷрои босифати лоиҳаҳоро” таъкид кардаааст.

Ӯ ҳамчунин ишора карда, ки барои ҷорӣ намудани назорати баҳисобгириву истифодаи дурусти нерӯи барқ, Агентии назорати энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд ва дар қонунгузории кишвар барои истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ ҷавобгарии ҷиноятӣ, ки то 10 сол зиндонро пешбинӣ мекунад, илова гардид.

Ёдовар мешавем, ки дар як ҷаласаи васеи Ҳукумат рӯзи 27-уми март раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷазо бораи истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ гуфта буд ва дар давоми камтар аз даҳ рӯз тағйиру иловаҳо ба тарҳи қонун “Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятӣ” ва тарҳи қонун “Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ”-ро Вазорати адлия таҳия намуда, онро вазири ин ниҳод Музаффар Ашӯриён дар назди вакилон муаррифӣ кард.

Ин қонун 2-апрели соли ҷорӣ аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони кишвар баррасӣ ва қабул гардида, худи раисҷумҳур Раҳмонов ва палатаи болои болои парлумон бо раҳбарии Рустами Эмомалӣ онро тасвиб карданд. Дар қонун гуфта мешавад, афроде, ки қоидаҳои истифодаи нерӯи барқро вайрон мекунанд, аз 27000 то 90000 сомонӣ ҷарима ва ё аз 3 то 10 сол ба зиндон маҳкум мешаванд.

Гуфта мешавад, дар ҳоле Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша аз сарфаҷӯии дар истифодаи нерӯи барқ мегӯяд, ки дар Тоҷикистон маҳудиятҳои зиёде дар истифодаи он амал мекунад, аз ҷумла муштариёне, ки зиёда аз 10 ҳазор киловат соат дар як моҳ барқ истифода мебаранд, арзиши барқ бо нархи корхонаҳои тиҷоратӣ барояшон ҳисоб карда мешавад.

Инчунин тибқи қарори нави Ҳукумати кишвар, аз 1-уми апрели соли 2025 арзиши нерӯи барқ низ боло рафт. Сокинон барои ҳар киловат соат барқ ба ҷойи 30,37 дирам 35,36 дирам пардохт хоҳанд кард.

Бояд гуфт, ин ҳама маҳдудияту гаронӣ дар ҳолест, ки сокинони кишвар аз камбуди барқ ранҷ мекашанд ва маълум нест раисҷумҳур ва масъулин дар баробари ҷазову маҳдудиятҳо барои бартараф намудани ин мушкилот чӣ иқдоме гирифтаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳуҷуми шадиди Исроил ба Лубнон. Исроил Лубнонро ҷузъи оташбас намедонад

Пас аз эълони тавофуқи оташбас байни Эрон ва Амрико Исроил ҳамлаҳои худро ба чандин минтақаи Лубнон шиддат бахшидааст.

Боздошт ва истирдоди модари як фаъоли кушташуда аз Русия ба Тоҷикистон

Дар Русия бо дархости мақомоти тоҷик Амчигул Амиршоева, модари фаъоли шаҳрвандӣ Тутишо Амиршоеви 23-сола, ки моҳи ноябри соли 2021 дар ҷараёни эътирозҳо дар шаҳри Хоруғ кушта шуда буд, боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод гардид.

Вазири дифои Тоҷикистон ҳамлаҳо бар Эронро маҳкум кард

Вазири дифои Тоҷикистон дар як суҳбати телефонӣ бо сарпарасти Вазорати дифои Эрон масоили вобаста ба вазъияти ахири минтақаро баррасӣ кард.

Гурӯҳе аз ҳоҷиёни тоҷик дар Саудӣ овора шудаанд

Гурӯҳе аз ҳоҷиёни тоҷик ба сабаби доштани ҳуҷатҳои қалбакӣ дар сафари ҳаҷ дар Арабистони Саудӣ сарсон шуда, аз сафорати Тоҷикистон дархости баргаштан ба Ватанро карданд.