14.9 C
Dushanbe

Роҳи раҳоӣ аз норасоии нерӯи барқ вуҷуд дорад?

Зарар аз қатъи интиқоли неӯри барқ ва ҷорӣ кардани лимит дар истифодаи онро, ки имсол низ наздик ба як моҳ мешавад идома дорад, касе ҳисоб накардааст. Ва агар ҳам кардааст, дар дастрасии ҷомеаи кишвар қарор надодааст. Беш аз 20-у анд сол мешавад, ки аҳвол ба ин минвол давом дорад.

Ҳамин ки фасли сармо дар кӯфт, равшанӣ ва гармӣ хонаҳои мардуми тоҷикро тарк мекунад. Аз ватани азизамон хабарҳои ғамангезе мерасад. Имсол низ манзилҳои мардум яхзада, мактабу боғчаҳо яхзада, беморхонаву беморҳо яхзада, чойхонаву ошхонаҳо яхзада, идораи ҷамоатҳо яхзадааст.

Гуфта мешавад шӯъбаи бонкҳо, ки кори асосии онҳо дастрас кардани маблағҳои фиристодаи муҳоҷирон буд, онҳо ҳам аксарият ғайрифаъоланд. Ва,ё марказҳои диллерӣ, ки мардум пули интернет ва ё телефони ҳамроҳашро мегузаронду бо падар ё писар ва ё бародар ва ҳатто хоҳару модари муҳоҷири дар ғарибиҳо мардикораш сӯҳбат мекард. Ҳоло, ки коронавирус дар деҳаҳо бедод мекунад, барои як нафаре, ки дастгоҳи нафаскашии сунъӣ лозим дорад, чи бояд кунанд? Чун барқ нест!

Зиндагии мардумро на танҳо дар хонаҳо, дар коргоҳҳо ҳам яхзада кардааст. Коргоҳе, ки қанд истеҳсол мекард, набот месохт, ҳамин тавр кулчақанду анвои дигар маҳсулоти ордӣ мисли “хлеб”-у нон мепухт ҳамаро бебарқӣ бекор кардааст. Ҳазорон хонавода аз ин ҷиҳат дар саросари кишвар зарар дидаанд. Коргоҳҳояшонро ҳам ях зад. На ҳама автозаправкаҳо-нуқтаҳои фурӯши бензину газ дар шароити бебарқӣ имконияти фаъолият доранд. Боз даҳҳо, балки садҳо корхонаҳои хурду миёнаи хусусие дар музофот ҳастанд, ки аз кор монданд. Барои мисол устохонаи тармими мошин ва нуқтаи шустушӯи он ва амсоли инҳо.

Инро ҳам ба ҳисоб бигирем, ки қисмате аз корҳо тавассути интернет анҷом дода мешавад ва алоқаву иртиботи тиҷоратӣ низ бо ин роҳ идома дорад, аз ин ҳисоб низ зарар ба мардум андак намерасад. Хуб, посухи ин ҳама зарару зиёни бебарқиро кӣ медиҳад?

Мусаллам аст, ки масъалаи таъминот бо нерӯи барқ вазифа ва масъулияти ҳукумат аст. Масъалае нест, ки ҳаллу фасли он марбут ва вобаста ба мардум бошад. Ҳам барои Сангтӯда ва ҳам барои Роғун, ки зудтар сохта бишаванд ва аз танқисиву норасоии нерӯи барқ мардум ва кишварамон наҷот ёбад, ба садҳо миллион (доллар) саҳмия харидем. Мақсад ҳашар карда пул додем, ки тезтар соҳиби “свет” шавем. Бархе аз бизнесменҳо ба мисли Зайд Сайидов ҳатто ниммиллиону як миллион доллар доданд. Аз ҷумла ҲНИТ низ аз ин саҳмияҳо харида буд.

Ба ҳар ҳол барои дастрасӣ ба барқи доимӣ ҳар чизе аз дасти мардум меомад, кард. Аммо ончуноне мебинем ҳамоно мушкил бартараф намешавад. Ҳанӯз тобистон маълум шуд, ки оби ҳавзи Норак кам аст ва ин имкон вуҷуд дошт, ки дигарбора лимит ҷорӣ шавад. Ҳукумат дар ин бора изҳорот ҳам дод. Аммо моҳе нагузашт, ки “Барқи тоҷик” эълом кард кадом лимите ҷорӣ нахоҳад шуд. Мардумро итминон доданд.

Сухангӯи ширкати “Барқи тоҷик” Нозирҷон Ёдгорӣ боз ҳам ҳамон сӯҳбатҳои қаблиашро такрор мекунад ва наметавонад бигӯяд, ки ҳама чиз дуруст, хатҳои баландшиддат фаъол, корҳои профилактикӣ кайҳо тамом шудааст, трансформаторҳо ҳам корӣ, аммо лимит ҷорӣ шудааст ва иллаташ ҳам камбуди оби ҳавз аст. Дар Тоҷикистоне, ки гуфта мешавад соҳиби 60% захоири оби минтақа аст, камбуди об пеш омадааст. Камбуд ба ҳадде аст, ки ҳавзи Норак пур нашуд.

Хуб, агар тобистон маълум шуда буд, ки ҳавз пур нашудааст, чаро роҳи чорае наҷустед? Магар имкон надорад, ки аз берун нерӯи барқ харид? Афғонистону Узбекистон аз мо нерӯи барқ мехаранд. Инҷо гуфтанӣ нестам, ки барои онҳо нафурӯшем. Агарчанде чизеро, ки худат муҳтоҷӣ набояд фурӯхт. Аммо онҳо барои онки мардумонашонро дар торикӣ ва сардӣ нигоҳ надоранд аз мо барқ мехаранд. Пас, пурсише ба таври табиӣ пеш меояд, ки сохторҳои марбута ва ниҳоят ҳукумат ва Президенти мо барои мушкилиро аз болои мардум бартараф кардан чаро барқ намехаранд?

Як сокини Рузвай ё Ёгеди Дарвоз саҳар мехезад, ки дар он тарафи марз хешу табораш дар Афғонистони ҷангзада “свет” доранд, як сокини Хоҷаи Аъло ва ё Чоркӯҳ ба он самти марз менигарад ва мебинад, ки “қирғизҳо”-и митингчӣ ва соҳиби давлати ниҳодинанашуда “свет” доранд ва ҳамин тавр сокинони сарҳаднишини ҳамсоя бо Узбакистон аз Шаҳритус гирифта то Конибодому Панҷекату Мастчоҳу ғайра. Онҳо бо барқ таъминанду чаро мо тоҷикҳо надорем?

Масъалае, ки касро ба фикру андеша мебарад ин аст ки оё раиси ҷумҳурӣ аз инки  дар тамоми деҳоти мамлакат нерӯи барқ соатбайъ дода мешавад, аз 7-у 8-и саҳар то 18-и шом (ҳоло дар ин вақт шаб аст дигар) хабар дорад ё не? (Хабарҳо ҳокӣ аз он аст? ки ҳафтаи ахир аз соати 22-и шаб то 02 субҳ ва гоҳо 03 ҳам нерӯи барқ қатъ шуда истодааст). Зеро ӯ дар ҳамин суханронии ахираш дар маросими савгандёкуниаш бори дигар гуфт, ки бо саъю талоши ҳукумат аз камбуди барқ раҳо ёфтем:

“Аз ҷумла бо саъю талоши Ҳукумати мамлакат ва дастгириву заҳмати содиқонаи мардуми кишвар мо дар роҳи расидан ба ҳадафи стратегии худ – истиқлоли энергетикӣ боз як қадами бузургу устувор гузоштем, яъне ду агрегати нерӯгоҳи барқи обии «Роғун»-ро ба истифода супоридем, ки ин рӯйдод дар таърихи навини Тоҷикистон яке аз дастовардҳои муҳим гардид. Дар натиҷа ҳаҷми умумии истеҳсоли нерӯи барқ дар мамлакат ба 21 миллиард киловатт – соат расид ва маҳдудияти интиқоли он дар фасли зимистон бартараф карда шуд”.

Ин суханони Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросим ба муносибати савгандёдкуниаш аст, ки 30.10.2020 дар шаҳри Душанбе садод доданд. Аммо 31.10.2020  “светмурӣ” сар шуд.

Раиси ҷумҳур аз кордарории ду агрегати Роғун зикр кард, ки бар тибқи маълумоти расман интишоршуда то моҳи октябр 1.миллиарду 600 миллион кв.соат истеҳсол кардааст. Афзун бар ин ҳарду ТЕС-маркази гармидеҳии Душанбе, ки миллионҳо кв.соати дигар изофа кардааст. Гузашта аз инҳо, корхонаи азими Талко, ки дар як шабонарӯз 21 миллион кв.соат масраф мекард, ҳоло ҳамагӣ аз 6 то 7 миллион истифода мекунад. Аз ин ҳисоб ҳам 15 млн сарфа шудааст. Пас, ин ҳама нерӯи барқи зиёдшуда ва сарфамешуда куҷо меравад ва чаро мардум дар ин фасли қаҳратун бебарқ бошанд?

Пешниҳоди мо ин аст, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурӣ  ба манотиқи кишвар ба сафари корӣ баромада аз ҳолу вазъи мардум бохабар шавад. Бубинад, ки мардум дар ин сардиҳо бидуни рӯшноӣ ва гармӣ чӣ гуна зиндагӣ карда истодаанд.

Ахиран дар расонаҳо як санаде аз ширкати “Барқи тоҷик” мунташир шуд, ки дастур додааст корхонаҷоти қарздор, аз ҷумла коргоҳҳои оҳангудозӣ…. ва ғайра, ки қарздоранд, аз дастрасӣ ба нерӯи барқ маҳрум карда шаванд. Масъулини соҳа 100% медонанд, ки ин “соҳибкорон” киҳо ҳастанд? Онҳо на танҳо миллионҳо миллионҳо қарздоранд, онҳо ба “красний линия” ва ё  “високоволт” “қуш” кардаанд ва барои онҳо лимит ва ё реҷаи соатбайъ дар ҳақиқат кайҳо “афсона” шудааст. Вале барои бақия на танҳо свет, зиндагӣ ҳам мурдааст…

P.S: Вақте охирин сатрҳои ин матлаб навишта мешуд дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук чашмам ба ин навиштаи Исмоил Зарифӣ бархӯрд, ки фикр мекунам иқтибос овардан бамаврид аст:

“Сокини деҳаи Косатароши шаҳри Панҷакент Дӯсталии Қурбон бо вуҷуди чанд ҳунар доштанаш: ронанда, устои мошин, хатмкунандаи коллеҷи тиббӣ буданаш ҷои кор надорад. Аз ин рӯ дар гӯшаи боғи падараш Муҳаммадӣ Қурбонов барои сохтани гармхона камар баст. Ӯ аз «лимит»-и барқ бехабар буд. Дар ду гармхонаи ташкилкардааш: дар яке сабзавот ва дар дигаре дарахтони лиму парвариш карданӣ шуд.

Пиёз, кашнич, туршак, сир ва ғайраро дар як гармхона кишт намуду дар дигаре ҳафт ниҳоли лимуро ба нархи ҳар кадомеро ҳафтод сомонӣ дастрас намуд.

Чуноне, ки дар расмҳои поёнӣ мебинем, заҳматаш дар арафаи бороварӣ буд ва «лимит»-и бе эълони барқ орзуҳояшро барбод дод. Бо вуҷуди бухорӣ мондану шабу рӯз алов карданаш помидор, қаланфур, қаланфури булғории парваришкардаашро сардиҳо барбод намуданд.

Ҳоло ҳам ӯ умедвор аст, ки барқкушиҳо ба поён мерасанду сабзавоти боқимондааш ва ниҳолакони лимӯяш, ки хеле зиён дидаанд, аз сардӣ наҷот меёбанд.

Кош ин орзуи ӯ ҷомаи амал пӯшад”.

Сорбон Азимӣ, таҳлилгар

Аз Идораи сомона: Матолибе, ки дар гӯшаи “Блоги Шумо” ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва ё таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Аздо тв” нестанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тоҷикистон шомили кишварҳои олудатарини ҷаҳон шуд

Созмони швейтсариягии IQAir, ки сифатнокии ҳаворо дар кишварҳои ҷаҳон таҳқиқ мекунад, дар гузориши тозааш Тоҷикистонро шомили кишварҳои олудатарини дунё кардааст.

Шикояти муҳоҷирони тоҷик дар Русия аз боздошту шиканҷа

Пас аз ҳодисаи ҳамла ба бинои "Крокус Сити Ҳолл" дар Маскав муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби пулис ва ҳатто мардуми оддӣ мавриди ҳамлаҳои лафзӣ ва ҷисмӣ қарор гирифтаанд.

Ҳабси пешакии гумонбарон дар ҳамлаи хунини Русия

Пас аз ҳодисаи ҳамла ба бинои "Крокус Сити Ҳоле" дар Маскав муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби пулис ва ҳатто мардуми оддӣ мавриди ҳамлаҳои лафзӣ ва ҷисмӣ қарор гирифтаанд.

Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркия

Мақомоти баландпояи Тоҷикистон ва Туркия дар бораи ҳамкориҳои худ ва аз он ҷумла дар бораи масоили амниятӣ суҳбат карданд.