Бо фармони махсуси раиси ноҳияи Шаҳринав Абдулқодир Вализода омӯзгороне, ки ҳаҷ карда буданд, аз масъулияти роҳбари синфӣ ронда шуданд. Идомаи фаъолияташон дар муассисаҳои таълимӣ дар соли оянда номаълму аст.
Ин хабарро худи Вализода дар нишасти матбуотӣ тасдиқ кард. Ӯ гуфт, дар пайи таҳқиқи гурӯҳи кории мо маълум шуд, ки 70 нафар омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ дар ҳудуди ноҳия ҳаҷ карда, омаданд. Вале баъд аз бозгашт, сафари ҳаҷашонро барои кӯдакон нақл карданд. Раиси ноҳияи амали онҳоро “тарғиби ифротгароӣ дар байни хонандагон” номида, мегӯяд, сабаби аз кор ронданашон маҳз ба ҳамин хотир аст.
“Таҳлилҳо нишон дод, ки аксарияи омӯзгороне, ки аз ҳаҷ гашта омадагиянд, дар дасрҳо вобаста ба сафари ҳаҷашон нақл мекунанд, ки ин таъсири бевосита ба кӯдакон расонда истодааст. Мо тасмим гирифтем, ки онҳоро аз масъулияти роҳбари синфӣ озод созем.“, мегӯяд раиси ноҳияи Шаҳринав.
Ӯ мегӯяд, онҳо фаъолият мекунанд, лекин ҳамчун роҳбари синф ҳуқуқ надоранд, ки дар бораи ҳаҷ маълумот диҳанд ба шогирдон? “Ҳаҷ кардаст барои худаш кардаст, барои ташвиқот кардааст?“, мегӯяд Вализода.
Ӯ ҳамчунин гуфт: “Мо онҳоро таъкид кардем, ки шумо барои худатон ҳаҷ кардед, омада инҷа ташвиқот набаред, аз ҳоло кӯдакро ба ифротӣ ва хурофотпарастӣ ташвиқ накунед. Ба ҳамин хотир мо гуфтем, бигузор ҳамчун омӯзгор бимонанд, лекин ҳамчун роҳбари синф, ҳамчун директори муассисаи таълимӣ фаъолияташро қатъ кунед.”
Корбарони зиёде дар шабкаҳои иҷтимоӣ вокуниш нишон дода, раиси ноҳияро ба динситезӣ ва нафрат доштан нисбати диндорон ва арзишҳои динӣ муттаҳам карданд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта гурӯҳе аз кормандони КДАМ ҳамроҳ бо дигар мақомоти ҳукумати ноҳияи Файзобод ба мактабҳои миёна рафта, кӯдаконро пурсуҷӯ кардаанд, то бифаҳманд, ки кадоми онҳо дар хонаҳошон дарси динӣ мехонанд ва ё хатти арабӣ хонда метавонанд. Дар пайи ин пурсуҷӯи мақомот чандин падару модарон аз 5 то 7 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд.
