13.9 C
Dushanbe

Раҳмонов аз хатари терроризму таъсиси Маркази ягонаи иттилоотӣ гуфт

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солонааш ба Маҷлиси Олӣ боз аз гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва роҳҳои пешгирӣ аз пайвастани шаҳрвандон ба ин гурӯҳҳо гуфт.

Имрӯз, 23-юми декабри соли 2022 дар “Кохи Сомон” ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, Эмомалӣ Раҳмон паёмашро ба Маҷлиси Олӣ ироа кард.  

Дар ин ҷаласа раисҷумҳур гуфт, ки гурӯҳҳои террористиву эктремистӣ, барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода мекунанд ва ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд. Аммо Раҳмонов аз ягон гурӯҳу ташкилоте мушаххас ном набурд.

Раҳмонов аз мақомоти дахлдор хост, ки “ҳамоҳангсозии фаъолиятро дар самти ошкор ва пешгирӣ намудани хавфу хатарҳои террористиву экстремистӣ боз ҳам вусъат бахшида, бо роҳи тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ пеши роҳи гароидани ҷавононро ба равияҳои ифротгаро гирифта, онҳоро дар рӯҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ тарбия намоянд”.

Инчунин Президент барои пешгирӣ намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистиву террористидошта ва ҷиноятҳое, ки бо истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ содир карда мешаванд, ба Прокуратураи генералӣ, КДАМ ва ВКД супориш дод то барои таъсиси Маркази ягонаи иттилоотӣ якҷо бо дигар вазорату идораҳо ин масъаларо омӯхта, ба Ҳукумат пешниҳод кунанд.

То ҳол маълум нест “Маркази ягонаи иттилоотӣ”, ки Раҳмонов барои таъсиси он супориш дод чӣ кореро анҷом хоҳад дод. Аммо мақомоти кишвар солҳои охир бо баҳонаҳои экстремизму терроризм нафаронеро, ки зери навори мухолифон лайк гузоштаанд равонаи зиндон кардаанд. Ҳатто рӯзноманигорону фаъолонро барои ибрози андеша дар шабакаҳои иҷтимоӣ боздошту ба солҳои тӯлонӣ зиндонӣ кардаанд.

Дар ҳамин ҳол раисҷумҳур ғайричашмдошт аз сифати Интернет дар Тоҷикистон нитиқод карда гуфт, “нарху суръати Интернет қонеъкунанда нест.”

Эмомалӣ Раҳмон мегӯяд, “таъмин намудани суръати баланди Интернет ва дастрас будани нархи он барои рушди иқтисоди рақамӣ, зеҳни сунъӣ таъмин намудани амнияти иқтисодӣ ва ҷалби сармоя зарурӣ мебошад”.

Тибқи омори президент, теъдоди муштариёни интернет дар Тоҷикистон ба 4,3 миллион нафар расидааст, аммо ба гуфтаи Раҳмон “суръат ва арзиши интернет ҳанӯз қонеъкунанда нест. Сайёҳон ба куҷо мераванд, ба он кишвар, ки суръати баланди интернет дорад”.

Эмомалӣ Раҳмон аз Хадамоти алоқа ва ширкатҳои мухобиротӣ талаб кард, барои боло бурдани суръати Интернет, паст кардани нархи он ва дастрас кардани интернети баландсуръат дар минтақаҳо чораҳои зарурӣ андешанд.

Танқиди Эмомалӣ Раҳмон аз суръати Интернет дар кишвар дар ҳолест, ки солҳост сокинон ва меҳмонон аз бад будани сифати он ва нархи гарони он шикоят мекунанд. Аммо Ҳукумат, аз ҷумла Хадамоти алоқа бо сарварии Бек Сабур, қудои раисҷумури Тоҷикистон ҳамеша аз сифати Интернет дар кишвар тавсиф намуда, дар аксар ҳолатҳо ё аз суол дар ин бора мегурезед, ё телефонҳои мобилии сокинонро сабаби суст будани Интернет мехонад.

Дар умум Раҳмонов дар ин паёмаш низ суханҳои тозае барои мардум пешкаш накард, ба ҷуз ҳарфҳои такрории обшуста, ки солҳост садо медиҳанд.

Яке аз нуктаҳои такрории ин паёмҳо, ки бештар аз ҷониби коршиносон мавриди интиқод қарор мегирад, ин муқоисаи шароити иқтисодӣ ва оморҳои солҳои 90-уми ба ин солҳост. Ба гуфтаи огоҳони умур, чунин муқоисакунӣ, ки гӯё 25-30 соли пеш буҷаи кишвар фалон миқдор буду ҳоло фалон миқдор шудааст ва инро ба рушди иқтисоди кишвар ва беҳтар шудани шароити иқтисодии мардум намоиш додан, оқилона нест. Бино ба гуфтаи онҳо, бояд Раҳмонов дар чунин муқоисакуниҳо бояд беқурбшавии пули миллиро низ дар баробари асъори хориҷӣ ба инобат бигирад, дар он ҳолат маълум хоҳад шуд, ки давоми ин солҳо иқтисоди кишвар чӣ миқдор рушд кардааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оғози сафари Раҳмонов ба Италия

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 22-уми апрел ба Италия ва Ватикан сафар кард.

Тоҷикистону Британия муҳоҷирати корӣ ва парвозҳои мустақимро баррасӣ каданд

Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Дэвид Кэмерон 22-уми апрели соли ҷорӣ дар Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Замон ва макони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо маълум шуд

Сомонаи расмии Ҳукумати Италия бо нашри хабари кӯтоҳе аз мулоқоти сарвазири Итолиё бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рум иттилоъ додааст.

Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ беш аз $7млн барқ фурӯхт

Тоҷикистон дар давоми се моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 7,2 миллион доллар ба кишварҳои ҳамсоя барқ фурӯхтааст.