Бино ба иттилои сомонаи маълумоти ҳуқуқии Русия, Михаил Мишустин сарвазири Русия қарори ҷудо гардидани 30 миллион доллларро имзо намуда ба Вазорати умури хориҷаи Русия дастур додааст, ки Ҳукумати Тоҷикистонро дар ин бора хабардор кунад.
Акс: Интернет
Ҳамчунин гуфта мешавад, ки Вазорати молия бо “Бунёди устуворшавӣ ва рушди АвруОсиё” тартиби гузаронидани маблағ, инчунин пардохти ин маблағ аз буҷаи давлати Русияро таъмин мекунанад.
Дар назар аст, аз ин маблағ қисми аввали он дар ҳаҷми 3 миллион доллар бояд то охири ҳамин сол тақдим гардад. Қисми дуввуми он дар ҳаҷми 27 миллион доллар дар соли 2021 ҷудо карда мешавад.