Русия ба Лубнон 5 ҳавопаймо кумаки башардӯстона мефиристад

Акс аз сомонаи “bmpd.livejournal.com”

Вазорати дифои Русия барои рафъи оқибатҳои таркиши дирӯзаи Лубнон 5 ҳавопаймо кумакҳои башардӯстона ба ин кишвари офатзада мефиристад. Дар ин бора хабаргузории “Интерфакс” бо такя ба ин вазорат хабар дод.

Бино ба гузориши вазорати дифои Русия имрӯз 5 август аз ҷониби ин вазорат 5 ҳавопаймо маҳмули кумакҳои башардӯстона барои рафъи осори баҷомондаи таркиши мудҳиши дирӯза, ки дар бандари шаҳри Бейрут рух дод ва боиси хасорати ҷонию молии зиёд гардид, ба ин кишвар фиристоданист. Ҳамчунин ин ниҳод хабар дода, ки як ҳайат аз мутахассисон ва озмоишгоҳҳои сайёр барои санҷиши каронавирус ва василаҳои ҳимоя аз онро озими Бейрут мекунад.

Вазорат афзуд: “5 ҳавопаймои тобеи вазорати дифоъ дар чорчӯби кумакҳои башарӣ, барои рафъи оқибатҳои фоҷеае, ки дирӯз рух дод, ба Бейрут фиристода мешавад. Ин ҳавопаймоҳо дар худ беморхонаҳои сайёр, табибон, ҳайати наҷотбахшон ва инчунин мутахассисону озмоишгоҳи сайёр барои санҷиши вируси коронаро мебаранд”.

Вазорат таъкид доштааст, ки ба ин гурӯҳи наҷотбахши русӣ, ки ба Лубнон фиристода мешаванд, боз дастаҳои дигар бо лавозими хос ва василаҳои ҳимояти шахсӣ ва таҷҳизоти муҳофизатӣ аз вируси COVID-19 илова мегардад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Роналду ба корномаи 23-солаи худ дар тими миллии Португалия нуқта гузошт

"Агар ягон голи ман боиси шодии шумо шуда бошад, пас ҳама заҳматҳо арзанда буданд". Бо ин суханон Криштиану Роналду 5-уми ноябр аз тими миллии Португалия видоъ кард.

Боздошти гурӯҳе, ки беш аз ним тонна маводи мухаддиро ба хориҷ интиқол дод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти нуҳ нафар бо гумони қочоқи маводи мухаддир хабар дод.

Идомаи боздоштҳо ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия

Пулиси Русия аз ихроҷи 121 шаҳрванди хориҷӣ пас аз рейдҳои густурда дар шаҳри Жуковскии вилояти Маскав хабар дод.

Тоҷикистон барои воридоти 100 ҳазор тонна дизели иловагӣ бо Русия мувофиқа кард

Тоҷикистон бо Русия барои афзоиши квотаи воридоти бебоҷи сӯзишвории дизелӣ дар соли 2026 ба мувофиқа расидааст.