26.9 C
Dushanbe

Русия: Украина аз Тоҷикистон муздурони ҷангӣ ҷалб мекунад

Мақомоти Русия Украинаро ба он муттаҳам мекунанд, ки аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон муздурони ҷангиро барои ширкат дар ҷанг бар зидди Русия ҷалб мекунад.

Дар ин бора Дабири Шӯрои амнияти Русия Николай Патрушев зимни 19-умин нишасти солонаи дабирони шӯроҳои амниятии кишварҳои Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар Остона гуфт.

Патрушев дар ин кор сафорати Украина дар Душанберо муттаҳам кард, аммо ҷузиёти бештаре дар хусуси он пешниҳод накард. Инчуни то ин лаҳза вокуниши сафорати Украина дар Тоҷикистон ба гуфтаҳои Патрушев дар дастрас нест.

Ба гуфтаи коршиносон, ин иттиҳом нисбати Украина дарҳоле аз забони як мақоми баландпояи Русия садо медиҳад, ки кишвараш барои ҷазби муҳоҷирони корӣ ва хориҷиён барои пайвастан ба артиши Русия ваъдаи додани шаҳрвандӣ ва кумакҳои нақдӣ мекунад ва то имрӯз даҳҳо зодаи Тоҷикистон дар ҷанги Русия ҷонашонро аз даст додаанд.

Бар асоси Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, ҷалб кардан, омӯзишҳои ҷангӣ додан, маблағгузории зархаридон ва ҳамчунин ширкати онҳо дар амалиёти ҷангӣ дар хориҷ аз кишвар аз панҷ то 12 соли зиндон таҳдид мекунад. Барои иштироки муздурон дар даргириҳои мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ аз 12 то 20 соли зиндон пешбинӣ шудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳунари аз “фил пашша сохтан” дар 33 соли истиқлоли Тоҷикистон

Тоҷикистон истиқлоли худро аз Иттиҳоди Шӯравӣ 9-уми сентябри соли 1991 ба даст овард. Инак аз ин рӯзи торихӣ 33 сол мегузарад.

Сафари Рамазон Раҳимзода ба Чин

Бино ба иттилои расонаҳо, Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ба Чин сафар кардааст.

Ҳамалаи паҳподҳо ба Русия ва қатъи фаъолияти фурӯдгоҳҳои Москав

Шаби гузашта дар манотиқи мухталифи Русия ҳамлаи густардаи паҳподҳои...

Эмомалӣ Раҳон нонвойхонаеро дар Хуҷанд ифтитоҳ кард

Эмомалӣ Раҳмонов, раисҷумуҳури Тоҷикистон ду руз шуд, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба ифтитоҳи мағозаву ҳавз ва обкашу дигар иншооти хурду калон машғул аст.