Русия ба Чехия ҷавоби ҳамсон дод, 20 корманди сафораташ бояд Маскавро тарк кунанд

Дар пайи хабари ихроҷи 18 корманди сафорати Русия аз Прага сафири Ҷумҳурии Чехия дар Маскав ба Вазорати корҳои хориҷа эҳзор шуд. Мақомоти Русия эътирози худро нисбати ихроҷи дипломатҳояш иброз дошта ҳушдор дода буд, ки чораҳои ҷавобӣ меандешад.

Шаби 19 апрел мақомоти Русия 20 корманди сафорати Чехияро унсурҳои номатлуб хонд. Вазорати умури хориҷаи Русия гуфт, ин 20 корманди сафорат бояд рӯзи 19 Маскавро тарк кунанд.

Маскав пеш аз ин гуфта буд, ки мақомоти Чехия барои ҷонибдорӣ ва ташдиди таҳримҳои Амрико алайи Русия кормандони сафораташро аз Прага ихроҷ кардааст.

Рӯзи 18 апрел Мақомоти Чехия кормандони сафорати Русия дар Прагаро ба ҷосусӣ мутаҳам намуда 18 дипломатро 48 соат муҳлат дод то Прагаро тарк кунанд. Мақомоти Чехия ин кормандони сафоратро дар таркиши анбори аслиҳае, ки соли 2014 рух дод гунаҳкор меҳисобад.

Аммо Маскав дар гузорише инро рад намуда, гуфт, “ин комилан пуч аст, зеро дар аввали ин ҳодиса давлати Чехия иллати таркишро ширкатҳои соҳиби ин анборҳо эълон карда буд.”

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Роналду ба корномаи 23-солаи худ дар тими миллии Португалия нуқта гузошт

"Агар ягон голи ман боиси шодии шумо шуда бошад, пас ҳама заҳматҳо арзанда буданд". Бо ин суханон Криштиану Роналду 5-уми ноябр аз тими миллии Португалия видоъ кард.

Боздошти гурӯҳе, ки беш аз ним тонна маводи мухаддиро ба хориҷ интиқол дод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти нуҳ нафар бо гумони қочоқи маводи мухаддир хабар дод.

Идомаи боздоштҳо ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия

Пулиси Русия аз ихроҷи 121 шаҳрванди хориҷӣ пас аз рейдҳои густурда дар шаҳри Жуковскии вилояти Маскав хабар дод.

Тоҷикистон барои воридоти 100 ҳазор тонна дизели иловагӣ бо Русия мувофиқа кард

Тоҷикистон бо Русия барои афзоиши квотаи воридоти бебоҷи сӯзишвории дизелӣ дар соли 2026 ба мувофиқа расидааст.