Ректори нави Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон (ДСРТ) Иброҳимзода Илҳомуддин хабарнигори “Азия-Плюс”-ро аз донишгоҳ берун кардааст. Дар ин бора худи Иброҳимзода дар суҳбат бо Агентии иттилоотии “Ҳамсадо” хабар дод.
3-юми ноябри соли ҷорӣ, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ректорони чанд донишноҳи кишвар, аз ҷумла Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистонро нав кард. Ба ҷойи Файзулло Машраб, ки писараш дар садамае сабабгори ҳалокати овозхони ҷавон Некрӯз Ниёзов гардида буд, Иброҳимзода Илҳомуддин, директори собиқи Инстититути илмӣ-таҳқиқотии “Сайёҳӣ ва соҳибкорӣ” -и Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, таъйин гардид.
Пас аз ин хабарнигори “Азия Плюс” кӯшиш карда, ки аз Иброҳимзода дар мавриди нақшаҳояш пурсад, аммо ректори нави ДСРТ ҳозир нашудааст бо ин хабарнигор суҳбат кунад, баръакс, ба кормандонаш дастур додааст то ӯро аз бинои донишгоҳ берун кунанд.
Сабаби ин корро масъулони донишгоҳ “барои номувофиқ будани либос” ва ё пӯшидани шими ҷинсу “кроссовки” гуфтаанд.
Ин хабар миёни корбарони тоҷик вокунишҳои зиёдеро ба бор овардаст. Аз ҷумла худи “Азия-Плюс” гуфта, ки дар баробари пеш кардани хабарнигор аз бинои донишгоҳ, норӯшан монд, ки хабарнигор бояд бо чӣ либос барои гирифтани мусоҳиба назди ректор ҳозир шавад. Зеро чунин муқаррарот дар ҳеҷ як қонуни кишвар сабт нашудаааст ва ҷорӣ кардани он аз сӯйи ректор ҳам мухолифи қонунҳо, аз ҷумла дар самти датрасӣ ба иттилоъ аст.
Пас аз вокунишҳои зиёди корбарон ректори нави ин донишгоҳ Иброҳимзода Илҳомуддин бо бо Агентии иттилоотии “Ҳамсадо” суҳбати кутоҳе карда, берун кардани ин хабарнигорро аз бинои донишгоҳ тасдиқ кардааст.
Иброҳимзода мегӯяд, ки вақте вориди утоқаш мешуд, нафаре бо либосҳое, ки ба донишгоҳ ворид шудан манъ будааст, яъне сатр, брюки ҷинс ва кроссовки дар қабулгоҳ нишаста будааст ва мехостааст бо ӯ суҳбат кунад. Вале ӯ ба хабарнигор гуфтааст, ки “рӯймолашро ба тартиб дароварда марҳаммат ворид шавад”.
Ҳамзамон ректори нави ин донишгоҳ мегӯяд, ки дар бораи хабарнигори “Asia-Plus” будани ин нафар маълумот надоштааст ва гӯё ин нафар чизе нагуфтаву ҳуҷҷати тасдиқкунандаеро ҳам нишон надодааст.
То ҳол “Asia-Plus” ва ин хабарнигор ба гуфтаҳои Иброҳимзода вокунише накардаанд. Вазорати маорифи кишвар низ то ҳол дар ин бора чизе нагуфтааст.
Аммо суханҳои ректор дар бораи сатри хабарнигор вокунишҳои зиёдеро ба бор оварда, корбаре мегӯяд, ки маълум мешавад, ки мушкил дар шими ҷинс ва кроссовкиҳои хабарнигор набуда, балки дар сатри ӯ будааст.
Инчунин корбари дигар бо номи Бахтиёр Қурбонов навишта, ки “Аҷаб сиесати бе маънее. Агар бараҳна бошӣ истиқбол мегиранд. Агар либоси мусалмонӣ дорӣ ба шубҳа меафтанд. Куҷост демократия? Кӣ чунин ҳақро ба мудири донишгоҳ додааст? Магар сарқонун? Баъд чи лозим чунин сарқонуне, ки мо қабул надорем ва поймолаш мекунем?”.
Корбари дигар Сайфиддин Ойев, бошад мепурсад, ки “Оё модари Садриддин Айнӣ рӯймол надошт? Оё модари Бобоҷон Ғафуров рӯймол надошт? Оё модари Призидент Эмомалӣ Раҳмон рӯймол надошт? Ректори донишгоҳ чӣ нафрат дорад ба рӯймоли зани тоҷик, ба фарҳанги ҳазорсолаи мо. Сад афсус имрӯз ҳама Аврупо парасту фарҳанг безор гаштаанд”.
Бояд гуфт, ҳодисаи берун кардани хабарнигор аз бинои донишгоҳ бо баҳонаи либос, суоли асосиро ба миён меорад, ки то куҷо масъулони муассисаҳои таълимӣ ҳақ доранд чунин маҳдудиятҳоро ҷорӣ кунанд ва оё ин ба озодии пушидани либос ва сухан ва дастрасӣ ба иттилоъ мухолиф нест?
