14.9 C
Dushanbe

“Рушди босуръати саноатикунонии кишвар” чи гуна ҷараён дорад?

Соли 2020 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025″  ба имзо расида буд. Ба ин иктифо накарда, моҳи декабри соли 2021 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод кард, ки панҷсолаи оянда, яъне солҳои 2022-2026 “Панҷсолаи рушди саноат” эълон карда шавад. Дар ҳақиқат, моҳи январи соли 2022  Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Солҳои рушди саноат” эълон намудани солҳои 2022-2026” қабул шуд ва ин иқдоми “бесобиқа” ҳадафи чоруми стратегии миллӣ эълон гардид.

Пас аз эълони чунин ҳадафи бузург ва барномаи стратегӣ, расонаҳои давлатӣ нашру таблиғи хабарҳои марбут ба рушди саноати кишварро пурзӯр карданд. Вале баъзе аз хабарҳо аз мантиқ дур буда, баъзе ҳатто хандаовар ҳам буданд.

17 августи соли ҷорӣ дар шаҳри Хоруғ аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва мақомоти иҷроияи Бадахшон Форуми байналмилалии соҳибкорию сармоягузории  “Помиринвест – 2022” баргузор шуд. Тавре хадамоти матбуотии ин ниҳод хабар медиҳад, дар форум ҳудуди 150 нафар аз Русия, Хитой, Туркия, Қазоқистон ва соҳибкорони маҳаллӣ аз Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон ва Бадахшон иштирок намуда, санадҳои ҳамкорӣ ба маблағи беш аз 950 млн сомонӣ (92 млн доллар) ба имзо расонида шуд.

Чунин форум аз соли 2011 ҳар сол баргузор мешавад, вале оид ба маблағҳои ба Бадахшон ҷалбшуда маълумоти дақиқе аз ягон мақомот дида намешавад.
Маълум нест, ки аз ин 950 млн сомонӣ чӣ миқдор сармояи хориҷӣ асту чӣ қадар саҳми соҳибкорони маҳаллӣ. Ҳамчунин маълум нест, ки чи гуна Ҳукумат тавонистааст соҳибкорони маҳаллиро барои сармоягузорӣ дар ин минтақаи дурдаст, ки зери фишори сангини мақомот қарор дорад, розӣ намояд, дар ҳоле ки аксари соҳибкорон мекӯшанд сармояи худро аз тарси ширкатҳои ғасбкунанда, ки ба оилаи Президент наздиканд, аз кишвар хориҷ кунанд.
Тавре “Азия Плюс” хабар медиҳад, давоми солҳои 2008-2021, яъне дар давоми 13 сол, ҳаҷми ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ ба иқтисоди Бадахшон 103,7 млн долларро ташкил додааст. Аммо дар бораи ин ки Ҳукумат дар ҳамин сол барои ҷалби 92 млн доллар сармоя, ки тақрибан баробар ба ҳаҷми умумии 13 соли қалбӣ аст, чӣ тадбире андешидааст, низ маълумоте дастрас нест.
Ҳар шахсе, ки маълумоти умумӣ дар мавриди иқтисод ва сармоягузорӣ дорад, медонад, ки сармоягузорон ҳамеша барои тиҷорату сармоягузорӣ макони амну осоишта мекобанд. Дар муҳити сармоягузорон танҳо миш-миши ҷанг ё ноамнӣ кофист, ки зуд фаъолияти худро кам ва ё ҳатто пурра қатъ кунанд.
Вале дар Бадахшон, ки ҳоло ба яке аз ноамнтарин минтақаи кишвар мубаддал шудааст ва ҳамагӣ чанд моҳе пеш “амалиёти махсус” гузаронида шуда, даҳҳо нафар кушта ва даҳҳо нафари дигар боздошту шиканҷа шудаанд, бар замми ин, сармоягузорӣ ба таври бесобиқа зиёд шудааст.
Бо назардошти он ки мақомот тафсилоти зиёде намедиҳанд, ба гумони ғолиб ҳеҷ сармоягузорие нашудааст. Агар ба хабари қаблӣ диққат кунем, гуфта мешавад “санадҳои ҳамкорӣ ба маблағи беш аз 950 млн сомонӣ ба имзо расонида шуд”.
Пас, маълум мешавад, ки ин санадҳои ҳамкории имзошуда шояд ҳеҷ гоҳ амаливу пиёда нашаванд, ҳатто шояд аслан бардурӯғ имзо шуда бошанд. Мақсади Ҳукумат танҳо ором кардани мардуми Бадахшон, бедор кардани умеди онҳо ба оянда ва худнишондиҳӣ назди Президент, ки “мо фармони шуморо иҷро карда истодаем” асту бас.

Муҳаммад Раззоқӣ

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тоҷикистон шомили кишварҳои олудатарини ҷаҳон шуд

Созмони швейтсариягии IQAir, ки сифатнокии ҳаворо дар кишварҳои ҷаҳон таҳқиқ мекунад, дар гузориши тозааш Тоҷикистонро шомили кишварҳои олудатарини дунё кардааст.

Шикояти муҳоҷирони тоҷик дар Русия аз боздошту шиканҷа

Пас аз ҳодисаи ҳамла ба бинои "Крокус Сити Ҳолл" дар Маскав муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби пулис ва ҳатто мардуми оддӣ мавриди ҳамлаҳои лафзӣ ва ҷисмӣ қарор гирифтаанд.

Ҳабси пешакии гумонбарон дар ҳамлаи хунини Русия

Пас аз ҳодисаи ҳамла ба бинои "Крокус Сити Ҳоле" дар Маскав муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби пулис ва ҳатто мардуми оддӣ мавриди ҳамлаҳои лафзӣ ва ҷисмӣ қарор гирифтаанд.

Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркия

Мақомоти баландпояи Тоҷикистон ва Туркия дар бораи ҳамкориҳои худ ва аз он ҷумла дар бораи масоили амниятӣ суҳбат карданд.