-2.1 C
Dushanbe

“Рейд”-и муҳоҷирон дар шаҳру ноҳияҳои Русия

Мақомоти Русия дар шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград барои тафтиши муҳоҷирон “рейд” гузаронданд.

Амалиёт бо иштироки муфаттишони низомӣ, кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ, намояндагони Хадамоти муҳоҷират ва гурӯҳи ОМОН баргузор шуда, ба биноҳое, ки дар онҳо корҳои сохтмонӣ ҷараён дорад, ворид шуданд. Гуфта мешавад, дар рафти ин санҷиш зиёда аз 300 муҳоҷир ва нафароне, ки ба наздикӣ шаҳрвандии Русияро ба даст овардаанд, тафтиш шуданд.

Дар натиҷаи ин тафтишот кормандони мақомот 22 қонуншикании маъмуриро ошкор намуда, ба 40 нафар даъватнома барои ҳозир шудан ба комиссариати ҳарбиро супоридаанд.

Пештар аз ин дар нимаи моҳи ноябри соли ҷорӣ “рейд”-и монанд дар “Апраксин” сурат гирифт, ки дар он тақрибан 200 нафар санҷида ва ба 40 нафар даъватнома супорида шуда буд.

Маълум нест ҳамаи афроде, ки ба онҳо даъватнома дода шудааст, шиносномаи Русияро доранд ё на, аммо расонаҳои русӣ менависанд, ки ин афрод “муҳоҷироне мебошанд, ки ба наздикӣ шаҳрвандии Русияро дарёфт кардаанд”.

Ёдовар мешавем, ки раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар моҳи августи соли ҷорӣ лоиҳаи қонунеро имзо карда буд, ки тибқи он ҳар нафаре, ки пас аз гирифтани шаҳрвандии ин кишвар худро дар артиш сабти ном намекунад ё аз хидмати сарбозӣ саркашӣ мекунад, шиносномаи Русия бекор карда мешавад.

Дар расонаҳо хабарҳое нашр шуда буд, ки мақомоти Русия шаҳрвандии чанд зодаи Тоҷикистонро барои сабти ном накардан дар артиши ин кишвар, бекор карданд.

ВКД-и Русия иддао дорад, ки чунин тадбирҳо ба таъмини баробарии ҳамаи шаҳрвандон дар назди қонун нигаронида шудааст, на ба маҳрумсозии оммавӣ аз шаҳрвандии зодагони дигар кишварҳо.

Аммо муҳоҷирон, бахусус зодагони Тоҷикистон мегӯянд, ки дар аксар ҳолат санҷишҳо ва бекор кардани шаҳрвандии Русия нисбати онҳо сурат мегирад ва мақомоти Русия бо ин кор мехоҳанд ҳарчи бештар зодагони дигар кишварҳоро ба артиш ҷалб кунанду ба ҷанг дар Украина бифиристанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Афзоиши ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Покистон

Душанбе ва Исломобод қасд доранд, ки як роҳи тарнзитии...

Дар Русия имтиҳони забони русӣ барои кӯдакони муҳоҷирон иҷборӣ мешавад

Думаи давлатии Русия аз лоиҳаи қонуне пуштибонӣ кард, ки тибқи он фарзандони муҳоҷирон барои қабул шудан дар мактабҳои ин кишвар бояд аз забони русӣ имтиҳон супоранд.

Имзои Ёдошти тафоҳум байни Тоҷикистону Покистон

Мақомоти Тоҷикистон ва Покистон барои густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва энергетикии худ Ёдошти тафоҳум имзо мекунанд.

Тазоҳурот дар Дортмунд барои раҳоии Дилмурод ва Абдуллоҳ

10-уми декабри соли ҷорӣ гурӯҳе аз фаъолони муқими Олмон бо талаби озодии Дилмурод Эргашев ва Абдуллоҳи Шамсиддин дар назди бинои кор бо муҳоҷирони шаҳри Дортмунд ҷамъ омаданд.