13.9 C
Dushanbe

Раҳмон дар Брюссел бо кӣ мулоқот кард?

Эмомалӣ Раҳмон дар сафари корияш ба Шоҳигарии Белгия бо як қатор аз масъулони ин кишвар ва намояндагони Иттиҳоди Аврупо дидору гуфтугӯ анҷом дод.

Раҳмон бо Президенти Шӯрои Иттиҳоди Аврупо Шарл Мишел

Рӯзи 11-уми октябр Раҳмон бо Президенти Шӯрои Иттиҳоди Аврупо Шарл Мишел мулоқот кард. Дар ин мулоқот масоили рушди ҳамкориҳо дар самтҳои иқтисоду саноат, истихроҷи маъдан, кишоварзӣ ва сайёҳӣ баррасӣ шудааст.

Гуфта мешавад, аз ҷумла яке аз масоили баррасишуда дар мулоқоти Раҳмон бо Шарл Мишел масоили доғи минтақа ва бахусус Афғонистон буд.

Ҳамчунин Раҳмон рӯзи 11-уми октябр бо намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба сиёсати хориҷӣ ва амният Ҷозеп Боррелл низ мулоқот дошт.

Дар ин дидор масоили иқтисоду тиҷорат, энергетика, фарҳанг ва маориф меҳвари асосии гуфтугӯи ҷонибҳо қарор гирифтанд. Инчунин гуфта мешавад, дар масоили Афғонистон низ суҳбатҳо сурат гирифтааст.

Ин намояндаи аврупоӣ баъд аз мулоқот бо Раҳмон дар ҳисоби твиттерияш навиш: “Раҳмон барои табодули муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла оғози Созишномаи мукаммали шарикӣ ва ҳамкорӣ ва муҳокимаи амиқ оид ба Афғонистон омада буд. Тоҷикистон дар таъмини амнияти Афғонистон нақши вижае дорад, мо саъю талошҳои шуморо барои дарёфти роҳҳои ҳалли минтақавӣ дастгирӣ мекунем, ки ба мардуми Афғонистон манфиат меорад.”

Инчунин Раҳмон бо Президенти Палатаи намояндагони Парлумони Федеролии Белгия хонум Элиан Тилйе дидор дошт. Дар мулоқот масоили ҳамкорӣ дар ростои сиёсию қонунгузорӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, фарҳангӣ ва имкониятҳои сайёҳии кишварҳо муҳокима карда шуд.

Коршиносон бар ин назаранд, ки Иттиҳоди Аврупо барои баррасии масоили амниятии Афғонистон Раҳмонро даъват кардааст. Эмомалӣ Раҳмон аз оғози омадани Толибон ба сари қудрат аз Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, ки раҳбарияшро писари Аҳмадшоҳ Масъуд, Аҳмади Масъуд ба дӯш дорад, пуштибонӣ кард.

Аммо иддае аз чеҳраҳои саршиноси Афғонистон, ки ба Тоҷикистон паноҳ оварда буданд, аз он шикоят доранд, ки баъд аз ба охир расидани муҳлати раводидашон Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон дубора раводидашонро тамдид намекунад.

Онҳо мегӯянд, агар Эмомалӣ Раҳмон худро мудофеъи мардуми Афғонистон эълон кардааст, ҳаддиақал иҷозат диҳад, ки раводиди онҳо дигарбора тамдид шавад ва ё онҳое, ки дар марз банд мондаанд, иҷозати вуруд бидиҳад.

Шаҳноз Комилзода, рӯзноманигори тоҷик дар саҳифаи фейсбукаш навишт, ки “як ҳамкасби афғонистониам визояш тамом шудааст, мутаасифона онро барояш тамдид накарданд. Ба тамоми ниҳодҳои марбута рафтем, илтимосу зораву тавало кардем, млн. ҳуҷҷат пешниҳод кардем, нашуд. Ҳоло маҷбур аст ба Афгонистон бо роҳи заминӣ бар гардад. Кадом роҳи гумрукӣ ба самти Афғонистон кор мекарда бошад? Аз кадом роҳ бояд бар гардад?

Бечора ба пои худаш ба лонаи марг меравад. Ман ва худаш ҳам дақиқан медонем, ки ӯро дар ҳамон марз дастгир карда мекушанд, аммо аз Худо мехоҳем, ки дар пеши чашмони зану фарзандонаш накушандаш.”

Корбарон Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистонро барои надодани раводид ва ҳолати онҳоро ба инобат нагирифтан интиқод мекунанд. Инчунин сафорати Тоҷикистон дар Афғонистон ва консулгариҳои кишвар дар бузургшаҳрҳои Афғонистон низ дарҳои худро бар рӯи паноҳҷӯён ва дар умум афғонистониҳо бастаанд, вале тибқи гузоришҳо ҳамакнун нахри як раводиди 60 долларии Тоҷикистон дар бозорҳои сиёҳи Афғонистон бо нахри зиёда аз 400 доллар фурӯхта мешавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оғози сафари Раҳмонов ба Италия

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 22-уми апрел ба Италия ва Ватикан сафар кард.

Тоҷикистону Британия муҳоҷирати корӣ ва парвозҳои мустақимро баррасӣ каданд

Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Дэвид Кэмерон 22-уми апрели соли ҷорӣ дар Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Замон ва макони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо маълум шуд

Сомонаи расмии Ҳукумати Италия бо нашри хабари кӯтоҳе аз мулоқоти сарвазири Итолиё бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рум иттилоъ додааст.

Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ беш аз $7млн барқ фурӯхт

Тоҷикистон дар давоми се моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 7,2 миллион доллар ба кишварҳои ҳамсоя барқ фурӯхтааст.