Рушди ҳамкории байнипарулмонӣ миёни Русия ва Тоҷикистон

Рӯзи 28–уми ноябри соли ҷорӣ ҳайате аз вакилони рус бо намояндагони парлумони Тоҷикистон дидору гуфтугӯ карданд.

Бино ба иттилои расмӣ, дирӯз ҳайате аз вакилони Маҷлиси конунгузории вилояти Свердловскии Русия бо сардории раиси он Людмила Бабушкина, ки бо сафари корӣ дар Душанбе қарор доранд, бо Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода дидору мулоқот карданд.

Ҷонибҳо ин мулоқоти худро “як рӯйдоди таърихӣ” хонда, онро далели рушди босуръати муносибатҳои Тоҷикистону Русия ва таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ арзёбӣ карданд.

“Мо ин мулоқотро тасдиқи таваҷҷуҳи вакилони порлумони Федератсияи Россия ба таҳкими ҳамкорӣ бо Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мешуморем. Муносибатҳои Тоҷикистону Россия бо сатҳи баланди эътимоди мутақобила ва дӯстии самимӣ фарқ мекунанд”,-гуфтааст Маҳмадалӣ Ватанзода.

Маълум нест, ки вакилони тоҷик бо ҳамтоёни русашон ҳангоми мулоқот дақиқан кадом масоилро баррасӣ карданд. Аммо дар давоми камтар аз як моҳ ин сафари дуюми вакилони рус ба Тоҷикистон мебошад. Ва ҳамзамон дар ин миён Эмомлаӣ Раҳмон низ ҳафтаи гузашта ба Русия сафар карда буд.

Бо вуҷуди сафарҳои байнипарлумонӣ ва мулоқоти раисҷумҳурони ду кишвар боз ҳам дида мешавад, ки мушкилоти муҳоҷирони тоҷик дар Русия коҳиш наёфтааст. Чанд моҳи ахир раванди боздошту ихроҷи муҳоҷирон, бахусус тоҷикистониён бештар шудааст.

На мақомоти тоҷик ва на мақомоти рус аз натиҷаи мулоқотҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Русия чизе дар мавриди ин ки ҷонибҳо мушкилоти муҳоҷиронро баррасӣ карда бошанд, нашр накардаанд.

Танҳо аз ин мулоқотҳо гуфта мешавад, ки дар ҷараёни суҳбатҳо ҷонибҳо “масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи якдигар”-ро баррсӣ карданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тоҷикистон барои воридоти 100 ҳазор тонна дизели иловагӣ бо Русия мувофиқа кард

Тоҷикистон бо Русия барои афзоиши квотаи воридоти бебоҷи сӯзишвории дизелӣ дар соли 2026 ба мувофиқа расидааст.

Амрико як шаҳрванди Тоҷикистонро барои кумак ба хариди силоҳ барои Эрон таҳрим кард

Департаменти давлатии ИМА рӯзи 4-уми ноябр алайҳи се шахс ва чанд ширкат таҳрим ҷорӣ кард, ки дар миёни онҳо як шаҳрванди Тоҷикистон низ ҳаст.

Тайсон ва Ҳолифилд дар Душанбе: пушти даъвати ситораҳои дунё чӣ ҳадафе ҳаст?

Шоми рӯзи 5-уми ноябр дар Душанбе ҳамоише бо ҳузури чеҳраҳои саршиноси ҷаҳон дар риштаҳои гуногун баргузор шуд.

Созмонҳо аз Олмон хостанд, ки Саидтаиб Саидмамудовро ихроҷ накунад

Ҳаракати сиёсии "Гурӯҳи 24" аз мақомоти Олмон даъват кардааст, ки аз ихроҷи Саидтаиб Саидмамудов, ҷонибдори ин ҳаракат ва намояндаи ҷомеаи помириҳо ба Тоҷикистон пешгирӣ кунанд.