Рашки давлатӣ ё чаро нагузоштанд, ки Раҷаби Мирзо ҷамъоварии хайрия барои осебдидаҳоро идома диҳад?

Раванди бозпас гардонидани маблағҳои хайрия, ки барои зарардидаҳои ҷанги Тоҷикистону Қирғизистон ҷамъоварӣ гардида буд, шурӯъ шудааст. Дар ин бора Раҷаби Мирзо, рӯзноманигори тоҷик, ки мудирияти ин маъракаи халқиро бар ӯҳда дошт, дар сафҳаи фейсбукии худ хабар додааст.

Ахиран Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо нашри як баёния аз мардум хост кумак ва ёриҳои худ ба осебдидаҳои даргириҳо дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистонро на ба ихтиёри «қаллобон», балки ба суратҳисобе, ки онҳо кушодаанд, мунтақил кунанд.

Раҷаби Мирзо, ки бо пешниҳоди ҷомеаи мадании кишвар мудирияти маъракаи халқии гирдоварии хайрияҳо барои хонаводаҳои осебдидаи ин ҷангро бар дӯш гирифта буд, баъди як чунин иттиҳом ва бозкушоии суратҳисоби алтернативӣ аз тарафи Вазорати корҳои дохилӣ аз хатми ин маъракаи тозашурӯъшуда баёния содир кард. Вай бо ишораҳое рамзнок тавзеҳ кард, ки ба ҳиҷ ваҷҳ ба ин пулҳо эҳтиёҷ надорад, аммо аз онки Вазорати дохилӣ болои ӯ чи фишору таҳдидҳое бор овард, сокит монд.

Бад-ин минвол ин иқдом ва ибтикори башардӯстона, ки фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шахсиятҳои матраҳи ҷомеа барои хурдтар кардани асари дарду ранҷи хонавода ва бастагони ин зарардида ва дар азо нишастаҳо роҳандозӣ карданд, тавассути Вазорати корҳои дохила аз дасти онҳо кашида гирифта шуд.

Як нуктаро қабл аз ҳарчизе дигар бояд ошкоро бигӯем, ки оғозу анҷоми ин маърака аз тарафи фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ шаффофу возеҳ сурат мегирифт, вале яқинан дар Вазорати дохила на ҳамаи ин маблағҳо ба осебдидаҳо расонида мешавад. Ин паҳлуи масъаларо Раҷабаи Мирзо ҳам таъкид карда буд, ки тавзеъу тақсими маблағҳои ҷамъшуда аз тариқи комиссиюне, ки бо ширкати намояндагони давлат ташкил мешавад, ҳисобу китоб хоҳад шуд.

Вале ҳоло савол ин аст, ки чаро Вазорати дохила нахост барои осебу қурбонӣ додаҳои Исфара мардум тавассути афроди ғайридавлатӣ дасти мадад дароз кунад? Сабаби як чунин вокуниши тунду хасмонаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон чи буда метавонад?

Ин ҳам дар ҳоле ки дар инҷо кадом аҳдофи дигаре, ба ҷуз аз расонидани кумак ва он ҳам ёриҳои халқӣ ба худи халқ чизе дигар вуҷуд надорад, кадом интихоботе, кадом ҳизбе, кадом сиёсате дар васат нест.

Вазорати дохила на инки ин ибтикорро аз дасти фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ кашиду гирифт, беш аз ин, онҳоро муттаҳам ба «қаллоб» -ӣ кард. «Қаллобӣ», ки «статя» ва ҷавобгарии ҷиноӣ дорад ва барои аъмоли анҷомшуда нисбат дода мешавад. Хеле дузди гузаро ва одами беномусу бешараф буд, ки ба ин кумакҳо чашми тамаъ дӯхт.

Раҷаби Мирзо, ки ҳамагон медонем як чунин инсон нест. Бидуни кадом асосу санад чунин иттиҳом задан ва дар изҳороти расмии як вазорате, ки ҳифзи ҳуқуқу тартиботи ҷамъиятӣ рисолати ӯст, ҷо додани он аз ғулғулаи хашму ғазаб ва мизони болои норозигии вазорати мазкур аз ин иқдоми аз ҷониби ниҳодҳои маданӣ шаҳодат медиҳад.

Шафтолуи ин ҳама изҳороту қаллоб хонданҳо ва мухолифат дар боз кардани ҳисоби мардумии хайрия барои исфарагиҳои дар азову озорнишастаҳо ин аст, ки дар ин бора Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода сӯҳбат ва пешниҳод кард. Шикасти сукути чанд сола аз сӯи ин сиёсатмадор ва як руҳонии пуртарафдор дар ин масъалаи муҳим ва сарнавиштсози миллат ва давлат барои режими Душанбе баробар ба наъраи тундар ва овои раъд буд.

Аслан интизор надоштанд ва ба эҳтимоли қавӣ бардоштҳову гумонҳое хиёли роҳати онҳоро мағшуш ва мутазалзил кард, ки чаро яке ин руҳонӣ хамӯшиашро шикаст. Афзун бар ин, Тураҷонзода дар ин паёми видеоияш тазаккур кард, ки дар Исфара муридону мухлисону шогирдони сершумор дорад ва худи ӯ низ омода аст ки кӯмак ва барои исфарагиҳо ёрӣ расонад ва аз мардум ҳам даъват кард дар ин кори хайр бетараф набошанд, ки ин ҳама масъулони режими Душанберо бештар хашин ва хашмгин кард.

Болои ин ҳама, ин пешниҳоди Тураҷонзода, ки мудирияти маъракаи ҷамъоварии хайрияро фаъолони ҷомеаи маданӣ, на ходимони давлатӣ бар ӯҳда дошта бошанд, ба гуфти мардум «кори онҳоро кард» ва бар ин хулоса ва натиҷа омаданд, ки сари чашмаро бо бел маҳкам кунанд, яъне аз бунёду реша ин иқдомро ва ин ҳисобро аз байн бубаранд. Асли ғараз ва ангезаву таҳрик ва иллату авомили мухолифат бо маъракаи ҷамъоварии хайрия барои осебдидаҳои Исфара аз тарафи мардум ҳамин аст.

Вагарна дар кадом кишвари дунё дидаед ва ё шунавидаед, ки худи давлат ҷанг карда бошаду барои рафъи талафот ва харҷу масрафаш кисаи мардумро истифода карда бошад?

Давлат суратҳисоб боз карда бошаду аз мардум дархости кумак карда бошад? Инчи давлат ва ин чи ҳукумат аст? Ҳол ки ҳамагӣ як рӯз ва бигзор дар даҳ километр ва ҳудуди ду ҷамоат ҷангидаву хисорот дида бошад. Пас, тавону нерӯи ин давлат куҷост ва чунин давлат то куҷо метавонад бо ҳарифе, ки лаҳза дар лаҳза манша ва даъво карда истодааст, таҳдиду фишор оварда истодааст, пойдорӣ кунад?

Инҷо як масъаларо ба ёдатон меоварам.

Соли гузашта вақте Ковид-19 ҳамаҷоро мисли ҳамлаи малах дарменавардид ва давлат ноилоҷу музтар монда буд, фаъолони ҷомеаи маданӣ шурӯъ карданд ба роҳандозии барномаҳои кумак ва хайрия: ғизо, доруворӣ, либосу маводди зиддиуфунӣ ва ниҳоят пул.

Давлат, аз ҷумла ҳамин Рамазон Раҳимзода, вазири дохилӣ натавонист лом бигӯяд. Гуфта ҳам наметавонист. Зеро саломати мардум дар васат буд. Агарчи бо ин иқдом ниҳодҳо ва фаъолони ҷомеаи маданӣ оҷизӣ ва заъфи мудирият, ноуҳдабароияшонро намоён карда буданд.

Албатта, метавонистанд, ки ин амали ҷомеаи мадании кишварро як навъи ҳамкории давлат бо созмонҳои ҷамъиятӣ талаққӣ ва дастгирӣ кунанд, ҳамчунон, ки тамоми ихтиёрот ва имконоти давлатро дар ихтиёри ширкати «Фароз»-и домоди Эмомалӣ Раҳмон қарор дода онро «намунаи олии ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ» ба қалам медиҳанд.

Аммо дар ин масъала дар тафовут аз Ковид-19, мухолифат нокарда наметавонистанд, чун фикр ва хиёлашон ин аст, ки ба ҷуз аз онҳо ва худи вай-Пешвои миллат ва Асосгузори сулҳу ваҳдат набояд дар ҳеҷ масоили милливу давлативу ватанӣ касе дигар шарик бишавад ва саҳм бигзорад ва ному садояш берун ояд.

Шояд агар ҷои Тураҷонзода нафари дигар, бар фарзе Сайидмукаррам Абдуқодирзода буд ва бар ҷойи Раҷаби Мирзо Сайёфи Мизроб бо ин маърака мухолафат намекарданд, кумак мекарданд, чун дар симои он дуи аввал, табъан, ки  рақибро мебинанд ва хуб ҳам медонанд, ки агар инҳо идома диҳанд, пули калон ҷамъ оварда боз ҳам онҳоро таҳти соя қарор медиҳанд ва киву чи будани Раҳмон ва то куҷо бо ин миллат наздик ҳамроҳ будани ҳукуматашро маълум менамоянд.

Дар воқеъ онҳо намехоҳанд, ки инҷо касе бидуни иҷозати онҳо коре бикунад ва намегузоранд, ки бо халқ қурбат ва рақобат дошта бошад, ба вижа ки агар онҳо Тураҷонзода ва Раҷаби Мирзо бошанд.

Азбаски ин маъракаро Раҷаби Мирзо мудирият мекард, ҷон аз баданашон берун омад, рашку ҳасуд ва бахилӣ ҷисму ҷонашонро сурох кард. Онҳо намехоҳанд, ки ин гуна ҷавонмардони фидоӣ ва содиқ барои халқу  ватан ҳамроҳ ва дар канори миллат бошанд бо «публично» рӯбарӯ шаванд. Ва халқу миллат номи онҳоро дар даҳонҳо дошта бошад, аз онҳо гӯяд ва ҳамин тариқ метарсанд, ки онҳо мустақим вориди кор ишаванд. Чун медонанд, ки онҳо хубтар анҷом медиҳанд, ғирому тамаъ ҳам намекунанд.

Дасти кӯтаҳи онҳоро рӯ мекунанд. Мефаҳмонанд, ки онҳо дар ҷойи худашон нестанд. Раҷаби Мирзо агар ки ин маъракаро мудирият мекард, яқинан даҳҳо ҳазор аз дохилу хориҷ ба он ҳамовозӣ мекарду пул мепартофт. Ин дар табиат ва дар муқтазиёти онҳост, ки  намегузоштанд, идея ва ё пешниҳоди Тураҷонзода ва он ҳам бо дастони Раҷаби Мирзо татбиқу ҳамагонӣ ва ватангир шавад.

Сорбон Азимӣ, таҳлилгар

Аз Идораи сомона: Матолибе, ки дар гӯшаи "Блоги Шумо" ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва ё таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи "Аздо тв" нестанд.

Хонандагони азиз, лутфан, ҳар хабару гузоришеро, ки мушоҳида мекунед ва ё пешниҳоду суоле доред, метавонед онро ба мо, тариқи почтаи электронӣ, Telegram, WhatsApp , Viber ва Imo ба ин рақам: +48519767404 бифиристед.