Русия сомонаи “Паём.net”-ро дар қаламрави худ баст

Мақомоти Русия дастрасӣ ба сомонаи маъруфи мухолифони ҳукумати Тоҷикистон “Паём.net”-ро дар қаламрави ин кишвар масдуд кард.

Радиои Озодӣ дар истинод ба “Роскомсвобода”, ниҳоде, ки бахши алоқаи Русияро назорат мекунад, навишт, ки ин ниҳод сомонаи “Паём.net”, марбут ба мухолифини тоҷик ва “24.kg”-и Қирғизистонро ба далели нашри матолиб дар мавриди ҷанги Украина бастааст.

Гуфта мешавад, мақомоти Русия ду матлаби “Паём.net”-ро, ки дар мавриди ҷанги Украина навишта шудаанд, ҳамчун далели баста шудани ин сомона дар қаламрави ин кишвар қарор додаанд.

Ба қавли “Роскомнадзор”, яке аз ин матлабҳо дар мавриди басиҷ ё “мобилизатсия”-и зиндониён ба ҷанг дар Украина ва матлаби дигарӣ суханронии Муҳиддин Кабирӣ, раиси Паймони миллии Тоҷикистон дар робита ба ҷонибдорӣ аз Украина дар ин ҷанг будааст.

Мувофиқи иттилои манбаъ, мақомоти Русия қарори бастани сомонаи мухолифини тоҷик, “Паём.net”-ро моҳи ноябри соли 2022 қабул карда будаанд.

“Ин хабарҳо дар бораи ҷанги Украина буданд ва дар бораи тирпаронии нерӯҳои Русия, талафоти ғайринизомиён, таҳримҳо алайҳи Маскав ва мобилизатсия нақл мекарданд. Қарор дар бораи бастани ин саҳифаҳо моҳи ноябри соли 2022 қабул шуда, он танҳо 12-уми сентябри имсол иҷро шуд.”, омадааст дар иттилоияи “Роскомсвобода”.

Ин бори аввал нест, ки мақомоти Русия сомонаҳои хабарӣ ва ё саҳифаҳои иҷтимоии касонеро, ки дар мавриди ҷанги Украина менависанду асрори мақомоти низомии рус ва фасодро дар ин кишвар фош мекунанд, мебанданд.

Русия пас аз ҳамлаи бедалали худ ба хоки Украина дар баробари тамоми кишварҳои дунё, ба ҷуз чанд кишвари зери султааш қарор гирифт. Таҳримҳои шадиде аз ҷониби кишварҳои Аврупо ва Амрико болои он ҷорӣ гашт, ки ба иқтисоди ин кишвар таъсири худро расондааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Хадамоти муҳоҷират аз ҷамъоварии пул барои кумакҳо ҳушдор дод

Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, бархе афрод ва бунёдҳои қалбакӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо нашри аксу наворҳои сохта аз мардум пул ҷамъ мекунанд.

Демократҳо дар интихоботи миёндавраии ИМА пешсаф шуданд

Ҳизби демократи Амрико бо пирӯзии аксарият бар ҷумҳурихоҳони ин кишвар дар ҳарду палатаи Конгресс ғолиб омаданд.

Вазорати мудофиа: Беш аз 97 дарсади нақшаи даъвати тирамоҳӣ иҷро шуд

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон рӯзи 2-юми ноябр хабар дод, ки дар моҳи аввали даъвати тирамоҳӣ беш аз 97 дарсади нақшаи даъвати сарбозон ба артиш иҷро шудааст.

Тоҷикистон 100 миллион доллар аз САСР қарз гирифт

Тоҷикистон бахши аввали қарзи 200-миллиондолларии Сандуқи авруосиёии суботу рушд (САСР)-ро дарёфт кард.