Вазирони корҳои хориҷии Русия ва Чин дар рафти мулоқоти худ дар Пекин ба густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба таъкид карданд.
13-уми июли соли 2025, Сергей Лавров бо ҳамтони чинии худ Ван И дар пойтахти Чин ба гуфтугӯ нишаста, вазъи ҷанг дар Украинаро баррасӣ карданд. Маскав ва Пекин бар ин боварнд, ки эҳтимол дорад ин низоъро бо роҳҳои дипломатӣ ва сиёсӣ низ ҳаллу фасл намоянд.
Ин мулоқот, ки дар осотонаи нишасти навбатии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай баргузор шуд, ҷонибҳо аҳамияти ҳамкорӣ дар дигар созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла СММ, Гурӯҳи 20, APEC ва созмонҳои минтақавӣ чун БРИКС ва СҲШ-ро низ таъкид намуданд.
Ҳамзамон Лавров ва Ван И бар зарурати идомаи ҳамкориҳои наздик ва стратегӣ байни Русия ва Чин таъкид намуда, дар робита ба муносибатҳои худ бо Иёлоти Муттаҳида ва дар маҷмӯъ бо Ғарб низ бо ҳамтои худ аз Чин гуфтугӯ кардааст.
Вазорати корҳои хориҷии Русия ҳам дар хусуси ин нишаст гуфтааст, ки мулоқоти мазкур нишонаи идомаи муносибатҳои наздики стратегӣ байни ду қудрати бузурги минтақа ва ҷаҳонӣ мебошад.
Гуфтанист, чанде пеш, вазирони корҳои хориҷии Амрико ва Чин барои нахустин бор пас аз рӯи кор омадани Доналд Трамп рӯ ба рӯ бо ҳам мулоқот карданд. Онҳо ин дидорро “созанда ва мусбат” арзёбӣ карда буданд.
Дар ҳамин ҳол, дабири кулли НАТО, Марк Рютте, изҳор дошт, ки ҷанги сеюми ҷаҳонӣ метавонад дар пайи ҳамлаи ҳамзамонии Чин ба Тайван ва Русия ба қаламрави НАТО оғоз шавад. Ба гуфтаи ӯ, НАТО бояд қудрати дифоъии худро барои муқобила бо таҳдидҳои эҳтимолии ин ду кишвар тақвият бахшад.
Иёлоти Муттаҳида Чинро ҳамчун рақиби аслии худ ва Русияро хатарноктарин таҳдид ба амнияти миллиаш мешиносад. Дар ҳамин ҳол, танишҳо миёни Вашингтон ва Маскав бар сари масъалаи ҷанги Русия дар Украина боло гирифтааст.