Русия Созишномаи “таъмини нафақа ба муҳоҷирони меҳнатӣ”-ро бекор мекунад

Думаи давлатии Русия Созишнома дар бораи таъмини ҳуқуқи бознишастагӣ барои шаҳрвандони кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ)-ро аз эътибор соқит мекунад.

Акс аз: “depositphotos”

Гуфта мешавад, Русия қасд дорад соли 2023 аз Созишнома дар мавриди кафолати ҳуқуқи шаҳрвандони кишварҳои узви ИДМ дар бораи нафақа хориҷ шавад.

Дар тавзеҳи қарори Думаи давлатӣ гуфта мешавад, ки “дигар ин созишнмоа ба идеология ва принсипҳои бунёдии низоми нафақаи кишварҳои узви ИДМ мувофиқат намекунанд“. Ва Русия мехоҳад бо ин қарор маблағҳои буҷетии Хазинаи нафақаи кишварро сарфа кунад.

Созишномаи мазкур байни кишварҳои Русия, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова ва Украина ба имзо расида буд.

Тибқи ин созишнома шаҳрвандони кишварҳои зикршуда новобаста аз шаҳрвандии кадоми ин кишварҳоро доштан, метавонистанд дар ҷои истиқомати доимӣ ва муддати кори кардаашон аз ҳуқуқи бознишастагӣ баҳравар шаванд.

Ёдовар мешавем, ки “Созишномаи кафолати ҳуқуқи шаҳрвандони кишварҳои ИДМ дар бораи дарёфти ҳуқуқи бознишастагӣ” аз соли 1992 байни кишварҳои ИДМ ба имзо расида буд.

Ба қавли коршиносон, ҷанг дар Украина сабаб шуда, ки Русия ҳазинаи ҳангуфте бипардозад ва инчунин таҳримҳои рӯзафзуни Ғарб ӯро водор сохта, то аз баъзе созишномаҳои молӣ хориҷ шавад ва кумакҳояшро низ кам кунад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Навори баҳси сокини маҳаллӣ бо ду муҳоҷири тоҷик дар Аврупо дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳс барангехт

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шудааст, ки гуфта мешавад...

Интиқоли 200 зани маҳкумшудаи тоҷик аз Русия ҳанӯз оғоз нашудааст

Раванди интиқоли 200 зани маҳкумшудаи тоҷик аз зиндонҳои Русия...

Муовини раисҷумҳури ИМА Исроилро ба талоши тӯлонӣ кардани ҷанг бо Эрон муттаҳам кард

Муовини раисҷумҳури ИМА Ҷей Дӣ Вэнс изҳор дошт, ки...

Додгоҳи Австрия дархости истирдоди Шавкати Муҳаммадро баррасӣ мекунад

Додгоҳи ҷиноии шаҳри Вена қарор аст рӯзи 5 август...