Маскав қасд дорад ба фарқ аз давлатҳои ғарбӣ яке аз нахустин кишварҳое бошад, ки ҳукумати Толибон дар Афғонистонро ба расмият бишносад. Акс: Интернет Бино ба иттилои расонаҳои Афғонистон, Замир Кобулов, намояндаи вижаи Русия дар умури Афғонистон дар бораи вуруди ҳайати Толибон барои ширкат дар нишасти иқтисодии Санкт-Петербург ба ин кишвар хабар додааст. Замир Кобулов гуфтааст, […]
AZDA.TV· Ба дигарон фирист
Маскав қасд дорад ба фарқ аз давлатҳои ғарбӣ яке аз нахустин кишварҳое бошад, ки ҳукумати Толибон дар Афғонистонро ба расмият бишносад.
Акс: Интернет
Бино ба иттилои расонаҳои Афғонистон, Замир Кобулов, намояндаи вижаи Русия дар умури Афғонистон дар бораи вуруди ҳайати Толибон барои ширкат дар нишасти иқтисодии Санкт-Петербург ба ин кишвар хабар додааст.
Замир Кобулов гуфтааст, ки эҳтимол меравад Русия ҳукумати муваққати Толибонро ба расмияти бишносад ва “Маскав дар ин мавзуъ дунболарави тасмими Ғарб ва дигар кишварҳо нахоҳад буд.”
Инчунин Кобулов таъкид кардааст, ки ҳайати Толибон барои хариди маҳсулоти ин кишвар озими Русия шудаанд ва Влдимир Путин ҳам дастур додааст, ки ғалладонагиҳои содиротӣ барои Афғонистонро захира кунанд.
Гуфта мешавад, Русия ва тамоми ҳамсояҳои Афғонистон ба истиснои Тоҷикистон дипломатҳои Толибонро барои кор дар пойтахтҳои худ қабул кадаанд, аммо бо гузашти беш аз 10 моҳ аз замони дубора ба сари қудрат омадани Толибон то кунун ҳеч кишваре ҳукумати муваққати онҳоро ба расмият нашинохтааст.
The technical storage or access is necessary for the legitimate purpose of storing preferences that are not requested by the subscriber or user.
Омор
Захира ё дастрасии техникӣ барои мақсади қонунии фаъол кардани хидмати мушаххас, ки корбар ошкоро дархост кардааст, ё танҳо барои интиқоли иттилоот тавассути шабакаи иртиботи электронӣ ҳатмист.The technical storage or access that is used exclusively for anonymous statistical purposes. Without a subpoena, voluntary compliance on the part of your Internet Service Provider, or additional records from a third party, information stored or retrieved for this purpose alone cannot usually be used to identify you.