33.9 C
Dushanbe

Русия мехоҳад имконоти низомии худ дар Тоҷикистону Қирғизистонро тақвият диҳад

Русия мехоҳад имконоти ҳарбӣ ва дифоии худ дар пойгоҳҳои низомиаш, ки дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷойгир шудаанд, беш аз пеш тақвият бахшад.

Бино ба иттилои расонаҳо, имрӯз, 27-уми апрели соли 2023, Сергей Шойгу, вазири дифои Русия дар нишасти вазирони дифои кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой дар Ҳиндустон гуфтааст, ки Маскав омодагиҳои ҷангии худро дар кишварҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон афзоиш медиҳад.

Вазири дифои Русия бо муқассир хондани кишварҳои ғарбӣ дар бозсозии Афғонистон гуфтааст, ки муддати 20 сол дар ин кишвар ҷанг карданд, таъкид карда, ки Кремлин дархостҳои он (Иёлоти Муттаҳидаи Амрико)-ро барои боз гардондани ҳузури низомӣ дар минтақа назорат мекунад. Ҷойгир кардани пойгоҳҳои ҳарбӣ (-и ИМА ва дигар кишвраҳои ғарбӣ) ҳамчун таҳдиди мустақим ба субот дар минтақаи Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой дониста мешаванд.

Гуфта мешавад, нишасти вазирони дифои кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой (СҲШ) дар Ҳиндустон субҳи имрӯз ба кори худ оғоз кардааст. СҲШ “созмонест байниҳукуматии доимамалкунандаи чандҷониба дар соҳаҳои иқтисод, амният ва фарҳанг, ки бар асоси оинномавии Созмон, ки 7 июни соли 2002 қабулшуда фаъолият мекунад. Забонҳои расмӣ ва кории СҲШ русӣ ва хитоӣ ба ҳисоб мераванд.”

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Анҷумани иқтисоди рақамии СҲШ дар шаҳри Тянҷзини Чин

Дар чаҳорчӯби Анҷумани иқтисоди рақамии Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар шаҳри Тянҷзини Чин ҷаласаи пӯшидаи вазирони иқтисодии кишварҳои узви ин созмон баргузор гардид.

Боздошти як омӯзгори забони англисӣ дар Душанбе бо иттиҳоми рафтори ғайриахлоқӣ

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе хабар дод, ки як марди 50-сола бо иттиҳоми рафтори ғайриахлоқи ба як гурӯҳ духтарони ҷавон боздошт шудааст.

Чаро мақомот дар бораи хабари ихроҷи муҳоҷирони афғонистонӣ хомӯшанд?

Масъулини муҳоҷирони афғонистонӣ дар Душанбе хабари ихроҷи шаҳрвандони Афғонистон аз Тоҷикистонро рад карданд.

Боздошти ду тоҷикистонӣ бо гумони ба асорат гирифтани ҳамватани худ

Мақомоти Русия хабар доданд, ки ду шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гумони ба асорат гирифтан ва латтукӯби як ҳамватани худ боздошт шудаанд.