13.9 C
Dushanbe

РАҲМОНОВ – АСОСГУЗОРИ ТЕРРОРИЗМ ДАР ТОҶИКИСТОН

Раҳмоновро  пайравонаш дар назари мардум ва ҳатто ҷаҳониён “ассогузори сулҳу ваҳдат” муарифӣ менамоянд, ҳатто талошҳое ҳам кардаанд, то ин ки ӯ дорандаи ҷоизаи Нобел гардад, локин ҷоизасупорони нобелӣ, мисли мардуми бечораи тоҷик нест, ки бо зулм “боевик”-ро сулҳофар муарифӣ кунанд.

Ҳатто нафароне, ки худашон ин унвонро сохта ба “пешво”-яшон часпонданд, дар “эҷод”-ашон бо шубҳа менигаранд, чунки бо роҳи ҷанг ба сари қудрат омадани “ҷаноб” ва бо тарсу ваҳшат, яъне ”террор” давом ёфтани ҳукуматашро, ҳамагон дар дохилу хориҷи кишвар медонанд ва борҳо ҳам аз тарафи хоҷагонаш ва ҳам аз тарафи “дӯсти колхозчӣ”-аш низ тасдиқ ёфтааст.

Чуноне, ки дар матлабҳое қаблӣ зикр кардем мутахасисони соҳаи ҳуқуқ навъҳои гуногуни “терроризм”-ро муайян кардаанд. “Пешво”, ки дар ҳама соҳаҳо “пешсаф” аст, дар иҷрои намудҳои “терроризм” ҳам саҳми худро гузошта, ба қатори дигар “дастовардҳояш” унвони наверо низ касб намудааст. Ин ҳам бошад “асосгузори терроризм дар Тоҷикистон” ва татбиқи намудҳои гуногуни “террор” бар зиди сокинони маҳаллӣ  аст.

Навъҳое “терроре”, ки Раҳмонов бевосита иҷрокунандаи он ба шумор меравад, “террор”-и давлатӣ, дохилӣ, сиёсӣ, равонӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, идиологӣ, миллӣ, оилавӣ ва касбӣ мебошад. Дар тӯли таърих ба мисли Раҳмонов адади каме аз диктаторҳоро пайдо намудан мумкин аст, ки ҳама ин гуна намудҳои даҳшатро болои миллати худ раво дида бошад. Чанде аз қоидаҳои “террозим”-ро меорем, то ҳамватанон Раҳмоновро ба дурустӣ ташхис намуда, баъзе гумонҳояшонро ба яқин табдил диҳанд.

Терризми сиёсӣ чеҳараҳои зиёд дорад, баъзан онро режимҳои тоталитарӣ барои пахш кардани иродаи халқҳо, гурӯҳҳои сиёсӣ ва роҳбарони онҳо истифода мебаранд.

Аз ҷиҳати равонӣ терроризм низ як роҳ аст. Маишат, тафаккур ва фаъолияти махсус, аз ҷумла барои ба мақсадҳои шахсӣ ё гурӯҳӣ расидан, террорро ҳамчун ҳадаф истифода мебаранд.

Террозми иқтисодӣ бо истифодаи қудрати иқтисодии давлат ба муқобили кишварҳо ё ширкатҳо ва фирмаҳои номатлуб, равона карда мешавад.(Корлев.А.А.2008)

Яке аз хусусиятҳои ҳукуматҳои худкома ва диктаторӣ ин аст, ки ҷиноятҳое, ки аз тарафи худи режим анҷом мешавад гунаҳкоронаш “ғайб” мезананд ва солҳо гузарад ҳам пайдо намешаванд. Чунки ба монанди филми “Алибобо ва чил роҳзан” ҷинояткори асосӣ худи роҳбари роҳзанҳост аст. “Роҳзан-пешво” дар кабинет фармони қатлу ғоратро имзо мекунаду ҳангоми ҷашнҳо (дӯстдоштатарин рӯзҳои ҳукуматаш) “Тоҷикистон аз манӣ”-гуфта мечархонад.

Дар мавриди рӯзҳои дар асорат будани Қадриддин Аслонов (собиқ раиси Шурои Олӣ ва имзо кунандаи санади истиқлолияти Тоҷикистон) иттилооти расмӣ вуҷуд надорад. Танҳо гурӯҳе, ки Аслоновро ба асорат гирифта буданд, зери роҳбарии Ф.Саидов, яке аз роҳбарони Фронти Халқӣ қарор дошт. Ба қавли шоҳидон, ӯро декабри соли 1992 баъд аз  чанд муддати асорат ба қатл расониданд. Бо гузашти 30 сол то ба ҳол қотилони Қадриддин Аслонов пайдо нашудаанд.

Умаралӣ Қувватов шаби 5 марти соли 2015 дар маҳаллаи Фотеҳи Истамбул бо зарбаи тири туфангча кушта шуд. Тарфдорони Қувватов дар қатли ӯ мақомоти Тоҷикистонро айбдор медонанд. Дар гузориши Human Rights Watch низ гуфта мешавад, ки қатли роҳбари “гурӯҳи 24” Умаралӣ Қувватов бо “дахолат ва ризояти ҳукумати Тоҷикистон” сурат гирифтааст.

Боздошту ҳабс ва марги соҳиби ширкати “Умед 88” баҳсҳои рақобати носолим ва шароити танги тиҷорат дар Тоҷикистонро бештар кардааст.

Дар ҳодисаҳои охири Бадахшон , ки талабҳои сокинони Хоруғ иҷрошаванда  буд, дар назари Раҳмонов “беилоҷ” номида шуда, ба гурӯҳи силоҳбадасташ амри “безарар” гардонидани иштирокчиён содир намуд. Дар натиҷаи ин  амали “террористи”-и “пешво” аз рӯи манбаҳои мустақил адади кушташудагон беш аз 30 ва дастгиру шиканҷа шудагон тақрибан 300 нафарро ташкил медиҳанд.

Дар шаш моҳи аввали соли 2022  аз  Русия ба Тоҷикистон ҷасади беш аз 450 ва ҳамасола тақрибан мурдаи ҳазор нафар муҳоҷиронро ба Ватан меоваранд, аммо ҳукумат ва хоссатан Раҳмонов ҳеҷ кӯмак ва ҳатто ҳамдардие ба наздикони онҳо, ки пуркунандаи буҷа ва фирмаҳои “оила” ба ҳисоб мераванд, изҳор накардааст. Дар сурате, ки агар дар он тарафи дунё шаҳрванди хориҷие ба фалокат гирифтор шавад, аз аввалинҳо шуда дафтари раиси ҷумҳур ҳамдардиашро баён менамояд.

Агар ҳама террорҳои Раҳмонов ва ҷиноятҳояшро дарҷ намоем, китобҳо пур мешаваду боз ҷиноятҳояш боқӣ мемонад. Чунки таъсири ҷиноятҳои роҳбари давлатро бо адади сокинони кишвар ҷамъ намуда, пас аз он ба ҳисоб мегиранд. Вақто ки замини кишварро ба Чин мебахшад, тамоми конҳоро дар ихтиёри чинниҳо месупорад, аз қароргоҳҳои лашкари Русия иҷорапулӣ намегирад, дар муқобили таҷовузи кишвари ҳамсоя хомӯш истода, аз заминҳои Исфара гузашт мекунад, 600 км квадаратии масоҳати Ватанро “гум” мекунонад, аксари мардуми кишварро ба ғуломӣ равон карда, беқадру дастнигар менамояд, ҷавононро шикор намуда, дар хизмати “оила” маъюб ё ба қатл мерасонад, муалимонро аз бемаошӣ ба мардикорӣ ва занҳои миллатро ба “занмардикорбозор” меронад, моли тоҷиронро тороҷ ва худашонро “террор” мекунад, олимону рузноманигоронро ба зиндон андохта, озодандешонро хоини миллат мехонад, қувваи барқро ба хориҷа фурӯхта, сокинонро аз рӯшноӣ маҳрум менамояд, мактабу маорифро ба фасоду ҷаҳл кашида, миллатро дар бесаводӣ қарор медиҳад, миллиардҳо долларро аз номи давлат қарз гирифта, дар ҳисоби оилавиаш зам намуда, тифли навзоди миллатро қарздор кардааст, оё осори бади ин ҳама ҷиноятҳо ба 10 млн сокинони кишвар намерасад?!

Дар ҷавоб гуфтанием, чуноне ки бомбаи атомӣ дар Ҷопон то солҳо зиёд ба наслҳо оянда, таъсири кимиёвии худро расонидааст, “террорҳо” ва ҷиноятҳои Раҳмонов ҳам дар равони сокинони кишвар ҷой гирифтааст ва осори манфии он ба наслҳои баъдӣ низ таъсири баде расонида, ташаккули зеҳнӣ ва ахлоқии онҳоро осебпазир менамояд. Бинобар ин, ҳар чи зудтар шаҳрвандони кишвар бояд аз пайи ободии Ватан ва дур кардани ин “террорист” шаванд, чӣ қадар умри “ҳукумати оилавӣ” дароз шавад, ҳамон қадар хатари пош хӯрдани ватану миллат зиёдтар мегардад. “Ин аҳволро ислоҳ кардан лозим аст, модоме ки, ман ислоҳ карда наметавонам аз вай нафрат кардан зарур аст”. А.Дониш.Ёдоштҳо.С.Айнӣ.7-445

Поёни сисиламатлаби “ТЕРРОРИЗМ”

Салмон Саидзода

Аз идораи сомона: Гӯшаи “Блоги Шумо” минбари гуногунандешӣ буда, матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Azda tv” нестанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оғози сафари Раҳмонов ба Италия

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 22-уми апрел ба Италия ва Ватикан сафар кард.

Тоҷикистону Британия муҳоҷирати корӣ ва парвозҳои мустақимро баррасӣ каданд

Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Дэвид Кэмерон 22-уми апрели соли ҷорӣ дар Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Замон ва макони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо маълум шуд

Сомонаи расмии Ҳукумати Италия бо нашри хабари кӯтоҳе аз мулоқоти сарвазири Итолиё бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рум иттилоъ додааст.

Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ беш аз $7млн барқ фурӯхт

Тоҷикистон дар давоми се моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 7,2 миллион доллар ба кишварҳои ҳамсоя барқ фурӯхтааст.