13.9 C
Dushanbe

Раҳмонов ба Рустам чӣ мерос мегузорад?

Эмомалӣ Раҳмон муддати 30 сол аст, ки дар Тоҷикистон зимоми қудратро мустаҳкам дар даст гирифтааст. Имсол ӯ 70-сола шуд. Дар ин синну сол аксари сиёсатмадорон ҳар қадар боғайрат ҳам бошанд, хаста мешаванд ва ба истироҳат мераванд.

Бо назардошти он ки вақтҳои охир зуд-зуд дар реҷаи кории худ таваққуф мекунад, зоҳиран Эмомалӣ Раҳмон низ каме хаста шудааст.

Бинобар ин, ахиран дар Тоҷикистон сарусадоҳо дар мавриди интиқоли қудрат зиёд шудааст. Кӣ ҷойнишини Раҳмон мешавад, аллакай барои ҳама маълум аст.

Дар ин барнома мо тасмим гирифтем, ки ҳукуматдории сӣ соли ахири Эмомалӣ Раҳмонро хулоса намоем. Мо дар бораи комёбиҳои ӯ сӯҳбат намекунем. Бигузор дастгоҳҳои таблиғотии давлатӣ дар бораи онҳо сӯҳбат кунанд. Мо дар бораи он сӯҳбат хоҳем кард, ки раисиҷумҳури солхӯрда барои мардуми Тоҷикистон чӣ мушкилоте ба мерос хоҳад гузошт.

Ҷойнишини белаёқату ношоиста.

Аввалин ва шояд муҳимтарин суоле, ки ба зеҳни ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон меояд, ин аст, ки оё писари эркаи як диктатори солхӯрда метавонад аз уҳдаи идораи кишвар барояд? Ӯ то кадом дараҷа дар ин масъала лаёқат дорад? Ҳама дар Тоҷикистон мефаҳманд, ки ҳеҷ интихоботе ҷой нахоҳад дошт ва қудрат ба шакли подшоҳӣ интиқол хоҳад ёфт.

Дар ҳақиқат тарси мардуми тоҷик беасос нест. Ба ҳамагон маълум аст, ки Рустами Эмомалӣ дар куҷо ва ба чӣ шакле таҳсил кардааст, кӣ ва бо кадом роҳ ӯро ба вазифаҳои гуногуни давлатӣ пешбарӣ кардааст ва дар паси муваффақиятҳои бардурӯғи ӯ дар ободонии пойтахт, ҳоло шаҳрдори пойтахт аст, кӣ истодааст. Ҳама медонанд, ки ин ҳама натиҷаи амалиёти қаблан тарҳрезишудаи падараш бо номи «ҷойнишин» мебошад. Аммо агар шахсе, ки дар ҷамъият ҳатто ду ҷумла сухан гуфта наметавонад, аз уҳдаи идораи як давлат чӣ гуна мебарояд?

Ҳама медонанд, ки ӯ ягон донишгоҳи Тоҷикистонро хатм накардааст, ҳеҷ вақт донишҷӯи Академияи хоҷагии халқ ва хидмати давлатии Русия набудааст, кӯшиши дохил кардани ӯ ба Донишгоҳи давлатии Маскав ба нокомӣ дучор шудааст, дар Амрико ба омӯзиши забони англисӣ муваффақ нашудааст ва ӯ ҳеҷ гоҳ Академияи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистонро хатм накардааст. Дарки ин масъала мардуми Тоҷикистонро ба даҳшат меафканад.

Гурӯҳҳои бузурги хешовандони Эмомали Раҳмон

Масъалаи дигаре, ки ҳамаро нигарон кардааст, ин аст, ки гурӯҳҳои бузургу қудратманди хешовандони Эмомалӣ Раҳмон пас аз рафтани ӯ чӣ гуна рафтор хоҳанд кард? Ҳанӯз дар замони ҳукуматдории Раҳмон хешовандони ӯ, ки соҳиби имкониятҳои молии бузурге ҳастанд ва дар сохторҳои давлатӣ одамҳои худро доранд, ба гурӯҳҳо тақсим шуданду барои идораи минтақаҳои кишвар ва ба даст даровардани сарватҳои табиии Тоҷикистон байни худ муборизаи беамоне мебаранд. Айни ҳол Эмомалӣ Раҳмон байни онҳо нақши як довареро мебозад. Аммо вақте Рустами Эмомалӣ, ки дар асл сардори яке аз гурӯҳҳои рақобаткунанда мебошад, ҷойнишини ӯ гардад, чӣ мешавад?

Набудани як сохтори давлатии фаъол

Дар тӯли фаъолияти сиёсии худ Эмомалӣ Раҳмон шохаи ҳокимияти худро бар зарари ду шохаи дигар – ҳокимияти судӣ ва қонунгузор тақвият дод. Имрӯз ин шохаҳои ҳокимият дар кишвар амалан вуҷуд надоранд. Низоми давлатӣ пурра дар асоси идораи дастӣ фаъолият мекунад. Дастгоҳи давлатӣ, ки ҳамаи онро идора мекунад, ниҳоят фасодзада ва белаёқат аст.

Ҳокимияти иҷроияи кишвар комилан ба иродаи Президент ва оилаи ӯ тобеъ буда, амалан барои манфиатҳои моливу иқтисодии хешовандони Эмомалӣ Раҳмон хидмат мекунад.

Иқтисоди заиф ва аз тарафи хешовандони Президент монополияшуда

Ҳукумати ношоиста, белаёқат ва фасодзада наметавонад иқтисоди хубе бунёд кунад. Аслан дар Тоҷикистон иқтисоде вуҷуд надорад. Дар кишвар танҳо ширкатҳои монополие вуҷуд доранд, ки ба хешовандони Президент тааллуқ доранд ва аз ҳисоби муомилоти молӣ, интиқоли маблағҳои муҳоҷирон, воридоти маҳсулот, бо роҳи ҳавоӣ мусофиркашонӣ ва боркашонӣ, фурӯши ашёи хоми табиӣ, истихроҷи тилло ва хидматрасониҳои телекоммуникатсионӣ даромад доранд.

Як далели оддӣ дар ин бора ин аст, ки Тоҷикистон худро ҳатто бо ғизои истеъмол мекардааш, таъмин карда наметавонад. Тавре ожонсии радабандии амрикоии Стандарт Энд Пурс (Standard & Poor’s) гузориш медиҳад, Тоҷикистон аз рӯи ҳаҷми воридоти маводи ғизоӣ дар ҷаҳон ҷои аввалро ишғол мекунад. Зиёда аз сеяки воридоти кишвар ба орд, равғани растанӣ ва шакар рост меояд.

Аммо дар баробари ин, Эмомали Рахмон бо овози баланд назди мардум мегӯяд, ки ҳукумати ӯ ҳадафи стратегии кишвар — таъмини амнияти озуқавориро иҷро кардааст.

Сатҳи баланди бекорӣ

Аз сабаби набудани иқтисодиёти фаъол дар кишвар мушкилии бузурги бекорӣ ба миён омадааст. Қисми бузурги қувваи кории кишвар дар ҷустуҷӯи кор ба Русия ва Қазоқистон ҳиҷрат мекунанд. Тибқи гузоришҳои мухталиф, шумораи муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон дар Русия ҳудуди се миллион нафарро ташкил медиҳад.

«Фирори мағзҳо» ва таназзули низоми маориф

Мушкилии дигаре, ки фоҷиабортарин дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, босуръат кам шудани мутахассисон аст. Мутахассисони баландихтисоси соҳаи тиб ва маориф ба таври оммавӣ кишварро тарк мекунанд. Аз ин сабаб дар кишвар норасоии кадрӣ мушоҳида мешавад ва соҳаҳои мазкур ба таназзул дучор мешаванд. Дар асоси маълумоти расмӣ, дар шаш моҳи соли ҷорӣ беш аз ду ҳазор мутахассисони соҳаи тиб кишварро барои ҳамеша тарк кардаанд. Ҳамзамон Созмони Миллали Муттаҳид аз сатҳи ниҳоят пасти таълим дар мактабҳои миёнаи Тоҷикистон изҳори нигаронии ҷиддӣ кардааст.

Масъалаҳои ҳалнашудаи сарҳадӣ

Эмомалӣ Раҳмон ба ҷойнишини худ мушкилиҳои ҳалнашудаи сарҳадиро мерос хоҳад гузошт. Дар ду соли охир ин мушкилӣ боиси ду муноқишаи хунин бо Қирғизистон шудааст, ки боиси марги даҳҳо низомӣ ва сокинони ҳарду кишвар шуд. Раванд чунин аст, ки ҳар як муноқишаи навбатӣ шадидтар, бузургҳаҷмтар ва ҳалли он мушкилтар шуда истодааст.

Дар оянда муноқишаи нав метавонад комилан аз зери назорат берун шавад ва боис шавад, ки Тоҷикистон на танҳо адади сершумори шаҳрвандон ва низомиён, балки заминҳои аз ҷиҳати стратегӣ муҳимро аз даст диҳад.
Дар пасманзари таҳдидҳои беруна, Эмомалӣ Раҳмон натавонист як артиши қавӣ ва боэътимоде созад. Ҳимояи кишвар амалан ба маҳорати ҷангиёни собиқи Иттиҳодияи мухолифини тоҷик ва Фронти халқӣ, ки маҳорати ҷангӣ ва таҷрибаи амалӣ доранд, вобаста аст.Артиши имрӯзаи Тоҷикистон ба таври кофӣ муҷаҳҳаз нест, аслиҳаи замонавӣ надорад, комилан фасодзада аст ва дар муноқишаҳои ахир бо Қирғизистон натавонистааст дар муқобили паҳподҳои туркӣ, аз тарафи артиши Қирғизистон истифода шуд, коре карда бошад.

Қарзи давлатӣ

Хатари дигари муҳиме, ки на танҳо ба соҳибихтиёрӣ, балки ба давлатдории Тоҷикистон таҳдид мекунад, ин қарзи бузурги давлатии кишвар аст. Ҳаҷми умумии қарзи давлатӣ 3 миллиарду 700 миллион доллар буда, ба 46 дарсади Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар баробар аст. Ҳамзамон 60 дарсади қарзи давлатии Тоҷикистон, ё қариб 2 миллиард доллар ба Чин рост меояд. Дар робита бо ин, аксари коршиносон ҳушдор медиҳанд, ки Пекин метавонад бар ивази қарз заминҳои кишварро талаб кунад.

Поймолшавии ҳуқуқи инсон

Яке аз мушкилоти умдаи мавҷуда дар Тоҷикистон ин поймолшавии ҳуқуқу озодиҳои инсон аст. Тоҷикистон бо сардории Эмомалӣ Раҳмон дар давоми 7-8 соли ахир дар шохиси радабандии созмонҳои ҳуқуқӣ аз ҳама зинаҳои поёнтарро касб мекунад. Солона даҳҳо озодандешу диндоронро бо баҳонаи “мубориза бо терроризм” ба солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон мекунад. Аҳолии Тоҷикистон соли 2022 аз ҳама давраи сахттарини поймолшавии ҳуқуқи инсонро дар таърихи ин кишвар таҷриба карданд. Худи ҳамин сол бо баҳонаҳои мубориза бо гурӯҳҳои ифротгаро даҳҳо нафар дар Бадахшон кушта ва даҳҳо нафари дигар боздошту зиндонӣ шуданд. Ҳатто онҳое, ки берун аз Тоҷикистон қарор доштанд ва каму беш қатли оми Эмомалӣ Раҳмонро дар Бадахшон интиқод карданд, даҳҳо нафарашон аз Русия дуздида шуда ба Тоҷикистон оварда шуданд ва ба солҳои тӯлонӣ пушти панҷараи зиндон рафтанд. Рӯзноманигороне, ки аз камбудиҳои ҳукумат бо ҷуръатона мегуфтанд, ҳама зиндонӣ шуданд. Аксари созмонҳои ҳуқуқи башарӣ борҳо аз Ҳукумати Тоҷикистон раҳоии бечуну чарои онҳоро дархост карданд, вале хостаи худи Раҳмон болотар аз ҳама меистад, ки ба ин хостаҳо посухе надоданд.

Акнун дар ҳоле, ки аҳолии Тоҷикистон ба шиддат аз Раҳмонов ва хонаводааш нафрат пайдо кардаанд, оё Рустам метавонад ин нафратро аз дили сокинон бартараф кунад ва ё ӯ низ дар зулму истибдод пайравӣ падараш мешавад?

Хулоса

Тавре мебинед, дар сурати интиқоли қудрат Эмомалӣ Раҳмон ба ҷойнишини ояндааш мушкилоти зиёдеро ба мерос хоҳад гузошт. Бархе аз ин мушкилиҳоро раисҷумҳури феълӣ ҳал накардааст, бархе дигарро худаш ба миён овардааст. Аммо ҳоло суол инҷост, ки оё Рустами Эмомалӣ чолишҳоеро, ки кишвар дар оянда дучор хоҳад шуд, дарк мекунад ва барои ҳалли онҳо талош хоҳад кард? Оё ӯ лаёқати инро дорад?

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оғози сафари Раҳмонов ба Италия

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 22-уми апрел ба Италия ва Ватикан сафар кард.

Тоҷикистону Британия муҳоҷирати корӣ ва парвозҳои мустақимро баррасӣ каданд

Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Дэвид Кэмерон 22-уми апрели соли ҷорӣ дар Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Замон ва макони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо маълум шуд

Сомонаи расмии Ҳукумати Италия бо нашри хабари кӯтоҳе аз мулоқоти сарвазири Итолиё бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рум иттилоъ додааст.

Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ беш аз $7млн барқ фурӯхт

Тоҷикистон дар давоми се моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 7,2 миллион доллар ба кишварҳои ҳамсоя барқ фурӯхтааст.