Хабар УМУМӢ

Рушди иқтисод. Дар Суғд давоми 9 моҳ 290 ҳазор ҷуфт кафш истеҳсол шуд

Корхонаҳои кафшбарорӣ дар вилояти Суғд аз аввали соли ҷорӣ 290,6 ҳазор ҷуфт кафш барои шаҳрвандон истеҳсол карданд. Дар ин бора дар ҷаласаи навбатии вилоят гузориш доданд. Акс: ИнтернетАкс аз Интернет Ба гузориши расонаҳои давлатӣ, 11-октябри соли 2022 дар вилояти Суғд бо иштироки раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ гузаронида шуд. Дар […]

Корхонаҳои кафшбарорӣ дар вилояти Суғд аз аввали соли ҷорӣ 290,6 ҳазор ҷуфт кафш барои шаҳрвандон истеҳсол карданд. Дар ин бора дар ҷаласаи навбатии вилоят гузориш доданд.

Акс: Интернет
Акс аз Интернет

Ба гузориши расонаҳои давлатӣ, 11-октябри соли 2022 дар вилояти Суғд бо иштироки раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ гузаронида шуд.

Дар ин ҷаласа махсус гузориш дода шуд, ки давоми 9 моҳи соли ҷорӣ “дар вилоят 12 корхонаю коргоҳи нави дӯзандагӣ бо 269 ҷойи нави корӣ ва 3 коргоҳи истеҳсоли пойафзол бо 46 ҷойи корӣ таъсис дода шуданд.”

Гуфта мешавад, корхонаҳои кафшбарории вилоят тавонистанд давоми 9 моҳи соли ҷорӣ наздик ба 300 ҳазор ҷуфт кафш истеҳсол кунанд. Ин омор нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 21,2 дарсад бештар будааст.

Мавзӯъҳои марбут