36.9 C
Dushanbe

Раҳмон раиси “Барқи тоҷик”-ро аз вазифааш барканор кард

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 27-уми январ бо судури фаромне раиси ширкати “Барқи тоҷик” Мирзо Исмоилзодаро аз вазифааш барканор кард. Дар ин бора Хадамоти матбуоти Президент хабар медиҳад.

Акс аз Asia-Plus

Курсии Исмоилзоаро кӣ соҳиб шудааст, ҳоло номаш маълум нест, аммо дар хабар гуфта мешавад, ки раис ва муовинони ширкати “Барқи тоҷик” аз ҳисоби мутахассисони “соҳибтаҷрибаву кордон” таъин гардидаанд.

Мирзо Исмоилзода аз моҳи августи соли 2015 дар вазифаи раиси ширкати “Барқи тоҷик” кор мекард.

Ширкати “Барқи тоҷик” дар Тоҷикистон ягона ширкати барқрасоне маҳсуб мешавад, ки ба ҷуз ВМКБ тамоми кишварро бо барқ таъмин мекунад. Ин ниҳоди давлатӣ аз нерӯгоҳҳои “Сангтӯда-1” ва “Сангтӯда-2”, аз конҳои ангишт, андоз ва ғайра миллиардҳо сомонӣ қарздор аст. Ин аст, ки аз сӯи коршиносон ба хотири реша давондани фасод дар сатҳи болои ин ширкат ҳамеша мавриди интиқод қарор гирифтааст.

Ба назари коршиносон тағйироти кадрӣ дар ширкати “Барқи тоҷик” чандон дар кори он таъсир намерасонад, чун ҳар масъуле, ки меояд ин ширкат дар қарз ва буҳрони молӣ фурӯтар меравад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Фишор болои наздикони фаъолони зодаи Бадахшон

Мақомоти Тоҷикистон фишор болои хонаводаҳои зодагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро, ки дар хориҷ аз Тоҷикистонанду дар ҷустуҷӯ қарор доранд, сахттар кардааст.

Тазоҳуроти фаъолон дар Олмон: Ҳамкорӣ бо Тоҷикистон қатъ шавад!

Гурӯҳе аз фаъолон дар Олмон бо баргузории тазоҳурот ва дархости озодии Абдуллоҳи Шамсиддин, хостори қатъи ҳамкорӣ бо Тоҷикистон шуданд.

Муттаҳидони Русия ҳамлаҳои Исроил ба Эрон ва Ғаззаро маҳкум карданд

Раҳбарони кишварҳои узви гурӯҳи БРИКС дар як баёнияи муштарак...

Боздошти ду ҷавони тоҷик дар Русия бо иттиҳоми озори ноболиғон

Пас аз баргузории ҷашнвораи фарҳангии тоҷикон дар шаҳри Красноярски Русия, ду ҷавони тоҷик бо иттиҳоми озору азияти ду духтари 14-сола боздошт шудаанд.