Мақомоти Русия аз бозору қаҳвахонаҳои шаҳри Красноярск ҳудуди 500 нафарро боздошт намуда, барои тафтиши ҳуҷҷатҳо ба шуъбаи пулис бурдаанд.
Ба иддаои Кумитаи тафтишоти Русия, “рейд”-и муҳоҷирон дар доираи парвандаи ҷиноятии ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ гузаронда шудааст.
Тафтишу боздоштҳо бо иштироки Кумитаи тафтишотии Русия, кормандони Росгвардия, Хадамоти амнияти федералӣ (ФСБ), Раёсати сарҳадии ФСБ ва Вазорати корҳои дохилии Русия дар панҷ бозори ноҳияи Ленинский ва 12 қаҳвахона баргузор гардидаанд.
Мақомоти интизомӣ дар рафти амалиёт 455 нафар, аз ҷумла як шахси бешаҳрвандиро ба шуъбаи пулис бурда, онҳоро пурра санҷидаанд ва ба гуфтаашон, чанд қонуншиканиеро низ ошкор кардаанд.
Расонаҳо русӣ менависанд, ки чанд шаҳрванди Узбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон бо вайрон кардани қоидаҳои муҳоҷират дар Красноярск қарор дошта, дар мавриди ҷалби онҳо ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҳамчунин ихроҷи панҷ нафарашон аз хоки Русия қарор қабул карда мешавад.
Ғайр аз ин, 10 ҳолати ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва ба қайдгирии сохтаи шаҳрвандони хориҷӣ сабт гардида, 58 мард, ки шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, барои сабти ном ба комиссариати ҳарбӣ бурда шудаанд.
Аз аввали соли ҷорӣ мақомоти Русия тафтиши густурдаи муҳоҷиронро аз сар гирифтаанд. Пештар аз ин дар пайи тафтишу бозпурсиҳо кормандони Кумитаи тафтишот ва пулиси Русия танҳо аз бозори Савеловскийи Маскав беш аз 300 нафарро боздошт карда, ба маркази муҳоҷират ва ба комиссариатҳои ҳарбӣ бурда буданд.
Гуфта мешавад, назорат болои муҳоҷирон ва ихроҷи онҳо дар Русия баъд аз ҳодисаи хунин “Крокус Сити Холл”, ки гумонбарони он шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд, шиддат гирифт. Пас аз ин ҳодиса чораҳои назоратӣ сахттар шуда, маҳдудиятҳои нав дар бораи фаъолияти кории муҳоҷирон дар аксар минтақаҳои Русия ҷорӣ карда шуданд.
Танҳо дар соли 2024 бо қарори додгоҳҳои Русия беш аз 90 ҳазор муҳоҷир аз хоки Русия ихроҷ шудаанд. Ин дар ҳолест, ки дар соли 2023 аз Русия 44,2 ҳазор ва дар соли 2022 26,6 ҳазор муҳоҷир ихроҷ шуда буданд.
Мақомоти Русия нагуфтаанд, ки аз ин шумора чанд нафарашон зодагони Тоҷикистон мебошанд, аммо Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли кишвар 14-уми феврали соли ҷорӣ, зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки соли 2024 аз Русия беш аз 30 ҳазор муҳоҷир ихроҷ шудааст ва танҳо аз фурудгоҳҳои Русия беш аз 17 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон баргардонида шудаанд.
Эҳтимол меравад дар соли 2025 шумори муҳоҷирони ихроҷшуда аз Русия бештар хоҳад буд, чун аз аввали моҳи феврал қонуне ба кор даромад, ки ба ВКД иҷоза медиҳад муҳоҷиронро бе қарори додгоҳ ихроҷ кунад.