Корбарон дар гурӯҳи фейсбукии “Ахбор барои афкор” бо нашри чанд акс аз ҳоли зори роҳи Ҳисор-Душанбе ва ваъдабозиҳои мақомот хабар медиҳанд.
Дар ин аксҳо дида мешавад, ки роҳҳо аз дер боз таъмирро надида ва дар ҳолати хело фарсуда қарор доранд. Ба гуфтаи ношири ин хабар, ин аксҳо аз роҳи Ҳисор – Душанбе (аз тарафи терминали ҷанубӣ) гирфта шудаанд.
Ин аксҳо дар Фейсбук рӯзи сешанбе, 21-уми январ нашр шудаанд, аммо гуфта нашудааст, ки аксҳо кай гирифта шудаанд.
Дар ҳамин ҳол дар шарҳи аксҳо корбарони дигар навиштаанд, ки “Роҳи Ҳисор – Душанбе (аз тарафи терминали ҷанубӣ) чунин вазъ дорад ва касеро парвояш нест. Ҳатто дар ин зимистон аз дастаи лой ва вазъи хароби роҳ, роҳи одамгузар надорад”.
Гап дар бораи роҳи байнишаҳрии Ҳисор-Айнӣ-Душанбе меравад, ки торномаи ҳукуматии “Ховар” ҳанӯз ҳашт моҳи пеш дар ин бора матлаб нашр карда, азваъдаи мақомот дар бораи таъмири ин роҳ хабар дода буд.
Дар матлаби “Ховар”, ки 23-юми апрели соли 2024 нашр шуда буд, чунин омадааст: “Имрӯз роҳбарияти шаҳри Ҳисор бо қитъаҳои таъмирталаби роҳи Ҳисор-Айнӣ-Душанбе шинос шуда, барои дар рӯзҳои наздиктарин таъмир намудани он ба масъулон супоришҳои мушаххас дод. Ҳамчунин бо мақсади пешгирӣ аз изофанависӣ таъкид гардид, ки ҳаҷми кор ва маблағи дигар хароҷотро мутахассисон қаблан таҳлил ва ҳисоб намуда, барои тасдиқ ба роҳбарияти шаҳр пешниҳод намоянд”.
Аммо дида мешавад, ки бо газашти 8 моҳ хабаре аз таъмири роҳ нест ва ҳамоно роҳ дар ҳолати таъмирталаб боқӣ мондааст. Сокинон, ки аз ин вазъ ба танг омадаанд, маҷбур шуданд, шикояташонро дар шабакаҳои иҷтимоӣ бикоранд, то ба гӯши масъулони болотар бирасад.