Рэпсари ҷавони тоҷик Муродов Рамазон, маъруф бо тахаллуси “Ралик”, бори дигар дар Душанбе боздошт гардид.
Ин навбат, мақомоти милитсия ӯро бо гумони рондани мошин дар ҳолати мастӣ боздошт карданд. Ба иттилои Раёсати корҳои дохилии пойтахт, нисбат ба ӯ бар асоси моддаи 337-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ парванда боз шуда, аллакай таҳқиқи парвандааш ба поён расида, он ба додгоҳ барои судури ҳукм фиристода шудааст.
Мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ гуфтанд, ки Муродов қаблан низ барои чунин қонуншиканӣ ҷарима ва маҳдудияти панҷсолаи ронандагиро гирифта буд. Ҳоло дар сурати тасдиқи қонуншиканӣ, ӯ метавонад то 30 ҳазор сомонӣ ҷарима ва то 10 сол аз ҳаққи ронандагӣ маҳрум шавад.
Ин дар ҳолест ки ӯ қаблан, рӯзи 23 июли соли 2024, пас аз интишори чанд навори интиқодӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ боздошт шуда буд. Дар наворҳои худ “Ралик” иддао карда буд, ки пушти шабакаҳои “Парвиз ТВ” ва “Ҳодиса ТВ” мақомоти қудратии кишвар меистанд. Ба гуфтаи ӯ, шабакаи аввал ба вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ва шабакаи дувум ба раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саидмумин Ятимов тааллуқ доранд.
Ӯ дар наворҳои худ аз чанд мақомдори баландпояи кишвар, аз ҷумла генерал-майори милитсия Аламшозода Абдураҳмон (муовини аввали ВКД) ва Ҳасан Асадуллозода, додараруси раисиҷумҳури кишвар шадидан интиқод карда буд.
Муродов Рамазон баъдтар, рӯзи 12-уми декабри соли 2024, бо нашри як видео аз озод шуданаш хабар дод ва гуфт, ки иштибоҳ кард. Ӯ зимни узрпурсӣ аз мардум ва мақомоти кишвар гуфт, ки саломатияш хуб набуд ва ваъда дод, ки худро “ислоҳ” мекунад.