22.9 C
Dushanbe

Дар ҳамлаи мақомот дар Рӯшон дасти кам 2 кушта ва 8 нафар захмӣ шуд

Дар ҳамлаи имрӯзаи мақомоти қудратӣ алайҳи мардум дар маркази ноҳияи Рӯшон дасти кам ду нафар кушта ва 8 каси дигар захмӣ шудааст.

Субҳи имрӯз, 18-уми майи соли 2022 Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон эътирозгарони ноҳияи Рӯшонро ба “терроризм” муттаҳам карда, аз оғози амалиёти низомӣ алайҳи онҳо хабар дод.

Пеш аз ин Умед Ҷайҳонӣ, донишманди шинохтаи кишвар ва яке аз зодагони ВМКБ ба нақл аз манобеи худ хабар дода мегӯяд: “Даргирӣ субҳ соатҳои 7 ба вақти Душанбе сар зада ва то кунун идома дорад. Гуфта мешавад, ки нерӯҳои низомӣ аз чархбол ва минандозҳо мардумро гулӯлаборон мекунанд.”

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳам гуфтааст, ки ин ҳамла “бо мақсади таъмини амнияти шаҳрвандон, тартиботи ҷамъиятӣ ва барқарорсозии ҳаракати бемамониати воситаҳои нақлиёт тавассути шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Кулма дар қисмати роҳи ноҳияи Рӯшон аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар амалиёти зиддитеррористӣ оғоз гардид.”

Мақомоти қудратии Тоҷикистон пас аз он ки ба саркӯби шадиди эътирозгарон дар шаҳри Хоруғ муваффақ нашуданд, субҳи имрӯз дар макази ноҳияи Рӯшон “нерӯҳои интизомӣ хона ба хона гашта ҷавонҳоро боздошт мекунанд ва ба посгоҳи марзбонӣ ё милиса мебаранд.”

Вазорати корҳои дохилӣ ба хотири бузургнамоӣ ва аз ҳад зиёд нишон додани ҳаҷми ҳодисаҳои дирӯз дар ноҳияи Рӯшон эътирозгаронро “ҷинояткорон” гуфта, онҳоро муттаҳам карда, ки “бо дастгирии ташкилоти байналмилалии террористӣ силоҳу лавозимоти ҷангиро  берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ дастрас карда, барои анҷом додани амалҳои террористӣ ва дигар шаклҳои иғвоангезӣ зархаридони хориҷиро ҷалб намуданд.

Аммо манобеи мо мегӯянд, ки асли ин моҷаро он тавре, ки ВКД воҳима кардааст, рух надодааст. Мардуми мулкӣ дирӯз, 17-уми май дар маркази ин ноҳия ҷамъа шуда, ба хотири пешригӣ аз саркӯби шадиди эътирозгарон дар шаҳри Хоруғ, маркази маъмурии ВМКБ пеши роҳи корвони низомиёнро, ки ба хотири саркӯби эътирозҳо аз шаҳри Душанбе ба самти маркази маъмурии вилоят ҳаракат мекард, гирифта буданд. Аммо субҳи имрӯз мақомоти қудратии кишвар тамоми онҳоро “террорист” эълон карда, соати 7-и субҳ алайҳи ин мардуми осоишта дар маркази ноҳияи Рӯшон амалиёти ба гуфтаи ВКД “зиддитеррористӣ”-ро оғоз кардаанд.

Моддаи 29 Қонуни асосии Тоҷикистон мегӯяд:

“Шаҳрванд ҳуқуқ дорад дар маҷлис, гирдиҳамоӣ, намоиш, раҳпаймоии осоишта, ки қонун муқаррар кардааст, ширкат варзад. Ҳеҷ касро ба ин тадбирҳо маҷбуран ҷалб кардан мумкин нест.”

Аммо мақомоти Тоҷикистон ба ҳама гуна ҳамоишҳои эътирозӣ, ки ба нафъи ҳукумат набошанд, иҷозат намедиҳанд.

Бо ин вуҷуд, мавҷи ҷадиди эътирозҳои мардумӣ дар шаҳри Хоруғ, маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пас аз афзоиши боздоштҳои ғайриқонунӣ дар ин вилоят ба рӯзи 14-уми майи соли ҷорӣ шуруъ шуд. Эътирозгарон бо шумули Мамадбоқир Мамадбоқиров, сарҳанги мустаъфӣ ва яке аз раҳбарони мардумӣ барои баргузории гирдиҳамоиҳои худ ба мақомот ариза пешниҳод карда буданд, аммо мақомот ба онҳо иҷозати баргузории онро надоданд.

Эътирозгарон ба хотири баровардасозии талабҳои худ, аз ҷумла талаби истеъфои раиси вилоят ва раиси шаҳри Хоруғ, озодии боздоштшудаҳо ва ғайра хостанд тазоҳуроти худро баргузор кунанд, вале мақомот онҳоро “ҷинояткор”- ва “террорист” хонда, дар посух ба талабҳои онҳо бо тиру тӯп бар сари онҳо шилик карданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ихроҷи 600 муҳоҷири кории тоҷик аз Корея

Дар давоми камтар аз як моҳи ахир мақомоти Кореяи Ҷанубӣ беш аз 600 муҳоҷири кории шаҳрвнадони Тоҷикистонро аз ин кишвар ихроҷ кардаанд.

Сафари Шавкат Мирзиёев ба Душанбе

Раисҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 18-уми апрели соли ҷорӣ бо сафари расмӣ вориди пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе шуд.

Тахриби масҷид дар Маскав

Мақомоти дахлдлори Русия дар шаҳри Троитски вилояти Маскав масҷиди Абӯбакрро пурра тахриб карданд.

Боздошти боз як тоҷик дар Русия

Дар шаҳри Твери Русия як гумонбари дигар дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар "Крокус Сити Ҳолл"-и Красногорск боздошт шуд.