24.9 C
Dushanbe

Дар нишасти сеҷониба ҳамсояҳо ба чӣ тавофуқе расиданд?

Дар нишасти сеҷонибаи сарони кишварҳои Русия, Тоҷикистону Қирғизистон масъалаи делиметатсия ва демаркатсияи марзӣ баррасӣ шудааст, аммо дақиқ нест, ки ҷонибҳо ба чӣ тавофуқоти ҷиддие расиданд.

Рӯзи 13-уми октябр дар ҳошияи нишасти Ҳамоиши шашуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё дар шаҳри Остонаи Қазоқистон нишасти сеҷонибаи президентҳои Русия, Тоҷикистону Қирғизистон баргузор шуд.

Гуфта мешавад, нишасти мазкур бо ташаббуси ҷониби Русия сурат гирифта, дар он Владимир Путин, Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷаббаров ширкат карданд.

Ба иттилои Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, дар ин мулоқот раҳбарони ҳарсе давлат “масоили амнияти минтақавӣ ва субот дар Осиёи Марказӣ, инчунин масоили марбут ба делиметатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон”-ро баррасӣ карданд.

Зоҳиран аз ин вохӯрӣ чизе, ки барои Тоҷикистону Қирғизистон муҳим бошад, ба даст наомадааст. Танҳо гуфта мешавад, ки “ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки масъалаҳои ба миёномада танҳо бо роҳи сиёсию дипломатӣ, инчунин тавассути фаъолгардонии кори гуруҳҳои ҳукуматӣ ва коршиносон оид ба делиметатсия ва демаркатсия тибқи тавофуқоти қаблан ҳосилшуда, ҳал карда шаванд.”

Коршиносон ҳадс мезананд, ки барои Раҳмон ҳузур ин нишаст қолабӣ буд ва маҷбур шуд ба хотири ташаббуси Русия ширкат кунад. Инро аз наворҳое, ки аз рафти ин нишаст дар Интернет роҳ ёфтанд, мушоҳида кардан мумкин буд, ки Эмомалӣ Раҳмон ба нишаст ҳам таъхир кард ва ҳам бо раисҷумҳури Қирғизистон салом накард.

Русия бо вазъи кунуние, ки ҳоло ба он гирифтор аст, талош дорад, ҳадди ақал вазъ дар кишварҳои ҳампаймононаш, ба хусус Осиёи Марказӣ ором бошад. Аз ин рӯ, мехоҳад дар байни Тоҷкиситону Қирғизистон нақши миёнҷигарро бозӣ кунад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Танишҳои дипломатӣ байни Русия ва Озарбойҷон

Дар пайи боздошти даҳҳо озарбойҷонӣ дар шаҳри Екатеринбург, байни Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Озарбойҷон танишҳои шадиди дипломатӣ ба миён омадааст.

130 млн доллари Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Фонди Рушди Арабистони Саудӣ Султон Абдурраҳмон ал-Маршад мулоқот кардааст.

Ихроҷи густардаи афғонҳо аз Эрон

Мақомоти эронӣ пас аз ҷанги 12-рӯза бо Исроил ихроҷи густардаи муҳоҷирони афғонистониро рӯи даст гирифтаанд.

Ҳушдор! Ба Белорус сафар накунед!

Он муҳоҷирони тоҷикистоние, ки аз Русия бо сабабҳое ихроҷ ва мамнуъулвуруд шудаанд, ба Белорус ҳам сафар карда наметавонанд.