32.9 C
Dushanbe

Русия дар Тоҷикистон бо 30 млн доллар мактабҳои русӣ месозад

Русия барои таъмир ва сохтмонҳои мактабҳои русӣ дар Тоҷикистон 30 милиион доллар ҷудо кардааст. Ин маблағҳо барои сохтмону таъминоти молиявӣ ва техникии муассисаҳои таълимӣ, ки таҳсилот дар онҳо ба забони русӣ роҳандозӣ шудааст, равона мегардад.

Бино ба иттилои сомонаи маълумоти ҳуқуқии Русия, Михаил Мишустин сарвазири Русия қарори ҷудо гардидани 30 миллион доллларро имзо намуда ба Вазорати умури хориҷаи Русия дастур додааст, ки Ҳукумати Тоҷикистонро дар ин бора хабардор кунад.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки Вазорати молия бо “Бунёди устуворшавӣ ва рушди АвруОсиё” тартиби гузаронидани маблағ, инчунин пардохти ин маблағ аз буҷаи давлати Русияро таъмин мекунанад.

Дар назар аст, аз ин маблағ қисми аввали он дар ҳаҷми 3 миллион доллар бояд то охири ҳамин сол тақдим гардад. Қисми дуввуми он дар ҳаҷми 27 миллион доллар дар соли 2021 ҷудо карда мешавад.

Дар қарор ҳамчунин зикр гардидааст, ки ин маблағҳо ба мактабҳо дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода дода мешаванд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Санги қабри Мамадбоқировро канданд

Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон санги рӯи қабри...

Киев ва Маскав ҳар ду мавриди ҳамла қарор гирифтанд

Тайи се рӯзи ахир Русия ҳамлаҳои худ алайҳи Украинаро афзоиш додааст, вале Маскав ҳам субҳи имрӯз мавриди ҳамла қарор гирифт.

Бонки миллӣ мизони таваррум дар кишварро эълон кард

Тибқи нишондодҳои расмӣ, дар 4 моҳи аввали соли ҷорӣ Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар кишвар 8 дарсад рушд карда, сатҳи таваррум 2,3 дарсадро ташкил додааст.

Кӣ дурӯғ мегӯяд, донишҷӯён ё Вазорат?

Донишҷӯён аз “облава” неву аз “нодуруст ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ”-и Комиссариати ҳарбии ноҳияи Варзоб гурехтаанд.