35.9 C
Dushanbe

Русия: ғайб задани Эмомалӣ Холов аз боздоштгоҳ

Адвокат ва пайвандони Эмомалӣ Холов, ҳамкори пешини Иззат Амон, ки  бо дархости мақомоти Тоҷикистон дар Русия боздошт шуда буд, ӯро дар боздоштгоҳ пайдо накарданд.

Имрӯз, 1-уми июли соли 2022, яке аз наздикони Эмомалӣ Холов бо шарти фош нашудани номаш ба Аздо тв гуфт, дирӯз 30-юми июн адвокати Холов барои дидорбинӣ бо ӯ ба боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Курск рафта буд, вале Эмомалиро онҷо пайдо накардааст.

Кормандони боздоштгоҳ ба адвокати Эмомалӣ гуфтанд, ки мунтазир бошад, то зерҳимояашро барои мулоқот омода карда, ба наздаш биоранд. Аммо пас аз 4 соати интизорӣ яке аз кормандони боздоштгоҳ дубора танҳо ба назди адвокат баргашта гуфтааст, ки Эмомалӣ дар ин ҷо ҳузур надорад, ӯро аз боздоштгоҳ ҷавоб додаанд.

Сипас адвокат ва пайвандони ӯ ба ҷустуҷӯи оғоз карда, баъд аз талошҳои зиёд наздиконаш муайян кардаанд, ки Эмомалӣ Холовро аз Курск ба Маскав интиқол доданд, то ӯро ба Душанбе истирдод кунанд.

Эмомалӣ Холов, ҳамкори пешини Иззат Амон бо дархости мақомоти Тоҷикистон рӯзи 26-уми майи соли ҷорӣ дар истгоҳи мусофирбарҳо дар Горшеченскийи вилояти Курски Русия аз ҷониби кормандони пулис дастгир шуда буд.

Эмомалӣ Холовро шуъбаи корҳои дохилӣ дар ноҳияи Данғара аз моҳи марти соли 2021 ба гумони “тундгароӣ” дар ҷустуҷӯ қарор дода буд, вале пайвандон ва наздиконаш ин иттиҳомоти мақомотро рад мекунанд.

Гуфта мешавад, бо гузашти беш аз як шабонарӯз аз замони ғайб задани Эмомалӣ Холов, то ҳол маълум нест, ки ӯ дар чӣ ҳолат қарор дорад ва оё ба Тоҷикистон истирдод шудааст ё не? Аммо наздикону пайвандонаш бо нигаронӣ мегӯянд, дар сурати истирдоди ӯ ба Душанбе, Эмомалиро шиканҷа ва ҳукми тӯлонии зиндон таҳдид мекунад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Коҳиши 80%-и кишти кукнор дар Афғонистон

Толибон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хоста, ки барои кишоварзоне, ки...

ВКХ: Пайвастани Тоҷикистон ба ИИАО баррасӣ нашуд

Ҳукумати Тоҷикистон ҳоло масъалаи пайвастани кишварро ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё баррасӣ надорад.

Русия: Тоҷикистон набояд ба Ғарб наздик шавад

Сергей Лавров зимни боздидаш аз Душанбе дар суханрониҳояш ба мақомоти тоҷик тазаккур дод, ки Русия намехоҳад ҳамкориҳои Тоҷикистону Ғарб бештар шаванд.

Суқути қурби рубли русӣ дар Тоҷикистон

Баъд аз сафари вазири корҳои хориҷии Русия ба шаҳри Душанбе ва музокироти сатҳи олии раҳбарони Тоҷикистон ва Русия қурби рубли русӣ дар баробари пули миллӣ-сомонӣ поён расфт.