Хабар ИҚТИСОД ТОҶИКИСТОН

Русия дар Тоҷикистон нерӯгоҳи атомӣ месозад?

Тоҷикистон бо ширкати давлатии ҳастаии Русия “Росатом” масъалаи сохтмони нерӯгоҳи хурди атомӣ дар кишварро ба миён гузоштааст.

Русия дар Тоҷикистон нерӯгоҳи атомӣ месозад? Акс аз интернет

Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо намояндаи ширкати давлатии ҳастаии Русия “Росатом” масъалаи эҳтимоли сохтмони нерӯгоҳи хурди атомӣ дар кишварро баррасӣ кардааст. Дар ин бора Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои вазорат, Далер Ҷумъа рӯзи 26-уми ноябри соли ҷорӣ дар Душанбе бо Дмитрий Константинов, муовини директори генералии намояндагии “Росатом” дар Осиёи Марказӣ, мулоқот кардааст.

Дар ҷараёни дидор ҷонибҳо масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи энергетика, аз ҷумла омӯзиши имкони сохтмони нерӯгоҳҳои хурди атомӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ кардаанд.

Ҳамчунин, зарурати омӯзиши ҳамаҷонибаи имкониятҳои техникӣ, иқтисодӣ ва экологии чунин тарҳҳо, таъмини бехатарӣ ва омода кардани мутахассисони соҳавӣ мавриди гуфтугӯ қарор гирифтааст.

Вазорат мегӯяд, ки ҷонибҳо барои идомаи муколама ва баррасии имкониятҳои густариши ҳамкориҳо изҳори омодагӣ кардаанд. Аммо дар хабар дар бораи макони эҳтимолии сохтмон, иқтидори нерӯгоҳҳо, маблағи сармоягузорӣ ё муҳлати иҷрои тарҳ маълумоте пешниҳод нашудааст. Ҳамчунин, то ҳол аз қабули қарори ниҳоӣ дар бораи сохтмони чунин нерӯгоҳҳо хабар дода нашудааст.

Тоҷикистон яке аз кишварҳои дорои захираҳои бузурги нерӯи обӣ мебошад, аммо вобастагии зиёд аз нерӯгоҳҳои барқи обӣ таъмини барқро дар фасли зимистон осебпазир мекунад. Ба арзёбии Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд, дар соли 2023 нерӯи обӣ 94 дарсади ҳаҷми умумии истеҳсоли нерӯи барқро дар кишвар ташкил додааст. Кам шудани маҷрои дарёҳо дар фасли сармо боиси коҳиши тавлиди барқ шуда, Тоҷикистон дар зимистон маҷбур мешавад аз кишварҳои ҳамсоя низ нерӯи барқ ворид кунад.

Моҳи марти соли 2025 роҳбари “Росатом” Алексей Лихачёв гуфта буд, ки Тоҷикистон пешниҳоди Русияро дар бораи сохтмони нерӯгоҳи барқи атомии иқтидораш 40–50 мегаватт меомӯзад. Ба гуфтаи ӯ, он вақт ин масъала дар марҳилаи аввали музокирот қарор дошт.

Баррасии навбатии ин мавзуъ баёнгари он аст, ки ҳамкории Тоҷикистон бо “Росатом” дар бахши истифодаи осоиштаи энергияи атомӣ идома дорад. Аммо ҳанӯз маълум нест, ки оё ин гуфтугӯҳо ба таҳияи тарҳи мушаххаси сохтмонӣ мерасанд ё на.

Мавзӯъҳои марбут