28.9 C
Dushanbe

Гилаи Раҳмон аз Аврупо барои додани минбар ва паноҳандагӣ ба мухолифон

Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти имрӯзаи Душанбе аз созмонҳо ва кишварҳои авупоӣ барои додани паноҳандагӣ ва минбар ба мухолифони ҳукуматаш нигаронӣ ва гиламандӣ кард.  

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалӣ зери унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо”, ки имрӯз, 18-уми октябр дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, аз зиёд шудани хатару таҳдидҳои терроризму ифротгароӣ гуфт ва таъкид кард, ки “гурӯҳҳои террористӣ” барои густариши фаъолиятҳои худ аз технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ истифода мебаранд.

Дар идома Раҳмон бе овардани номи ягон ВАО ва раҳбари ҳаракат ва гурӯҳе бо таасуф гуфт, ки “бидуни дарки ҳадафҳои аслии созмону гурӯҳҳои ифротиву террористӣ баъзе воситаҳои ахбори омма барои роҳбарони онҳо минбар ё дигар имконоти ибрози матлабро фароҳам меоранд”.

Ӯ онҳоро ба таблиғу ташвиқи “гурӯҳҳои носолим” дар ҷомеаи ҷаҳонӣ муттаҳам намуда, онро ғайрисозанда номидааст.

Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониаш боз аз “ҷанги шаҳрвандӣ” ёдовар шуда, онро таҳмилӣ номид.

Аммо ӯ дар тавсифи ҳукуматаш гуфт: “Тоҷикистон дар хатти аввали мубориза бо хатари ифротгароиву терроризм қарор дошта, на танҳо минтақа, балки қаламравҳои фаротар аз онро аз оқибатҳои фалокатбори ин зуҳурот ҳимоя мекунад”.

Ба назар мерасад, ки Раҳмон инҷо ба қатлу зиндонӣ кардани даҳҳо зодаи Бадахшон, терростиву экстремистӣ эълон кардани ПМТ, ҲНИТ ва Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”, боздошту зиндонӣ ва дар пайгард қарор додани ҳазорҳо бегуноҳи дигар ишора кардааст, ки ин ҳама бо баҳонаи мубориза бо терроризму ифротгароӣ сурат мегиранд. Худи Ҳукумат инро дастоварди бузург медонад ва барои ба номи мубориза бо терроризму ифротгароӣ аз созмонҳо ва кишварҳо маблағҳои ҳангуфте низ талаб ва дарёфт мекунад.

Раҳмон низ аз ҳифзи сарҳад, пешгирии “таҳарруки террористҳо”, интиқоли онҳо аз як минтақа ба минтақаи дигар гуфт ва пешниҳод кард, ки кишварҳо назоратро мувофиқи уҳдадориҳо ва дар доираи ҳуқуқи байналмиллалӣ амалӣ намоянд ва мавқеи ягона нисбат ба мафҳумҳои ифротгароӣ ва терроризм дошта бошанд.

Раҳмонов бе овардани номи ашхосе ё гурӯҳе мегӯяд, ки “имрӯзҳо мо мушоҳида мекунем, ки террористону ифротгароён аз институти “гуреза” ва “паноҳҷӯянда” хуб истифода карда, аз боварии кишварҳои бештар тараққикарда сӯйистифода менамоянд”.

Раҳмон аз кишварҳо талаб кардааст, ки масъалаи ҳуқуқи башар ва ифротгароиву терроризм ҷудо аз якдигар баррасӣ шавад ва ба шахсоне, ки ба “содир кардани амалу кирдорҳои террористӣ” айбдор мешавад паноҳгоҳ дода нашавад ва чунин ашхос сари вақт боздошт ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шаванд.

Эмомалӣ Раҳмон агар номи гурӯҳ ё шахсеро инҷо наоварда бошад ҳам ба гуфтаи таҳлилгарон ӯ мухолифони ҳукуматашу озодандешони тоҷикро, ки бештарашон ба кишварҳои аврупоӣ паноҳ бурдаанд, дар назар дорад. Солҳои охир низ мақомоти Тоҷикистон аз паноҳгоҳ додани кишварҳои аврупоӣ ба намояндагони созмонҳои мухолифе ба монанди ҲНИТ ва “Гуруҳи 24” интиқод мекунанд ва талош доранд пеши ин равандро бигирад.

Дар ҳоле Раҳмон аз мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва додани минбару паноҳандагӣ ба террористон мегӯяд, ки кишварҳои ғарбӣ, созмонҳои баёналмилалӣ ва ҳуқуқӣ башарӣ режими ӯро ба хотири саркӯби мухолифону озодандешон бо баҳонаи мубориза бо терроризму ифротгароӣ, шадидан мавриди интиқод қарор медиҳанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

“Гурӯҳи 24” рафтори мақомоти рус ва беамалии мақомоти тоҷикро маҳкум кард

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” бо нашри изҳороте рейду боздошт ва латтукӯби муҳоҷиронро дар шаҳру ноҳияҳои Русия муносибати ғайриинсонӣ ва бераҳмонаи мақомоти давлатии ин кишвар номид.

Шикояти вакилони дифоъи Хуршед Фозилов

Вакилони дифои рӯзноманигори зиндонӣ Хуршед Фозилов аз болои ҳукми Додгоҳи Панҷакент ба Додгоҳи вилояти Суғд шикоят бурдаанд.  

Латтукӯби муҳоҷирон ва ба маконҳои номаълум бурдани онҳо идома дорад

Чанд рӯзи ахир боздошт ва латтукӯби муҳоҷирон, бахусус муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби нерӯҳои амниятӣ ва интизомии Русия бештар шудааст.

Рафту омад дар роҳи Душанбе-Хуҷанд маҳдуд шуд

Шуруъ аз имрӯз, 1-уми июни соли ҷорӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ барои рафту омади мошинҳо маҳдудият ҷорӣ шудааст.