Акс: Интернет Зарар аз қатъи интиқоли неӯри барқ ва ҷорӣ кардани лимит дар истифодаи онро, ки имсол низ наздик ба як моҳ мешавад идома дорад, касе ҳисоб накардааст. Ва агар ҳам кардааст, дар дастрасии ҷомеаи кишвар қарор надодааст. Беш аз 20-у анд сол мешавад, ки аҳвол ба ин минвол давом дорад. Ҳамин ки фасли сармо […]
AZDA.TV· Ба дигарон фирист
Акс: Интернет
Зарар аз қатъи интиқоли неӯри барқ ва ҷорӣ кардани лимит дар истифодаи онро, ки имсол низ наздик ба як моҳ мешавад идома дорад, касе ҳисоб накардааст. Ва агар ҳам кардааст, дар дастрасии ҷомеаи кишвар қарор надодааст. Беш аз 20-у анд сол мешавад, ки аҳвол ба ин минвол давом дорад.
Гуфта мешавад шӯъбаи бонкҳо, ки кори асосии онҳо дастрас кардани маблағҳои фиристодаи муҳоҷирон буд, онҳо ҳам аксарият ғайрифаъоланд. Ва,ё марказҳои диллерӣ, ки мардум пули интернет ва ё телефони ҳамроҳашро мегузаронду бо падар ё писар ва ё бародар ва ҳатто хоҳару модари муҳоҷири дар ғарибиҳо мардикораш сӯҳбат мекард. Ҳоло, ки коронавирус дар деҳаҳо бедод мекунад, барои як нафаре, ки дастгоҳи нафаскашии сунъӣ лозим дорад, чи бояд кунанд? Чун барқ нест!
Зиндагии мардумро на танҳо дар хонаҳо, дар коргоҳҳо ҳам яхзада кардааст. Коргоҳе, ки қанд истеҳсол мекард, набот месохт, ҳамин тавр кулчақанду анвои дигар маҳсулоти ордӣ мисли “хлеб”-у нон мепухт ҳамаро бебарқӣ бекор кардааст. Ҳазорон хонавода аз ин ҷиҳат дар саросари кишвар зарар дидаанд. Коргоҳҳояшонро ҳам ях зад. На ҳама автозаправкаҳо-нуқтаҳои фурӯши бензину газ дар шароити бебарқӣ имконияти фаъолият доранд. Боз даҳҳо, балки садҳо корхонаҳои хурду миёнаи хусусие дар музофот ҳастанд, ки аз кор монданд. Барои мисол устохонаи тармими мошин ва нуқтаи шустушӯи он ва амсоли инҳо.
Инро ҳам ба ҳисоб бигирем, ки қисмате аз корҳо тавассути интернет анҷом дода мешавад ва алоқаву иртиботи тиҷоратӣ низ бо ин роҳ идома дорад, аз ин ҳисоб низ зарар ба мардум андак намерасад. Хуб, посухи ин ҳама зарару зиёни бебарқиро кӣ медиҳад?
Мусаллам аст, ки масъалаи таъминот бо нерӯи барқ вазифа ва масъулияти ҳукумат аст. Масъалае нест, ки ҳаллу фасли он марбут ва вобаста ба мардум бошад. Ҳам барои Сангтӯда ва ҳам барои Роғун, ки зудтар сохта бишаванд ва аз танқисиву норасоии нерӯи барқ мардум ва кишварамон наҷот ёбад, ба садҳо миллион (доллар) саҳмия харидем. Мақсад ҳашар карда пул додем, ки тезтар соҳиби “свет” шавем. Бархе аз бизнесменҳо ба мисли Зайд Сайидов ҳатто ниммиллиону як миллион доллар доданд. Аз ҷумла ҲНИТ низ аз ин саҳмияҳо харида буд.
Ба ҳар ҳол барои дастрасӣ ба барқи доимӣ ҳар чизе аз дасти мардум меомад, кард. Аммо ончуноне мебинем ҳамоно мушкил бартараф намешавад. Ҳанӯз тобистон маълум шуд, ки оби ҳавзи Норак кам аст ва ин имкон вуҷуд дошт, ки дигарбора лимит ҷорӣ шавад. Ҳукумат дар ин бора изҳорот ҳам дод. Аммо моҳе нагузашт, ки “Барқи тоҷик” эълом кард кадом лимите ҷорӣ нахоҳад шуд. Мардумро итминон доданд.
Сухангӯи ширкати “Барқи тоҷик” Нозирҷон Ёдгорӣ боз ҳам ҳамон сӯҳбатҳои қаблиашро такрор мекунад ва наметавонад бигӯяд, ки ҳама чиз дуруст, хатҳои баландшиддат фаъол, корҳои профилактикӣ кайҳо тамом шудааст, трансформаторҳо ҳам корӣ, аммо лимит ҷорӣ шудааст ва иллаташ ҳам камбуди оби ҳавз аст. Дар Тоҷикистоне, ки гуфта мешавад соҳиби 60% захоири оби минтақа аст, камбуди об пеш омадааст. Камбуд ба ҳадде аст, ки ҳавзи Норак пур нашуд.
Хуб, агар тобистон маълум шуда буд, ки ҳавз пур нашудааст, чаро роҳи чорае наҷустед? Магар имкон надорад, ки аз берун нерӯи барқ харид? Афғонистону Узбекистон аз мо нерӯи барқ мехаранд. Инҷо гуфтанӣ нестам, ки барои онҳо нафурӯшем. Агарчанде чизеро, ки худат муҳтоҷӣ набояд фурӯхт. Аммо онҳо барои онки мардумонашонро дар торикӣ ва сардӣ нигоҳ надоранд аз мо барқ мехаранд. Пас, пурсише ба таври табиӣ пеш меояд, ки сохторҳои марбута ва ниҳоят ҳукумат ва Президенти мо барои мушкилиро аз болои мардум бартараф кардан чаро барқ намехаранд?
Як сокини Рузвай ё Ёгеди Дарвоз саҳар мехезад, ки дар он тарафи марз хешу табораш дар Афғонистони ҷангзада “свет” доранд, як сокини Хоҷаи Аъло ва ё Чоркӯҳ ба он самти марз менигарад ва мебинад, ки “қирғизҳо”-и митингчӣ ва соҳиби давлати ниҳодинанашуда “свет” доранд ва ҳамин тавр сокинони сарҳаднишини ҳамсоя бо Узбакистон аз Шаҳритус гирифта то Конибодому Панҷекату Мастчоҳу ғайра. Онҳо бо барқ таъминанду чаро мо тоҷикҳо надорем?
Масъалае, ки касро ба фикру андеша мебарад ин аст ки оё раиси ҷумҳурӣ аз инки дар тамоми деҳоти мамлакат нерӯи барқ соатбайъ дода мешавад, аз 7-у 8-и саҳар то 18-и шом (ҳоло дар ин вақт шаб аст дигар) хабар дорад ё не? (Хабарҳо ҳокӣ аз он аст? ки ҳафтаи ахир аз соати 22-и шаб то 02 субҳ ва гоҳо 03 ҳам нерӯи барқ қатъ шуда истодааст). Зеро ӯ дар ҳамин суханронии ахираш дар маросими савгандёкуниаш бори дигар гуфт, ки бо саъю талоши ҳукумат аз камбуди барқ раҳо ёфтем:
“Аз ҷумла бо саъю талоши Ҳукумати мамлакат ва дастгириву заҳмати содиқонаи мардуми кишвар мо дар роҳи расидан ба ҳадафи стратегии худ – истиқлоли энергетикӣ боз як қадами бузургу устувор гузоштем, яъне ду агрегати нерӯгоҳи барқи обии «Роғун»-ро ба истифода супоридем, ки ин рӯйдод дар таърихи навини Тоҷикистон яке аз дастовардҳои муҳим гардид. Дар натиҷа ҳаҷми умумии истеҳсоли нерӯи барқ дар мамлакат ба 21 миллиард киловатт – соат расид ва маҳдудияти интиқоли он дар фасли зимистон бартараф карда шуд”.
Ин суханони Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросим ба муносибати савгандёдкуниаш аст, ки 30.10.2020 дар шаҳри Душанбе садод доданд. Аммо 31.10.2020 “светмурӣ” сар шуд.
Раиси ҷумҳур аз кордарории ду агрегати Роғун зикр кард, ки бар тибқи маълумоти расман интишоршуда то моҳи октябр 1.миллиарду 600 миллион кв.соат истеҳсол кардааст. Афзун бар ин ҳарду ТЕС-маркази гармидеҳии Душанбе, ки миллионҳо кв.соати дигар изофа кардааст. Гузашта аз инҳо, корхонаи азими Талко, ки дар як шабонарӯз 21 миллион кв.соат масраф мекард, ҳоло ҳамагӣ аз 6 то 7 миллион истифода мекунад. Аз ин ҳисоб ҳам 15 млн сарфа шудааст. Пас, ин ҳама нерӯи барқи зиёдшуда ва сарфамешуда куҷо меравад ва чаро мардум дар ин фасли қаҳратун бебарқ бошанд?
Мо барои беҳтар кардани таҷрибаи шумо ва фаҳмидани тарзи истифодаи сайт кукиҳоро истифода мебарем. Шумо метавонед розӣ шавед ё рад кунед. Рад кардан метавонад баъзе имкониятҳоро маҳдуд кунад.
Functional
Always active
The technical storage or access is strictly necessary for the legitimate purpose of enabling the use of a specific service explicitly requested by the subscriber or user, or for the sole purpose of carrying out the transmission of a communication over an electronic communications network.
Preferences
The technical storage or access is necessary for the legitimate purpose of storing preferences that are not requested by the subscriber or user.
Statistics
The technical storage or access that is used exclusively for statistical purposes.The technical storage or access that is used exclusively for anonymous statistical purposes. Without a subpoena, voluntary compliance on the part of your Internet Service Provider, or additional records from a third party, information stored or retrieved for this purpose alone cannot usually be used to identify you.
Marketing
The technical storage or access is required to create user profiles to send advertising, or to track the user on a website or across several websites for similar marketing purposes.