Кормандони Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон сармеъмори ноҳияи Рӯдакиро бо иттиҳоми гирифтани ду миллион сомонӣ ришва боздошт карданд.
Радиои Озодӣ дар истинод ба манобеи худ аз мақомоти тафтишотӣ ва ҳукумати Рӯдакӣ навишта, ки Рустам Раҳмонзодаи 31-сола аз як соҳибкор барои додани қитъаи замин 200 ҳазор доллари амрикоӣ пора гирифтааст. Ва соҳибкор, ки номаш дар хабар оварда нашудааст, қасди сохтани хонаҳои баландошёнаи истиқоматӣ дар ин порчаи заминро доштааст.
Ҳоло бар зидди ӯ бо иттиҳоми гирифтани пора дар ҳаҷми калон парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтиш идома дорад.
Рӯзи боздошти Рустам Раҳмонзода ва назари вакили дифоу наздиконаш дар ин бора маълум нест.
Гуфта мешавад, Раҳмонзода ягона мақомдор аз ноҳияи Рӯдакӣ нест, ки бо иттиҳоми қаллобиву гирифтани ришва дар тақсими замин боздошт мешавад. Ҳадди ақал дар 15 соли ахир номи даҳҳо мақомдор, аз ҷумла раисони ҷамоатҳо бо гумони фасодкорӣ ҳангоми тақсими замин расонаӣ шуда буд.
Ин ноҳия, ки аз калонтарин ноҳияҳо дар Тоҷикистон ба шумор меравад, дар канори Душанбе ҷойгир буданаш сабаби ҷазби сокинон барои соҳиби замин шудан дар ин ноҳия гаштаву боиси зиёд будани фасодкорӣ дар ин ноҳия шудааст.
Ҳатто раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 зимни суханронияш дар ноҳияи Рӯдакӣ гуфта буд, “заминфурӯшӣ дар ноҳия ба дарди бедаво табдил ёфтааст” ва соле баъд, Рустам Акрамзодаро раиси ноҳияи Рӯдакӣ таъйин кард, то ба дарди заминфурӯшӣ дар ноҳия даво пайдо кунад.
Аммо соли 2020 Радиои Озодӣ дар як таҳқиқот маълум карда буд, ки Рустам Акрамзода дар тақсими ғайриқонунии замин низ даст дошта, ба чанд тан аз наздикони худ замин барои бунёди манзили зист додааст ва пас аз нашри ин мақола ӯ аз мансаб барканор шуд.
Ҳоло раиси ин ноҳия Ҳикматуллозода Абдуғаффор мебошад, ки дар гузашта ба ҳайси муовини аввали Додситону кулли кишвар кор кардааст.
Бояд гуфт, ҳамасола дар манотиқи гуногуни кишвар даҳҳо мақомдор бо иттиҳоми ғайриқонунии хариду фурӯши замин боздошт мешаванд, вале боз ҳам ин раванд идома дорад. Ба гуфтаи коршинсон, заминфурӯшону аснод тартиб медодагиҳо худи мақомот ҳастанд, ки бо гирифтани пора ва ё хешутаборбозӣ заминҳои зиёдеро дар ихтиёри дигарон мегузоранд, вале сокинони ниёзманд дарбадари мақомот барои як тикаи замин мегарданду солҳо навбат мепоянд боз ҳам чизе ҳосилашон намешавад.
Ва фасоду ришва дар тамоми соҳаҳои кишвар чунон афзоиш ёфтааст, ки пеши ин ҷиноятҳоро гирифтан маҳол аст. Зеро, ба гуфтаи коршиносон, ин тарзи муомиларо худи ҳамон мансабдор вақти гирифтани мансабаш дидааст, яъне мансабро бо додани пул харидааст ва ӯ низ ин корро идома хоҳад дод. Пас, ба ҳамин тариқ решаи ин кор рафта ба нафарони асосии кишвар мерасад, ки маҳви он аз имкон дур аст.