33.9 C
Dushanbe

Рушди иқтисод. Дар Суғд давоми 9 моҳ 290 ҳазор ҷуфт кафш истеҳсол шуд

Корхонаҳои кафшбарорӣ дар вилояти Суғд аз аввали соли ҷорӣ 290,6 ҳазор ҷуфт кафш барои шаҳрвандон истеҳсол карданд. Дар ин бора дар ҷаласаи навбатии вилоят гузориш доданд.

Акс аз Интернет

Ба гузориши расонаҳои давлатӣ, 11-октябри соли 2022 дар вилояти Суғд бо иштироки раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ гузаронида шуд.

Дар ин ҷаласа махсус гузориш дода шуд, ки давоми 9 моҳи соли ҷорӣ “дар вилоят 12 корхонаю коргоҳи нави дӯзандагӣ бо 269 ҷойи нави корӣ ва 3 коргоҳи истеҳсоли пойафзол бо 46 ҷойи корӣ таъсис дода шуданд.

Гуфта мешавад, корхонаҳои кафшбарории вилоят тавонистанд давоми 9 моҳи соли ҷорӣ наздик ба 300 ҳазор ҷуфт кафш истеҳсол кунанд. Ин омор нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 21,2 дарсад бештар будааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Анҷумани иқтисоди рақамии СҲШ дар шаҳри Тянҷзини Чин

Дар чаҳорчӯби Анҷумани иқтисоди рақамии Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар шаҳри Тянҷзини Чин ҷаласаи пӯшидаи вазирони иқтисодии кишварҳои узви ин созмон баргузор гардид.

Боздошти як омӯзгори забони англисӣ дар Душанбе бо иттиҳоми рафтори ғайриахлоқӣ

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе хабар дод, ки як марди 50-сола бо иттиҳоми рафтори ғайриахлоқи ба як гурӯҳ духтарони ҷавон боздошт шудааст.

Чаро мақомот дар бораи хабари ихроҷи муҳоҷирони афғонистонӣ хомӯшанд?

Масъулини муҳоҷирони афғонистонӣ дар Душанбе хабари ихроҷи шаҳрвандони Афғонистон аз Тоҷикистонро рад карданд.

Боздошти ду тоҷикистонӣ бо гумони ба асорат гирифтани ҳамватани худ

Мақомоти Русия хабар доданд, ки ду шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гумони ба асорат гирифтан ва латтукӯби як ҳамватани худ боздошт шудаанд.