4.9 C
Dushanbe

Роҳпаймоии кормандони милиса дар вилояти Хатлон

Ба иттилои “Азия-Плюс” Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон ба муносибати “Рӯзи Президент” дар шаҳри Бохтар маркази вилоят раҳпаймойӣ ташкил кардаст.

Хабарнигори “Азия-Плюс” аз Бохтар хабар медиҳад, ки кормандони мақомоти миллиса ва гурӯҳи ҷавонон роҳпаймоиро аз кӯчаи Норинов шуруъ карда то назди муҷасамаи Исмоили Сомонӣ идома доданд.

Дар аксҳое, ки нашр шудааст, дида мешавад, ки кормандони милиса дар ин роҳпаймоӣ рӯй мошинҳои хидматӣ аксҳои Эмомалӣ Раҳмонро насб карда ҳаракат мекунанд.

Дар Тоҷикистон шуруъ аз соли 2016 “Рӯзи Президент”-и Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 апрели соли 2016 ба қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” илова намудани таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ кард ва ин Маҷлис 16-уми ноябро ҳамчун Рӯзи Президенти Тоҷикистон таъин намуд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боз як тоҷики дигар дар доираи парвандаи “Крокус” маҳкум ба зиндон шуд

Як шаҳрванди Тоҷикистонро дар Русия бо иттиҳоми сафедкунии ҳамлаи террористии ба "Крокус Сити Холл» равонаи зиндон карданд.

Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми СММ барои ҳуқуқи занон

Дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба вазъи занон дар шаҳри Ню-Йорк намояндагони Тоҷикистон иштирок карданд.

Амрико барои хариди нефти Русия ба кишварҳо иҷозат дод

Амрико бо судури иҷозати муваққатии 30-рӯза ба кишварҳо имкон дод, ки нефти таҳримшудаи Русияро харидорӣ кунанд.

Беш аз 170 миллиард рубл даромад аз ҳисоби патенти муҳоҷирон

Дар соли 2025 шаҳрвандони хориҷие, ки дар Русия бо патент кор мекунанд, ба буҷети ин кишвар 172 миллиард рубл даромад ворид карданд.